Низомиддин, сокини маҳаллаи Сомониён, мегӯяд, бо он вуҷуд ки қирғизҳо пагоҳ ид доранд, ин субҳ ҳамсояҳои тоҷики худро муборакбод кардаанд: «Имоми масҷиди қирғизҳо ҳамсояи девор ба девори ман аст. Бо мо муносибати хеле хуб доранд, Фарзандҳоямону занҳоямон рафтуову додугирифт доранд. Ягон маърака, масалан, рӯзакушо шавад, якдигарро даъват мекунем. Ҳамон ҳаққу ҳамсоягарие, ки дар ҳама ҷо ҳаст. Мо дар бари қирғизҳо зиндагӣ мекунем, аммо ин қадар гапу калоча гузашту то ба ҳол ягон милиса ё низомӣ ба маҳалли мо омада наистодааст.»
Сомониён ва Кӯктош, ду маҳалле ҳастанд, ки аз ду ҷониби роҳи Исфара – Чоркӯҳ ҷойгиранд. Дар маҳаллаи Сомониён, маъруф ба «Майский» - и ҷамоати Чоркӯҳи Исфара 40 хонаводаи тоҷик ба сар мебарад. Беш аз 100 оилаи қирғиз дар Кӯктош, канори рости роҳи Исфара - Чоркӯҳ зиндагӣ мекунанд. Мардуми ду қавм талош мекунанд, муносибати хуби ҳамсоягиро ҳифз намоянд, аммо ин кор рӯз то рӯз душвортар мешавад.
Марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз солҳои Шӯравӣ ба ин сӯ чанд муноқишаву даргириро паси сар кардааст. Баҳсу низоъ асосан бар сари обу замину чарогоҳ ва роҳу пулҳост, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос монда аз ҷониби коршиносони масоили водии Фарғона “низоъи хуфта” унвон шудааст. Ҳазорҳо километри марзи ду кишвар ҳоло аломатгузорӣ нашудааст ва ҳарду тараф ҳаққи худро ба порчаҳои баҳсбарангез таъкид мекунанд. Ин баҳсҳо гоҳо бо ҷангҳои лафзӣ тамом мешаванд вале гоҳи дигар белу каланд ва ҳатто силоҳи оташфишон ба кор медароянд. Тайи як соли ахир муноқишаҳо дар навоҳии маразии ду дафъа авҷ гирифт ва моҳи декабри соли 2013 дар пайи як даргирии мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Ба дунболи ин Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро барои 3 моҳ баст, сафирашро аз Душанбе фаро хонд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз музокироти тӯлонӣ, ки дар Бишкеку Душанбе ҷараён доштанд, ин марҳала паси сар шуд. Тарафҳо аз ҷумла созиш карданд, ки нерӯҳои амниятии ду кишвар марзро муштарак назорат кунанд. Бо ин вуҷуд, 10 июл бар асари як тирпарронӣ дар марз аз деҳаи Ворухи Исфара як нафар кушта, 7 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳукуматҳо ба минтақаҳои марзӣ ҷузву томҳои иловагиро ворид намуданд.
Аммо ҳоло бино ба иттилои Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи ахир ин ниҳод ва вазорати корҳои дохилӣ ҷузъу томи иловагии худро аз марз берун карданд. Ин созиш дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сарвари Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раиси Кумитаи марзбонии Қирғизистон рӯзи 25 июл ҳосил шудааст.
Ҷумъабой Сангинов, муовини якуми раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз Ворух баргаштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тавофуқ дар пайи мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ба даст омад: «Дар баъзе ҷойҳо гурӯҳҳои сарҳадӣ гаштугузор мекарданд ва ҳоло мувофиқа карданд, ки онҳо аз роҳҳо бардошта шаванд. Ҳоло озод аст ва низомиёни сарҳадӣ нестанд. Ҳоло фақат низомиёне, ки тибқи воҳидҳои кории дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳаст, дигар нафар нест.»
Дар суҳбат бо «Озодӣ» раисони ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ бо истиқбол аз тасмими фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ин ҳол заминаи гуфтугӯҳои осоишта дар сатҳҳои болоиву поёниро фароҳам мекунад. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух гуфт: «Рафтуомади мардум барқарор шуда истодааст. Бо якдигар робита дорем. Ҳоҷати ворид кардани ҳеҷ гуна нерӯи низомӣ нест. Худи мардуми оддӣ хоҳони оромӣ аст ва забони якдигарро меёбанд.»
Ба гуфтаи Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳоло ҳар баҳсе, ки бо ҳамсояҳои қирғиз пеш меояд, тариқи гуфтушунид дар сатҳи роҳбарони хоҷагиҳо ҳалли худро меёбад ва мавҷудияти нерӯҳои низомӣ ҳам мардуми он тараф ва ҳам ин тарафро ноором мекард: «Мардуми он тараф ҳам фаҳмиданд, ки ба зиндагии онҳо халал мерасонанд. Аз ин хотир, онҳоеро, ки муросоро қабул надоштанд, сарзаниш карданд. Дирӯз боз баҳси об буд. Ҳайати қишлоқи мо рафт, бо онҳо гуфтугӯ кард ва масъала ҳал шуд.»
Тоҷикистону Қирғизистон пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ 504 километр аз 976 километр марзи муштаракашонро аломатгузорӣ кардаанд. Ин қисмати марз аз соли 2006 ба ин сӯ баҳс мешавад. Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунанд