Хабаргузориҳои байналмилалӣ зимни ишора ба ҳузури эътирозгарони хиёбонӣ дар бисёре аз шаҳрҳои дигари Миср, аз ҷумла Искандария ва Суэс, аз кушта шудани дастикам ду тан ва захмӣ гаштани садҳо нафари дигар дар ҷараёни эътирозҳо хабар додаанд.
Муҳаммад Мурсӣ душанбешаб дар дидор бо аъзои Шӯрои олии қазоии ин кишвар таъкид кард, ки фармони афзоиши ихтиёроташ ба масъалаҳои вобаста ба ҳокимияти миллӣ маҳдуд мешавад ва танҳо то замони қабули Қонуни Асосӣ эътибор дорад. Аммо мухолифон ҳамчунон хостори бекор кардани ин дастур ҳастанд. Мурсӣ дар фармоне эълом кардааст, ки тасмимҳое ӯ қобили таҷдиди назар дар ниҳодҳои қазоӣ нест.
Дастури ҷадиди Мурсӣ, ки ихтиёроти густурдаро ба ӯ медиҳад, мавҷи интиқодҳо ва эътирозотро дар Миср дар пай дошт. Низоми додгоҳии Миср гуфтааст, ки Мурсӣ бо ин иқдоми худ қудратро ба «гарав» гирифтааст. Мақомоти низоми додгоҳии Миср ҳамчунон гуфтаанд, ин иқдоми оқои Мурсӣ ҳамла ба истиқлолияти низоми қазоии ин кишвар мебошад.
Ҷанҷолҳои дохилии Миср, вокунишҳоеро дар хориҷ аз ин кишвар дар пай доштааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хоҳони ҳифзи оромӣ дар ин кишвар шуда, аз ҳар ду тараф хостааст, то мушкилашонро ба таври сулҳомез ҳал кунанд. Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи душанбе бо ҳамтои мисрияш Муҳаммад Комил Амру сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, гуфтааст, ки Амрико аз вазъи ба вуҷудомада дар Миср нигарон аст.
Дар ҳамин ҳол "Ихвонулмуслимин", раҳпаймоии густурдаи худро ба ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ ба далели коҳиши танишҳо, дирӯз сешанбеи 27-уми ноябр дар Қоҳира лағв кардааст. Мурсӣ гуфтааст, ки баъд аз баргузории интихоботи парлумонӣ ва қабули қонун асосии нав дар Миср, фармони ҷадидашро бекор хоҳад кард. Интизор меравад, ки интихоботи парлумонии Миср миёнаҳои соли оянда баргузор шавад. Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар як интихоботи демократӣ дар Миср, ба ҳайси раиси ҷумҳур интихоб шуд.