Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, ба мухолифонаш пешниҳод кард, ба хотири рафъи бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар ба “муколамаи миллӣ” бипардозанд.
Дар як нутқи телевизионӣ, ӯ аз раҳбарони мухолифин даъват кард, ки рӯзи шанбе барои мулоқот бо ӯ ба кохи раиси ҷумҳур биёянд:
Муҳаммад Мурсӣ гуфт, ман аз тамоми чеҳраҳову раисони аҳзоб, ҷавонони инқилобӣ, қонунгузорони баландмақом даъват мекунам, ки ҳамин шанбе дар кохи раиси ҷумҳур баъд аз зӯҳр мулоқот кунем ва муколамаи фарогиру пурсамар дошта бошем. Ба хотири расидан ба созише, ки миллатро муттаҳид кунад ва аз муноқиша берун созад ва ба мувофиқа ҳатто агар комил ҳам набошад, бирасонад.
Вай афзуд, ки раъйпурсӣ дар бораи тарҳи Қонуни Асосӣ бар асоси барнома рӯзи 15 декабр баргузор хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки дар мулоқоташон метавонанд ба масъалаи роҳи ҳаракати Миср баъди раъйпурсӣ таммаркуз кунанд. Баъди он ки Муҳаммад Мурсӣ дар рӯзи 22 ноябр бо судури дастуре салоҳиятҳои зиёдеро ба даст гирифт, мухолифони ӯ ба хиёбонҳо рехтанд. Мухолифони тазоҳургар ҳамчунин аз он ба хаш омадаанд, ки ҳаводорони исломгарои Муҳаммад Мурсӣ, тарҳи Қонуни Асосиро шитобкорона ва бе назари гурӯҳҳои озодандеш таҳияву тасвиб карданд.
Раиси ҷумҳури Миср таъкид кард, ки баъди раъйпурсии умумӣ дастур дар бораи салоҳиятҳояшро беэътибор хоҳад кард, баъди эъломи натиҷаҳои раъйпурсӣ чӣ мусбат бошад, чӣ манфӣ, дастуру ҳар санади марбути он беэътибор хоҳад шуд.
Аммо Муҳаммад Мурсӣ айни замон баъзе аз мухолифони давлатро ба он муттаҳам кард, ки гӯё ба боқимондаҳои ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср хидмат мекунад. Ӯ гуфт, ҳеҷ гоҳ намегузорад ва таҳаммул нахоҳад кард, ки барои сарнагунии ҳукумати “қонунӣ” тарҳ бикашанд.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ, даъвати Муҳаммад Мурсӣ барои муколамаи миллиро истиқбол карда, вале гуфтааст, ин муколама бояд бе пешшарт сурат бигирад. Пеш аз суханронии раиси ҷумҳури Миср, тонкҳоро дар назди қароргоҳи ӯ гузоштанд, ки дар инҷо дар муноқишаи тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ҳафт нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Барак Обама дар суҳбати телефониаш, аз кушта ва захмӣ шудани одамон ибрози нигаронии амиқ кардааст. Обама ба Муҳаммад Мурсӣ гуфтааст, ки ӯ ва дигар раҳбарони сиёсии кишвар бояд ба тарафдорони худ возеҳ кунанд, ки хушунат ғайриқобили қабул аст.
Вале таниш дар Миср рӯзи панҷшанбе ҳамчунон шиддат гирифт, ки дар пойтахти он дар шаҳри Қоҳира, қароргоҳҳои Ихвон-ул-муслимин гурӯҳи исломиеро оташ заданд, ки Муҳаммад Мурсиро дар интихоботи моҳи июн ба қудрат расонд.