Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъ Холназаров: "Ҳамеша Тоҷикистонро ёд мекунам". САДО, ВИДЕО


Вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, ки панҷ соли ахир варзишгарони маълули Имороти Муттаҳидаи Арабро тамрин медиҳад, феълан бо дастаи мунтахаби ин кишвар ба Душанбе омадааст. Ӯ тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси мураббӣ дастаи мунтахаби ин кишварро ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо вазнабардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё дар риштаи пауэрлифтинг, сӯҳбати ихтисосии видеоӣ анҷом дод ва нахуст дар бораи сафараш ба Душанбе пурсид.

Толеъ Холназаров аз панҷ сол ба ин тараф тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб, дар Шарҷа фаъолият мекунад.

Толеъ Холназаров: "Мо ҳар сол барои омодогӣ ба мусобиқоти байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Чех мерафтем. Имсол ба хулосае омадем, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Тоҷикистон гузаронем, ки инҷо обу ҳаво хубтар аст. Ҳамчунин, ғизои мардуми мо, урфу одатҳои тоҷикон ба арабҳо наздиктар аст. Барои ҳамин, ба инҷо омадем. 15 рӯз аст, ки дар Душанбе қарор дорем. Мо дар инҷо як моҳ тамрин мекунем ва ба чемпионати ҷаҳон, ки 30-юми сентябр дар Мексика шуруъ мешавад, омодагӣ мебинем. Мақсади ниҳоии мо роҳхат гирифтан ба Бозиҳои паралимпии соли 2020 дар Токио мебошад."

Навори видео дар инҷост:

Толеъ Холназаров: "Ҳамеша Тоҷикистонро ёд мекунам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Озодӣ: Ба ҳайати даста чанд нафар шомиланд?

Толеъ Холназаров: "Ба ҳайати даста панҷ варзишгар -- се марду ду зан, духтур, раиси бошгоҳи варзишии Шарҷа ва банда ба ҳайси мураббӣ дохиланд."

Гуфтугӯ бо вазнбардори маъруфи тоҷик Толеъ Холназаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:45 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Шогирдони араби шумо ба чӣ гуна дастовардҳо ноил шудаанд?

Толеъ Холназаров: "Ман панҷ сол пеш тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб дар Шарҷа ба кор шуруъ кардам. Ду духтаре, ки онҳоро хонумам дар мактаб пайдо кардааст, хоҳаронанд. Яке аз онҳо қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон аст, дигаре дар Ҷоми ҷаҳон мақоми дувумро касб кардааст. Ҷавонмардон ҳам хуб ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳоро ман аз як бошгоҳи шахсӣ пайдо намудам. Якеаш қаҳрамони Осиёи Ғарбӣ аст. Ду нафари дигар барандагони медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мебошанд ва дар ҷаҳон ҷойи чорумро гирифтаанд."

Озодӣ: Чаро шумо маҳз бо варзишгарони маълул сару кор мегиред?

Толеъ Холназаров: "Ман вақте ки ба ҳайси мураббӣ ба кор шуруъ кардам, ҳам варзишгарони солим ва ҳам варзишгарони маъюбро машқ медодам. Яке аз шогирдонам дар Тоҷикистон Парвиз Одинаев мебошад. Азбаски пауэрлифтинг ба барномаи Бозиҳои паралимпӣ дохил аст, таваҷҷуҳи кишварҳо ба ин намуд зиёд шудааст, бинобар ин барои ман низ омода кардани варзишгарони маъюб ҷолиб аст. Соли 2011 ба чемпионати ҷаҳон ба Дубай сафар кардем. Дар онҷо шогирдам Парвиз Одинаев ҷойи дувумро касб намуд. Масъулини Кумитаи паралимпии Иморот аз ман хоҳиш карданд, ки дар Шарҷа дастаеро ташкил намуда, шогирдонро машқ бидиҳам. Ман розӣ шудам ва аз соли 2012 тибқи қарордод дар онҷо кор мекунам."

Ҳини тамрин.
Ҳини тамрин.

Озодӣ: Шароит чӣ гуна аст?

Толеъ Холназаров: "Барои мо ҳама шароит муҳайёст. Аз ин беҳтар намешавад. Дар муддати 3-4 сол варзишгарро ба арсаи байналмилалӣ баровардан, албатта шароити хубро талаб мекунад. Онҳоро аз хона ба тамрингоҳ бо миниавтобусҳое, ки ҷойгоҳашон барои маъюбон мувофиқ карда шудааст, мебиёранд. Ба онҳо кӯмакпулӣ ҳам медиҳанд. Агар дар мусобиқоти байналмилалӣ муваффақ шаванд, ҷоизаи молӣ мегиранд. Умуман, миёни варзишгарони солиму маълул дар муҳайё сохтани шароити зарурӣ, мукофотонӣ бо ҷоизаҳо фарқ нест. Маблағи ҷоизаҳои ғолибону барандагони медалҳои Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои паралимпӣ якхел аст."

Озодӣ: Барои он ки варзишгарони маълули тоҷик ҳам дар арсаи ҷаҳон ба дастовардҳои бузург ноил шаванд, чӣ корҳо бояд ба субут расонида шаванд?

Толеъ Холназаров: "Хеле кори бисёрро бояд анҷом дод. Аввалан таваҷҷуҳ ба варзишгарони маъюб зиёд карда шавад. Ба ҷуз дастгирии молӣ, дастгирии маънавӣ зарур аст. Маъюбон ҳам як қишри ҷомеа ҳастанд, ки ба ғамхорӣ ниёз доранд. Медали паралимпӣ, ба назари ман, бо заҳматҳои хеле сангин ба даст меояд. Зеро варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд на ҳамеша хушҳол ҳастанд. Баъзан мешавад, ки онҳо аз вазъи худ шарм медоранд, ҳатто аз хона намебароянд. Бинобар ин медале, ки дар Бозиҳои паралимпӣ ба даст меояд, хеле гарон аст."

Озодӣ: Оё шумо бо шогирдони тоҷикатон робита доред?

Толеъ Холназаров: "Бале, робита дорам. Замоне ки ба Душанбе ба рухсатӣ меоям, ҳамроҳашон тамрин мекунам. Ҳоло дар толори варзишии Душанбе шогирдам Парвиз Одинаев ва боз як ҷавони душанбегӣ бо номи Бахтиёр ҳамроҳи дастаи мо аз Иморот машқ мекунанд."

Озодӣ: Шумо поягузори пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ дар Тоҷикистон ҳастед ва бо ибтикори шумо соли 2002 Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Лутфан, бигӯед, ки дар ин муддат варзишгарони тоҷик ба чӣ гуна дастовардҳо муваффақ шудаанд?

Толеъ Холназаров: "Мо 25-30 нафар қаҳрамонҳои Тоҷикистонро дар риштаҳои бодибилдинг ва пауэрлифтинг ба камол расондаем. 10-15 нафар қаҳрамонҳои Осиёву ҷаҳон тарбия кардаем. Шаш моҳ пеш ман аз вазифаи раиси Федератсияии бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон даст кашидаам, зеро ки дар хориҷи кишвар қарор дорам. Аз он хушҳолам, ки кори федератсияро ҳаммаслакону шогирдонам пеш мебаранд."

Озодӣ: Пауэрлифтинг намуди мушкилу вазнин ва серхарҷ аст. Инчунин ин намуд ғизои махсусро талаб мекунад. Ҳамин тавр не?

Толеъ Холназаров: "Бале, ҳамин тавр аст. Бе ғизои серкалория наметавон вазни сангинро бардошт. Бинобар ин, пас аз машқҳои зиёд барои барқарор кардани организм бисёр хӯрдан зарур аст. Инсон ҳам ба мисли мошин аст. Ҳар қадар ки мошин бо сӯзишворӣ бештар таъмин бошад, ҳамон қадар роҳи дурро тай мекунад. Агар шикам сер нашавад, асаб хароб мешавад. Инчунин фармакология низ барои варзишгар роли муҳим мебозад. Аз ин рӯ, доруҳои нерӯбахше, ки барои варзишгарон мамнуъ нест, бояд истеъмол карда шавад. Реҷаи варзишгар, ғизои ӯ маҷбурӣ аст, бинобар ин агар хоҳем, ки натиҷа шавад, бояд бар асоси реҷа амал кунем."

Озодӣ: Шогирдони шумо, ки ба Душанбе аз Иморот омадаанд, дар бораи ғизои тоҷикон чӣ андеша доранд?

Толеъ Холназаров: "Ба онҳо оши палав пешкаш кардем, вале хӯрдани он барояшон мушкил буд, зеро ки ба ғизои равғанин одат накардаанд. Арабистон, ки гарм аст, онҳо ғизои серравғанро истеъмол карда наметавонанд. Онҳо дар тарабхонаи ғизоҳои арабӣ дар Душанбе хӯрок мехӯранд. Вале барои ман аз оши палави тоҷикӣ дида хӯроки серғизое вуҷуд надорад."

Озодӣ: Толеъ, медонем, ки шумо дар хонаводаи журналист, адиби ҳаҷвнигор ва шореҳи варзиш Имомназари Холназар ба дунё омадаед ва бо маслиҳати падар варзишро пешаи худ интихоб кардаед. Аз даргузашти қиблагоҳатон беш аз даҳ сол сипарӣ шуд. Лутфан, мегуфтед, ки кадом насиҳати падар то имрӯз бароятон сармашқи кору зиндагист?

Толеъ Холназаров: "Падарам ба ман мегуфтанд, ки ман туро насиҳат намекунам, ба кору рафтори ман бингар ва ҳамон тавр амал намо. Ман имрӯз бо фарзандони худ чунин рафтор мекунам. Падарам Тоҷикистону варзишро бисёр дӯст медошт. Ман аз падар бисёр чиз омӯхтам, ки бароям дар зиндагӣ роҳнамост: ростгӯӣ, ростқавлӣ, хоксорӣ, инсондӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ба халқ."

Озодӣ: Зимнан, барои шод кардани рӯҳи қиблагоҳатон як ҳикояеро аз китоби “Аз хандая мемурӣ”-и Имомназари Холназар ёд меорем: Ҳини гусели Толеъҷон – писари аршади варзишкорамон ба мусобиқаи вазнабардорони ҷаҳон ҳама ба ӯ барор хоста, орзу кардем, ки ҳарчӣ бештар вазн бардорад. Фақат модараш насиҳат кард:

- Вазни зиёд набардор, бачам, боз миёнат дард накунад.”

Ҳамин тур буд?

Толеъ Холназаров: "Бале, модар ҳамеша ғами фарзандро мехӯрад.

Озодӣ: Дарвоқеъ, ман огаҳам, ки пойи шумо ҳангоми яке аз тамринҳо сахт лат хӯрда буд ва ҷарроҳӣ карданд.

Толеъ Холназаров: "Соли 2003 поям аз зону шикаст. Рагҳои зону ва мушакҳои поямро пизишки маъруфу пуртаҷриба Убайдулло Қурбонов дар беморхонаи “Медгородок”-и Душанбе ҷарроҳӣ кард. Ҷарроҳӣ хуб гузашт. Вале баъди панҷ сол китфам лат хӯрд ва ин дафъа ҳам бо кӯмаки пизишкони “Медгородок” шифо ёфтам."

Озодӣ: Шумо баъди ду ҷарроҳӣ боз дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, муваффақ ҳам шудед.

Толеъ Холназаров: "Бале. Ман соли 2005 дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон шудам ва баъди як сол дар чемпионати ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорк медали тилло ба даст овардам. Инчунин соли 2008 дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон гардидам."

Ҳолномаи Толеъ Холназаров

Толеъ Холназаров 1 майи соли 1975 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Соли 1996 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Финляндия, соли 1997- қаҳрамон ва соли 1998-ум барандаи Ҷоми Қазоқистон, соли 1998 – барандаи медалҳои тилло ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон, соли 2000-ум – барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Навоии Узбакистон, соли 2005 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 - барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2008 – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико. Натиҷаи беҳтаринаш дар сеҳарба 950 килограмм ва дар як навъи рақобатҳо – бардоштани вазна то камарбанд – 345 килограмм мебошад.

Озодӣ: Дар бораи оилаатон каме маълумот медодед,

Толеъ Холназаров: "Соли 2000-ум оиладор шудаам. Cоҳиби се фарзанд мебошам: ду духтар ва як писар. Ҳарсе дар Шарҷа дар мактаб таҳсил мекунанд. Духтари калониам Самои шонздаҳсола ба забони англисӣ, духтари хурдиам Падидаи сездаҳсола ва писарам Ҷавшани ёздаҳсола ба забони арабӣ мехонанд. Тоҷикистонро пазмон мешаванд ва ҳамин ки таътил шуд, онҳоро ба Душанбе мефиристонам. Ман ҳам Тоҷикистонро ҳамеша ёд мекунам. Бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявӣ маҷбур шудам, ки барои кор ба хориҷа равам. Ҳоло шароитам хуб аст ва мақсад дорам, ки ҳарчи тезтар ба ватан баргашта, ба тарбияи шогирдон машғул шавам. Орзуи ман таъсис додани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ба ҳайати он ҷалб кардани варзишгарони маъюб - мардону занон мебошад. Бовар дорам, ки дар мавриди муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои варзишгарони маълул дар Тоҷикистон, аз байни онҳо дар оянда қаҳрамонҳои паралимпӣ ба воя мерасанд."

Озодӣ: Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

XS
SM
MD
LG