Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе бо Кӯлоб базудӣ бо роҳи нави оҳан мепайвандад


Масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки ба зудӣ роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

То як моҳи дигар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб мавриди истифода қарор мегирад. Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, бунёди ин роҳи оҳан вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ ва иқтисодӣ раҳо хоҳад кард. Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 июл зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки 24 августи соли ҷорӣ роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб расман ифтитоҳ мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, “ин роҳи нав аст ва ҳоло барои сохтмони он беш аз 61 милион сомонӣ масраф шудааст”. Ҷаноби Қаландаров афзуд, ки “ҳамчунин барои бунёди панҷ пул ва се тунел дар ин қисмати роҳи оҳан аз ҷониби "Эксимбонк"-и Чин ҳам 71 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ихтисос ёфтааст.

Бо пешниҳоди ҳукумати кишвар, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт озод шуда буд. Ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 13 ширкати гуногун машғул буда, паймонкори кулли сохтмон ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аст.

Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров

Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Ӯзбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Термез хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло мувоҷеҳ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг–Хатлон, чор соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода хоҳад буд. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам як соли пеш дар оғози сохтмони нақбҳои роҳи оҳан дар ин масир таъкид карда буд, ки қимати интиқоли бор аз пойтахт ба ҷануби Тоҷикистон аз 120 сомонии қаблӣ то 30 сомонӣ поин хоҳад омад.

Масъулони ширкати Роҳи Оҳан мегӯянд, боз шудани ин роҳ имкони ба таври муназзам интиқол додани молу коло миёни пойтахт ва қисмати ҷанубии кишварро фароҳам месозад. Ҳадди имкон воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон метавонад мизони болоравии нархро дар бозорҳои пойтахт, танзим кунад. Инчунин содироти маҳсулоти кишоварзии ҷануби Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бештар хоҳад шуд:

“Барои мисол ҳоло тавассути роҳи оҳани Пахтаобод-Душанбе” сокинони

Ширкати "Роҳи Оҳан"-и Тоҷикистон
Ширкати "Роҳи Оҳан"-и Тоҷикистон

шаҳри Турсунзода ба пойтахт молу коло интиқол медиҳанд. Борро арзон меоранду мефурoшанд. Ин роҳи нав ҳам ҳамингуна фоида хоҳад дошт. Ҳадди имкон мардуми ҷануби Тоҷикистон метавонанд садҳо тонна содироти масолеҳи сохтмонӣ ва кишоварзиро ба минтақаҳои дигари кишвар маҳз тавассути ин қитъаи роҳи оҳан анҷом диҳанд”, - афзуд Қаландаров.

Ҳамчунин, ба таъкиди ӯ, дар паи бунёди ин роҳ интиқоли бор тавассути мошинҳо коҳиш меёбад ва ин метавонад вазъи экологиро ҳам дар кишвар беҳтар кунад. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, бояд мақомот дурнамои ин роҳро аз қабл баҳогузорӣ кунанд, зеро дар ҳолати баръакс метавонад зиёновар ва сарфи беҳудаи сармояҳо бошад.

Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аввалан бунёди чунин роҳ метавонад Тоҷикистонро аз вобастагии Ӯзбакистон раҳо кунад. Аз сӯи дигар дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, ин роҳ метавонад танҳо барои интиқоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷануб ба минтақаҳои дигари кишвар манфиатовар бошад. Вай мегӯяд, “барои интиқоли масолеҳи кишоварзӣ бояд вагонҳои ин масир бо дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз бошанд, ки тавонанд, меваҷотро давоми то чанд рӯзи интиқол ба минтақаи дигар талаф надиҳад”.

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, вагонҳои қатор дар ин масир аз Амрико ворид шаванд. То имрӯз хатҳои роҳи оҳани кишвар дар шимол, марказ ва ҷануб аз ҳам ҷудо буданд ва танҳо баъди убури ҳудуди кишварҳои ҳамсоя бо ҳамдигар пайваст мешуданд. Ин убуру мурур маъмулан бо пул сурат мегирифт. Ҳамакнун дар сурати боз шудани нақб дар миёнаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ҷануби кишвар бо марказ пайваст хоҳад шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 977 километр роҳи оҳан вуҷуд дорад. Бар асоси омори расмӣ, дар 25 соли истиқлолият 208 километр роҳи оҳан нав сохта шудааст, ки дарозтарини онҳо роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб аст, ки 132 километр дарозӣ дорад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон наздик ба 3 миллион тоннаро ташкил додааст, ки нисбати як соли пеш се дарсад зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG