Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Замони табаддулоти низомӣ тамом шудааст


Эрдуғон дар ҳалқаи генералҳо
Эрдуғон дар ҳалқаи генералҳо

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфтааст, замонитабаддулот ё кудатоҳои низомӣ дар кишвараш дигар тамом шудаст.

Ин ҳарфҳоро нахуствазири Туркия рӯзи якшанбе, 30-юми сентябр, дар оғози чаҳорумин Кунгураи Ҳизби адолат ва тавсеаи ҳоким дар Анқара, иброз дошт.

Дар кунгураи ҳизби ҳокими Туркия ба шумули меҳмонони зиёд, Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср ва Холид Машъал, раҳбари Ҳаракати муқовимати исломии "Ҳамос" дар Фаластин, ширкат ва суханронӣ намуданд.

Эрдуғон дар суханронии дусоатаи худ ба баррасии шуморе аз масоил пардохтааст. Ӯ ваъда додааст, то замони узрхоҳии расмии Исроил ва пардохти ғаромат ба далели ҳамла ба киштии "Озодӣ", дар амри беҳбуди равобити худ бо Исроил гом нахоҳад бардошт.

Дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба киштии туркии ҳомили кӯмакҳои инсонӣ ба навори Ғазза дар соли 2010, нӯҳ нафар аз фаъолони турки тарафдори фаластиниён кушта шуданд.

Эрдуғон гуфт, барои охирин бор номзади раёсати Ҳизби адолат ва тавсеа хоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, ки Туркия то поёни моҳи апрели соли оянда тамоми қарзҳои худро ба Сандуқи Байналмилалии Пул пардохт хоҳад кард.

Ӯ аз Русия, Чин ва Эрон хост, дар мавқеъгирии худ дар бӯҳрони Сурия таҷдиди назар кунанд. Ӯ изҳор дошт, "таърих аз касоне, ки аз низоми ситам ҳимоят хоҳанд кард, гузашт нахоҳад кард."

Эрдуғон бо таъкид бар ин ки терроризме, ки бо номи Ислом сурат мегирад, як ҷиноят аст, гуфт, тавҳини паёмбари Ислом дар ҳар сурат ҷузъи озодиҳои баён нест. Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср ҳам дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳияи ин кунгура, ба ҳимояти кишвараш аз эътирозгарони суриягӣ то сарнагунии низоми Башор Асад таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG