Роҳи оҳани Душанбе-Кӯлоб ба зудӣ боз мешавад

Аввалин мусофироне, ки рӯзи 24 август тавассути роҳи оҳани нави Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе саёҳат мекунанд, 200 донишҷӯ аз шаҳри Кӯлоб хоҳанд буд. ​Фирӯз Ҳақназаров, як масъули ширкати Роҳи оҳан дар Кӯлоб, 8 август ба Озодӣ гуфт, роҳи нави оҳан пурра омода шудааст ва ҳафтае пеш аз шурӯи дарсҳо аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоб ба самти пойтахт ҳаракат мекунад. Вай таъкид кард, ки мусофирони нахустин ройгон ба пойтахт бурда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзи 6 август ин қатор дар қитъаи роҳи Кӯлоб-Қӯрғонтеппа ба таври санҷишӣ рафтуомад мекунад ва об мекашонад. Фирӯз Ҳақназаров афзуд, "баъди ба истифода дода шудани роҳи оҳан мисли пештара аз Кӯлоб чор вагонро ба самти Русия равон хоҳем кард."

Ифтитоҳи роҳи нави оҳан баъди панҷ соли таваққуф имконпазир шуд. Рӯзи 7 август аввалин қатор ба таври санҷишӣ аз масири “Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб” убур кард ва мутахассисон аз сифати роҳ қаноатманд шуданд. Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, бунёди ин роҳи оҳан вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ ва иқтисодӣ раҳо хоҳад кард.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, "ин роҳи нав аст ва ҳоло барои сохтмони он беш аз 61 милион сомонӣ масраф шудааст". Қаландаров афзуд, инчунин, барои бунёди панҷ пул ва се туннел дар ин қисмати роҳи оҳан аз ҷониби "Эксимбонк"-и Чин 71 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ихтисос ёфтааст. Бо пешниҳоди ҳукумати кишвар, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт озод шуда буд. Ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 13 ширкати гуногун машғул буда, паймонкори кулли сохтмон ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аст.

Масъулин мегӯянд, ки қатори масири Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ҳафтае як бор ҳаракат карда ва кулли ин масофаро дар 6 соат убур мекунад. Дар як вақт дар ин самт 4 вагон ё қатор ҳаракат мекунанд. Ҳамчунин ҳафтае як бор ҳаракати қатор аз шаҳри Кӯлоб ба самти Маскав сурат мегирад.

Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Термиз хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг–Хатлон, чор соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода хоҳад буд. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам як соли пеш дар оғози сохтмони нақбҳои роҳи оҳан дар ин масир таъкид карда буд, ки қимати интиқоли бор аз пойтахт ба ҷануби Тоҷикистон аз 120 сомонии қаблӣ то 30 сомонӣ поин хоҳад омад.

Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аввалан бунёди чунин роҳ метавонад Тоҷикистонро аз вобастагии Узбакистон раҳо кунад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ин роҳ метавонад танҳо барои интиқоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷануб ба минтақаҳои дигари кишвар манфиатовар бошад. "Барои интиқоли масолеҳи кишоварзӣ бояд вагонҳои ин масир бо дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз бошанд, ки тавонанд, меваҷотро давоми то чанд рӯзи интиқол ба минтақаи дигар талаф надиҳад," - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, вагонҳои қатор дар ин масир аз Амрико ворид шаванд. То имрӯз хатҳои роҳи оҳани кишвар дар шимол, марказ ва ҷануб аз ҳам ҷудо буданд ва танҳо баъди убури ҳудуди кишварҳои ҳамсоя бо якдигар пайваст мешуданд. Ин убуру мурур маъмулан бо пул сурат мегирифт. Ҳамакнун дар сурати боз шудани нақб дар миёнаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ҷануби кишвар бо марказ пайваст хоҳад шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 977 километр роҳи оҳан вуҷуд дорад. Бар асоси омори расмӣ, дар 25 соли истиқлолият 208 километр роҳи оҳан нав сохта шудааст, ки дарозтарини онҳо роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб аст, ки 132 километр дарозӣ дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон наздик ба 3 миллион тоннаро ташкил додааст, ки нисбати як соли пеш се дарсад зиёд будааст.