Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли об ба даҳҳо маҳаллаи Душанбе қатъ мешавад


Шаҳдории Душанбе эълон кард, ки дар даҳҳо кӯчаву муассисаҳои пойтахти Тоҷикистон интиқоли оби нӯшокиро барои як соатӣ қатъ мекунад ва сокинон бояд омода бошанд.

Дар қарори Рустами Эмомалӣ аз рӯзи 21-уми сентябр омадааст, ки ҳадаф аз қатъи интиқоли об аз аз обанборҳои «Фишорӣ», «Кофарниҳон», «Худҷореъ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», анҷом додани таъмиру омода кардани онҳо ба зимистони имсол аст.

Бар асоси дастури раиси шаҳр, дар ноҳияи Сино интиқоли обро аз рӯзи 3 октябри соли 2018 то соати 24-00 рӯзи 4 октябри соли 2018 қатъ мекунанд ва дар ин муддат, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков (Қарияи боло) «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон беоб мемонанд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷумла хиёбони марказии шаҳр “Рӯдакӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон” об нахоҳанд дошт.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ интиқоли обро соати 23-00 рӯзи 10 октябр то соати 24-00 рӯзи 11 октябр қатъ мекунанд ва маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин” беоб мемонанд.

Дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб ҳам як рӯз об нахоҳанд дошт.

Ба сабаби таъмиру тафтиши истгоҳи тақсими оби «Худҷореъ», дар рӯзи 17-уми октябр даҳҳо хиёбону муассиса бояд як соати беобиро пушти сар кунанд ва аз соати 23-00 шаб то соати 24-00 рӯзи 18 октябр.

Руйхаташон инҷост:

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

Идораи обу корези Душанбе бояд мардумро бо об таъмин кунанд.
Идораи обу корези Душанбе бояд мардумро бо об таъмин кунанд.

- ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

- ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

- ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе.

Тафтишу тармими истгоҳи тақсими оби “Ҷанубӣ Ғарбӣ” аз соати 23:00 рӯзи 31 октябр то соати 24:00 рӯзи 1 ноябри идома мекунад ва дар ин муддат кӯчаҳои зер беоб мемонанд.

Ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;

- ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев ва Ханжин.

Ҳукумати Душанбе аз сокинони ин маҳаллаҳо хостааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ба мақомоти марбута дастур додаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои тармиму тафтиш бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

XS
SM
MD
LG