Ясмин, духтаре аз Тоҷикистон қаҳрамони бодибилдинг дар ҷаҳон шудааст

Ясмин ал-Нимр бо парчами Тоҷикистон

Ясмин ал-Нимр, ягона духтар аз Осиёи Марказӣ аст, ки бори сеюм дар риштаи бадансозӣ ё бодибилдинги (WBPF) ҳирфаӣ қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Ӯ рӯзи 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 10 сол мешавад, ки бо ин навъи варзиш машғул аст. “Дар як ё ду сол сохтани бадан номумкин аст. Худи ман 10 сол мешавад, ки бо бадансозӣ машғулам. Илова бар ин, аз пауэрлифтинг ё вазнбардорӣ ҳам замина доштам”, - изҳор дошт вай.

Наздиконаш интизор доштанд, ки Ясмин табиб мешавад, вале ӯ баъди хатми омӯзиш дар риштаҳои робитаҳои байналмилалӣ ва молия рӯ ба варзиш овард.

Ба гуфтаи Ясмин, хешонаш, аз тарафи модарӣ ҳама табиб ва ҷарроҳанд ва онҳо мехостанд, ки ӯ ҳам табиб шавад, вале вай роҳи дигарро интихоб мекунад.

“Ин навъи варзиш дар ҷаҳон хеле сербинанда ва машҳур аст. Ман мехоҳам он дар Тоҷикистон ҳам машҳур шавад, то бачаҳо ва духтарони зиёд ба он машғул шаванд”, - илова кард ӯ.

Ясмин дар аввал бо вазнбардорӣ машғул буда, баъдан бо тавсияи мураббияш ба бадансозӣ мегузарад.

Олим Парпиев, мураббии Ясмина 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки онҳо тамринро шуруъ карданд, назари ҷомеа ба кори онҳо чандон хуб набуд. Ӯ гуфт: “Албатта, нафароне ҳастанд, ки зидди инанд. Бе онҳо намешавад. Баъзеи нафарон назди ман омада мепурсанд, ки “акаи Олим чаро Шумо духтаронро бо либоси таҳпуш ба саҳна мебароред?” Ин варзиш аст, ин кори ман аст.”

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо Ясмин қаҳрамони бадансозии ҷаҳон аз Тоҷикистон ошно шавед

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳанӯз ҳам мушкилиҳое ҳастанд, ки монеи рушди бадансозӣ дар Тоҷикистонанд. Ба назари ӯ, дар Тоҷикистон дастгирии дастаҷамъӣ аз ин навъи варзиш мушоҳида намешавад. Аз ҷумла, барои бадансозӣ. “Мо дар ҳақиқат ҷавонони боистеъдоде дорем, ки метавонанд натиҷаи хуб нишон диҳанд. Аммо барои ин навъи варзиш сармоягузорӣ лозим аст,” - изҳор медорад ӯ.

Қаҳрамони мо байни зиндагии шахсӣ ва варзиш дувумиро интихоб кардааст. Ба ақидааш “гурги ошиқ дигар наметавонад сайёд бошад”.

Олим Парпиев ҳам дар тақвияти суханҳои шогирдаш мегӯяд, машғул шудан бо бадансозии ҳирфаӣ ва зиндагии шахсӣ дар яквақт номумкин аст.

“Тасаввур кунед, одам бояд дар як шабонарӯз 6-7 маротиба ғизо хӯрад. Вай бояд шаб хеста, ин ҳамаро омода кунад ва дар яхдон гузорад, то рӯзона истеъмол намояд. Бар иловаи ин, бояд дар як рӯз ду бор, субҳу шом дусоатӣ тамрин кунад. Як тамрин дасти кам ду соат давом мекунад. Дар ин ҳолат ӯ кай вақт меёбад, ки бо корҳои хона машғул шавад? Кадом мард инро қабул дорад?!”, - изҳор дошт Парпиев.

Ясмин, ки падараш арабу модараш тоҷик аст, дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шудааст. Ҳоло ӯ дар Душанбе зиндагӣ ва дар як толори варзишии занона ба ҳайси мураббӣ кор мекунад.

Ясмин ҳангоми тамрин

Ясмин ахиран 11-уми ноябри имсол дар 15-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг бори сеюм қаҳрамони ҷаҳон гашт. Вай соли 2022 дар шаҳри Пҳукети Тайланд ва соли гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ ин унвонро соҳиб шуда буд. Ӯ моҳи июли соли 2022 дар қаҳрамонии Осиё дар ҷазираҳои Молдив ду медал - тило ва нуқра – ба даст оварда буд.

Ясмин дар ҳоле тасмим гирифтааст бадансозиро рушд диҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон, аксаран мазҳабиву суннатгароанд ва ба иштироки духтарон дар ин гуна риштаҳо назари нек надоранд.

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон соли 2003 бо ибтикори вазнабардори маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст, ки ӯ вазифаи раиси ин ташкилотро ба зимма дорад.