Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафаралӣ Раҷабов: Буҷа ба ягон бознигарӣ ниёз надорад


Вакили маҷлис даъвати Оҷонсии рушди Олмонро, ки мегӯяд, ба иллати коҳиши рушди иқтисод буҷаи Тоҷикистон ниёз ба таҳрир дорад, беасос номид ва гуфт, зарурате бознигарии буҷа дар миён нест.

Намояндагии Оҷонсии рушди Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон бар ин аст, ки тарҳи буҷаи Тоҷикистон ниёз ба бознигарӣ ва тасҳеҳ дорад, зеро дар шароити дигар таҳия шудааст ва ба воқеиятҳои нав ҷавобгӯ нест. Пойфишорӣ ба иҷрои ин тарҳ, ба ақидаи онҳо метавонад, натиҷаи баръакс медиҳад.

Муаллифони ин гузориш менависанд, буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 замоне баррасӣ ва тасдиқ шуд, ки рушди иқтисод дар кишвар зиёда аз 7 дарсадро ташкил медод. Бандҳои харҷу дахли он бо назардошти қурбе таҳия гаштаанд, ки як доллари амрикоӣ на бештар аз 5 сомонӣ буд. Аммо дар ин байн вазъи макроиқтисодӣ бо сабабҳои маълум тағйир кард ва дар оғози моҳи апрел қурби як доллар аллакай ба 6 сомониву 25 дирам расид ва рушди иқтисоди кишвар низ суст шуд.

Абдусалом Қурбонзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Абдусалом Қурбонзода, вазири молияи Тоҷикистон.

Дар ин гузориш омадааст, дар ҳоле ки иқтисод рушди қаблан пешбинишударо надорад ва даромадҳои давлат аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 24 дарсад коҳиш ёфтаанд, Абдусалом Қурбонзода, вазири молияи Тоҷикистон талаб кардааст, дар семоҳаи дуввум нишондоди даромади буҷа пурра иҷро карда шавад.

Аз нигоҳи муаллифони гузориш, бетағйир гузоштани нақшаҳои буҷа метавонад, натиҷаи "чаппа" диҳад, яъне буҷаро ба коҳиши бештари даромад рӯбарӯ намояд, зеро афзоиши фишор ба андоздиҳандагон ба хотири иҷрои буҷа ба пардохти андоз, вазъи иқтисодӣ ва даромади буҷа таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Биноан, ин созмон тавсия додааст, ки қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 бозбинӣ ва қисмати даромаду хароҷоти он коҳиш дода шавад.

Аммо Сафаралӣ Раҷабов, узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 14−уми май гузориши Оҷонсии рушди Олмонро беасос ва ҳама гуна бозбинии буҷаро нозарур донист. Вай гуфт: “Онҳо (муаллифон) таҷрибаи соли 2009−ро мисол меоранд, ки ҳамон вақт ба қонуни буҷа тағйир ворид шудааст. Аммо ҳоло вазъият фарқ мекунад. Ҳоло мо омори чормоҳаи аввалро гирифтем соҳае нест, ки рушд накарда бошад.”

Раҷабов афзуд, тибқи омори фаврие, ки онҳо дар даст доранд, соҳаи саноат беш аз 15 дарсад, кишоварзӣ 7,7 дарсад, сохтмон 5,7 дарсад ва савдои чакана 10 дарсад рушд кардаанд.

Вале арқоме, ки ҷаноби Раҷабов ва ҳамчунин ниҳодҳои давлатӣ нашр мекунанд, бо нишондиҳандҳое, ки Оҷонсии рушди Олмон меорад, фарқ мекунанд. Чунончи, GIZ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон рӯ ба таназзул ниҳод ва рушди он ҳамагӣ 5,3 дарсадро ташкил дод. Аз сӯи дигар даромаде, ки муҳоҷирон аз Русия ворид мекарданд, рӯ ба коҳиш дорад ва чанде пеш Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 965,7 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 миллион доллар камтар аст. Вай ин ҳолатро ба коҳиши тавоноии харидории аҳолӣ бастагӣ дод.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил ҳам мегӯянд, бознигарии тарҳи буҷаи кишвар ба як амри ногузир табдил ёфтааст, вагарна ширкату соҳикорони зиёде зери сарбории андоз метавонанд, муфлис шаванд.

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Констатин Бондаренко роҳбари бунгоҳи таҳлилии “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” мегӯяд, даромаду баромади буҷаи кишварро мешавад бе зарар ба дигар соҳаҳо коҳиш дод. Аммо, мегӯяд ӯ: “система дар мо чунин шакл гирифтааст, ки нақшаи даромади буҷаро ба ҳар қиммате ки бошад, бояд иҷро кард, ки дар натиҷа бар зиёни иқтисодиёт анҷом меёбад. Аммо дар ин ҳолат беш аз ҳама андозсупорандагон зарар мебинанд, чунки онҳо дар ин занҷира дар охир қарор доранд.”

Бондаренко мегӯяд, тарҳи буҷа дар Тоҷикистон дар асоси омори реалии иқтисод бино наёфтааст ва низоми шаклгирии он бояд аз пеша иваз шавад.

Гузориши Оҷонсии рушди Олмон дар Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) рӯзи панҷшанбе гуфт, таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аз пешбинии қаблӣ дида сахттар хоҳад буд ва дар соли 2016 низ идома хоҳад кард. Буҳрони иқтсиодӣ дар Русия ба гуфтаи иқтисодонҳои ин бонк боиси бозгашти садҳо ҳазор муҳоҷир ба Тоҷикистон, шуда “ба мушкили воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил хоҳад ёфт”

Зимнан давлати Тоҷикистон дар ин росто дар барномаи зиддибӯҳрониеро қабул кардааст, ки аз 41 банд иборат аст. Дар ин барнома пешбинӣ шудааст, ки дар сурати коҳиш ёфтани даромади буҷаи давлат вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ вазифадоранд пешниҳодҳои худро барои коҳиш додани хароҷот ба ҳукумат ирсол кунанд.

Тоҷикистон барои соли 2015 қонуни буҷаеро қабул кардааст, ки қисмати даромадаш дар сатҳи 15,3 миллиард сомонӣ ё наздик ба 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар пасманзари коҳиш ёфтани пули интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия, аксари иқтисоддонҳо бар инанд, ки ба эҳтимоли зиёд буҷаи Тоҷикистон дар соли равон ин миқдор даромад нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG