Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии мардуми Ворух аз барномаҳои роҳсозии Қирғизистон


Рустои марзии Оқсой. Акс аз бойгонӣ
Рустои марзии Оқсой. Акс аз бойгонӣ

Сокинони рустоҳои марзии Исфара аз он нигаронӣ мекунанд, ки бидуни мувофиқа сохта шуданди роҳи Кӯктош - Тамдиқ ҷамоати Ворухро, ки даро длохили Қирғизистон мондааст, дар инзивои боз ҳам бештар қарор хоҳад дод.

Ба созиш нарасидани Тоҷикистону Қирғизистон сари бунёди роҳи мустақили Ворух - Исфара, ки сокинони ин мавзеи наздимарзӣ тавонанд тавассути он бемамониат ба шаҳри Исфара равуо кунанд, мардуми ин минтақаро ба ташвиш овардааст.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 10 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ташвиши мо аз он ки Қирғизистон ба бунёди чунин роҳ, ки мо бо он тавонем беташвиш ба Исфара рафтуомад кунем, иҷозат намедиҳад. Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марзӣ ба ҷониби Қирғизистон 4 варианти сохтани чунин роҳро дар мавзеъҳои баҳснок пешниҳод кардагааст, вале мутаассифона, то кунун аз ҷониби қирғизҳо ҳеҷ кадоме пазируфта нашудааст.”

Дар ҳоли ҳозир роҳи Ворух - Исфара, ки сокинони наздимарзии тоҷику қирғиз дар ин минтақа аз он баробар истифода мекунанд, аз канори деҳаи бо Ворух ҳамсояи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон мегузарад. Аз соли гузашта ба ин сӯ сокинони Бодканд дар пайи мухолифати сокинони Исфара ба сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ борҳо ин роҳро баставу сокинони Ворухро дар инзивоъ қарор додаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи музокираву гуфтушунидҳо талош бо бунёди роҳҳои нави мустақим дар ин маҳал ин мушкили шаҳрвандони марзии худ поён бахшанд ва дар музокироти ахир ба ҳалли он наздик омадаанд.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворухи мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна сохтмони роҳи алтернативӣ аз ҷониби Қирғизистон низ дар ин маҳал мушоҳида намешавад: “Он ҷо сохтмончиён ва техникаву дигар заруриёти сохтмони роҳ аз ҷониб низ дида намешавад.” Ба гуфтаи вай, дар сурати бидуни мувофиқа бо Тоҷикистон сохта шуданаш ин роҳ роҳи кунунии Ворух – Исфараро миёнабур карда, мушкили омадурафти сокинони Ворух ро ба Исфара дучанд хоҳад кард. Ҳамчунин роҳи мазкур саргаҳи рӯди Исфараро аз Ворух ҷудо карда, ба бовари сокинони рустоҳои тоҷикӣ, назорати захоири обии ин шаҳраги оби минтақаро дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад дод.

Қирғизистон солҳои охир сари бунёди роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ, ки вилоятҳои Ӯш ва Бодканди ин кишварро мустақиман пайваст мекунад, пофишорӣ дорад. Шурӯи бунёди қисмати ин роҳи алтернативӣ аз канори ҷамаоати Ворух дар гузашта бидуни мувофиқа бо Тоҷикистон борҳо сабаби муноқиша байни сокинони ду тарафи марз шудааст.

Ҷ.Сангинов: Сохтмони роҳи баҳсӣ ба таъхир уфтод

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

Бино ба хабарҳои расида аз Исфара, бунёди роҳҳо дар минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии мавзеи Ворух ба таъхир гузошта шудааст. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бунёди роҳҳо дар минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии мавзеи Ворух ба таъхир гузошта шуд. Оқои Сангинов гуфт, дар назар аст, имрӯз муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон барои идомаи музокирот бар сари муайян кардани хатти роҳҳои баҳсӣ ба Исфара биояд ва ҷонибҳои тоҷику қирғиз сари ин масъалаи доғ музокираи худро идома бахшанд.

Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев
Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев

Бино ба хабарҳои расмӣ, дар музокираи рӯзҳои 3 - 4 уми июл дар Бишкек, роҳбарони комиссияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзӣ, муовинони нахуствазири Тоҷикистону Қирғизистон: Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев протоколе ба имзо расонданд, ки тарҳи бунёди роҳҳои нақлиётӣ дар мавзеъҳои муноқишахези Воруху Оқсойро пешбинӣ мекунад.

Вале ҷаноби Сангинов рӯзи 8-уми июл дар посух ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани ҳудуди роҳҳои марзии нави Исфара – Ворух ва Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ дар гуфтушуниди рӯзи 7-уми июл дар вилояти Суғд бидуни мувофиқаи тарафҳо ба анҷом расидааст.

Ҷумъабой Сангинов афзуд: “Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки роҳи нави Исфара-Ворух бояд як роҳи мустақил шавад ва тамоми паҳлуҳои идораву истифода ва назорати он низ бар ӯҳдаи мақомоти дахлдори тарафи Тоҷикистон вогузор шавад. Вале Қирғизистон бар он аст, ки ин роҳ бояд мавриди истифодаи тарафайн қарор бигирад ва нигаҳдориву назорати он низ бояд аз ҷониби мақомоти ин ду кишвар сурат бигирад.”

Вале ин пешниҳоди қирғизҳо аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашудааст, чаро ки дар сурати ингуна ҳал шудани масъалаи роҳҳо ба мушкили ё аслии сокинони тоҷику қирғизи ин мавзеи марзиро, ки мехоҳанд барои равуо ба кишварҳои худ роҳҳои мустақилу боз дошта бошанд, поён намебахшад.

Мушкилоти асосии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзист. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

XS
SM
MD
LG