Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (EBRD) аз коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Қафқозу кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқӣ ба таври нигаронкунанда хабар дод. Масъулони ин бонк дар гузориши нави худ гуфтанд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки гуфта мешавад то ду миллион сокинаш барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар муҳоҷиратанд, то ба сатҳи соли бӯҳронии 2009 коҳиш ёфтааст.
"Таъсири рукуди иқтисоди Русия ба иқтисоди кишварҳои вобаста аз он аз пешбиниҳои қаблӣ дида, сахттар хоҳад буд",-омадааст дар гузориши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, ки дар ҳошияи ҷаласаи солонааш дар шаҳри Тбилисӣ рӯзҳои 13-15 майи соли ҷорӣ нашр шуд.
Ба қавли муаллифони гузориш, далели аслии поин рафтани ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба берун беқурбшавии рубл ва бозгашти муҳоҷирон ба кишварҳои худ мебошад. Онҳо мегӯянд, ин раванд садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷику узбак ва қирғизро водор сохтааст, ки ба кишварҳои худ баргарданд.
Субҳиддин, муҳоҷири 35-солаи тоҷик, ки ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш дар пойтахти Русия машғули кору зиндагиянд, ҳоло қасди бозгашт ба ватанро доранд. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, агар як соли пеш дар ин вақт ҳазорҳо рубл ба даст меовард ва қисмашро барои иҷора ва зиндагии худ сарф карда, қисми дигарашро ба волидонаш мефиристод, ҳоло дар ботлоқи қарз ғӯтида, дасташ барои ёрмандӣ ба падару модараш низ кӯтаҳӣ мекунад. "Соли гузашта 30 ҳазор рубли русӣ ба ҳазор доллар баробар буд. Ҳоло аз 50 ҳазор рубл зиёдтар меёбӣ ва он ба ҳазор доллар баробар мешавад. Қурби рубл ҳамаро шикаст, аз ҷумла моро ҳам,"-афзуд ӯ.
Ҳамсӯҳбати дигари мо аз Перм, ки худро Фатҳулло муаррифӣ кард, мегӯяд, бар иловаи беқурб шудани пули русӣ, онҳо дар пайдо кардани кори хуб ҳам мушкилӣ доранд. Ӯ гуфт, "кори табъи дил нест, то пули хубтар кор кунем. Ба корҳои майда, ки аз ин ҷову он ҷо меёбем, фақат метавонем шиками худро сер кунем. Ба зодгоҳ пул фиристода намешавад. Соли 2009 вазъи бӯҳронӣ буд, аммо ба ин ҳад не. Он вақт пули русӣ қурб дошт ва кор ҳам ёфт мешуд,"-изҳор дошт Фатҳулло.
Тоҷикистон бештар вобастаи маблағи аз берун воридшаванда аст ва ними мардони қобили кори ин кишвар барои пайдо кардани ҷойи кор дар шаҳру навоҳии Русия қарор доранд. Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2013 ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ба 49 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар будааст.
Ин бонк дар моҳи апрел гуфта буд, ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Миёна дар соли ҷорӣ 12,7 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолиро Бонки ҷаҳонӣ ба рукуди иқтисодӣ дар Русия марбут донистааст, ки боиси аз даст додани ҷои кори муҳоҷирон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, бар асоси пешбиниҳо, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ва 2016 3,8 дарсад арзёбӣ мешавад. Вале рушди иқтисод дар Озарбойҷон ва Қазоқистон 1,5 ва дар Арманистон то 2,5 дарсад кам хоҳад шуд. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мегӯяд, ки асари бӯҳрон ҳатто дар ду ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ - Гурҷистон ва Молдова, ки равобиташон бо Маскав камтар аст, таъсир хоҳад дошт.