Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Бишкек нерӯҳои иловагиро аз марз фаро хонданд


Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду рӯзи охир Вазорати корҳои дохилӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ҷузъу томи иловагии худро аз минтақаи марзии Воруху Оқсой берун карданд.

Дафтари матбуоти Сарраёсати сарҳадбонии Тоҷикистон рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе мақомоти умури дохилӣ ва сарҳадбонии Тоҷикистон нерӯҳои иловагиеро, ки пас аз ҳодисаи рӯзи 10 июл ба ин ҷо ворид карда буданд, ақиб кашиданд.

Ин хабарро Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух низ дар як тамоси телефонӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки аз ду рӯз ба ин тараф неруҳои иловагӣ аз хатти сарҳади мавзеи Ворух ва Оқсойи Қирғизистон пас гирифта шуданд ва феълан аз ду тараф фақат сарҳадбонҳое назорат мебаранд, ки пеш аз низои ахир ин ҷо мустақар буданд.

Дар ҳодисаи 10 июл, бар асари тирандозии марзбонони қирғиз 1 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд. Марзбонони тоҷик мегӯянд, умуман аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.

Раёсати марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ба ақиб кашидани неруҳои иловагӣ дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Раиси кумитаи марзбонии Қирғизистон Райимберди Дуйшенбиев рӯзи 25 июл баррасӣ шуда буд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон бар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Ба ин далел, ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир дар раванди аломатгузории марз ягон километр дигар пеш нарафтаанд.

XS
SM
MD
LG