Мақомоти Тоҷикистон расман эълон карданд, ки чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғунро 16-уми ноябри имсол, дар рӯзи президент, ба кор хоҳанд даровард. Дар саҳифаи аввали вебсайти расмии нирӯгоҳи Роғун низ соати маҷозие ба кор даромадааст, ки чанд рӯзу чанд соат ва чанд дақиқаву сония боқӣ мондан то фаъолшавии нирӯгоҳро мешуморад. Бино ба ин соат, то ифтитоҳи чархаи аввали Роғун 69 рӯзи дигар мондааст.
Дар нирӯгоҳи барқии обии Роғун рӯзи 8-уми сентябр гуфтанд, ки охирин омодагиҳо барои фаъол кардани чархаи аввали нирӯгоҳ идома дорад ва то рӯзи ваъдагӣ онро анҷом хоҳанд дод.
Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад. Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.
Қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Вале фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер напоид ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон имсол ба миқдори 500 миллион доллар евробонд фурӯхт ва қарор аст дар умум барои бунёди Роғун 4 миллиард доллар сармоя ҷалб кунад.
Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.