Дар Погарск - посгоҳи марзии миёни Русияву Украина муҳоҷирони зиёди кории тоҷик дармондаанд.
Фаридун Зуҳуров - яке аз ин муҳоҷирон, ки аз ин посгоҳи марзӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, шумораи онҳоро бештар аз 3 ҳазор тахмин мезанад ва мегӯяд, ки онҳо дар сармои 10-15 дараҷа аз се то панҷ шабонарӯзро дар ҳамин посгоҳ сипарӣ мекунанд. Онҳо мехоҳанд дар кортҳои муҳоҷиратии худ дар бораи берун рафтан аз марзи Русия мӯҳр бигиранд ва дубора ба қаламрави Русия баргарданд, то бар асоси ин мӯҳр ба онҳо патенти нав диҳанд.
Фаридун Зуҳуров аз посгоҳи марзии Погарски минтақаи Брянски Русия вазъи муҳоҷирони корафтодаро ин гуна тасвир мекунад:
Зуҳуров: Ҳоли муҳоҷирон дар ин ҷо бисёр вазнин аст. Вақте ки нигоҳ мекунӣ дилат об мешавад. Бештар аз 3 ҳазор тоҷик 4-5 рӯз аст, ки дар ин ҷо истодаанд. Кормандони гумруки Русия пули калон талаб карда истодаанд, кормандони гумруки Украина пул намегиранд. Масалан, мо 4 нафар рафтем, 12 ҳазор рубли русӣ додем, баъд мӯҳр заданд. Вале бояд мо аслан пуле надиҳем. Вақте ки мо ҳақи худро аз рӯи қонун талаб кардем ва гуфтем, ки дар қонун ин кор пешбинӣ нашудааст, чаро шумо пул мегиред? Онҳо гуфтанд: “Если не хотите, ждите 4-5 суток”. Одамоне, ки 4-5 рӯз мунтазир мешаванд, онҳо ҳам 1-1,5 ҳазор рубл медиҳанд. Ҳаво бисёр хунук аст. Мошинҳое, ки аз Маскав бо фармоиши муҳоҷирон онҳоро меоранд, 3-4 рӯз мунтазир мешаванд, бензинашон кам мемонад, одамонашонро мепартоянду ба Маскав ё ба шаҳрҳое, ки аз он ҷо омада буданд, бармегарданд. Дар наздикиҳо кафе ё таъомхона нест, ки хӯрокворӣ харанд. Ҳолашон бисёр бад аст.
Озодӣ: Мардуме, ки дар он ҷо ҳастанд, аслан барои гирифтани мӯҳр мераванд?
Зуҳуров: Бале, дар ҳама ҷо мегуфтанд, ки то соли нав бояд патенти нав гиред. Мо моҳи декабр патенти нав гирифтем. Ҳуҷҷатҳо ҳамааш тайёр буд. Соли нав ба корхона ва ба Хадамоти муҳоҷирати ҷоямон рафтем, ба мо гуфтанд, ки патенти шумо эътибор надорад (анулироват шудагӣ), бояд аз нав ҳуҷҷат дуруст кунед. Ана, ҳоло мардум сарсону саргардон. Ҳама барои ҳуҷҷатгирӣ мераванд, аз муҳоҷирон пули калон “канда истодаанд”.
Озодӣ: Ҳуҷҷат дуруст кардан, яъне ҳамон гузаштани марз ва гирифтани мӯҳрро шумо дар назар доред?
Зуҳуров: Бале, аз марз мегузарем ва аз нав мӯҳр мегирем, то ба мо патент диҳанд.
Озодӣ: Шумо моҳи декабр патент гирифтед ва он магар патенти нав нест?
Зуҳуров: Мо ҳамин суолро ба Хадамоти муҳоҷират додем. Онҳо ба мо гуфтанд, ки ҳоло боз қонун дигар шудааст, вагарна мо то як соли дигар бо ин патент бояд кор мекардем. Онҳо ба мо гуфтанд, то охири моҳи январ вақт доред, равед аз нав марзро гузаред ва ҳуҷҷатҳоро нав кунед, тамом.... Дигар ба ягон саволи мо ҷавоб надоданд. Мо худамон овозаҳоро шунида ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардем. Мо 10 ҳазор рубл дода, моҳи декабр патенти нав харидем. Як моҳ ҳам онро истифода набурдем, онро бекор карданд. Даҳ ҳазори мо куҷо рафт, номаълум. Ҳоло бояд 20-25 ҳазор рубл диҳему патентро нав кунем ва ҳар моҳ барои дароз кардани мӯҳлати патент 4 ҳазории дигар медиҳем. Гапҳое, ки дар охри соли 2014 ваъда карданд, ҳамааш дурӯғ будааст. Ҳоло мо то ба ин ҷо бо таксӣ омадем, 620 километр. 4 ҳазор рубл мошинпулӣ медиҳӣ. 2 ҳазори дигар барои хӯрду хӯрок. Баъзеҳо бо худашон хӯрока меоранд. Ҷои хоб - даруни мошин...
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Азоби муҳоҷирон
Зуҳуров дар идома аз мушкили модаре сӯҳбат кард, ки бо фарзанди хурдсолаш аз Маскав бо мошини кироя ба посгоҳи Погарски Русия омада буд. Чун дар сармо мошинро гаҳ-гоҳе гирон мекунанд, бензини мошин тақрибан тамом шуд ва ронанда ин модару кӯдакро дар сармои ҳавои боз гузошта ба Маскав баргашт. Баъзе муҳоҷирон аз дилсӯзӣ барои гарм шудан ин модар ва кӯдакашро чанд дақиқа дар мошинашон ҷой медиҳанд ва ба онҳо хӯрданӣ пешниҳод мекунанд. Мо ҳам ба вай ёрдам кардем.
Дар посгоҳи Погарск дар миёни муҳоҷирон шахсоне низ ҳастанд, ки барои додани ришва ба марзбонон пул надоранд ва маҷбур мешаванд, ноумед бидуни гирифтани мӯҳр дар корти муҳоҷират ба ақиб баргарданд. Сармо ва набуди сарпаноҳ онҳоро азият медиҳад. Онҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия омадаанд ва ба гуфтаи Фаридун Зуҳуров, тақрибан 80 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда шаҳрвандони Узбакистон ташкил медиҳанд.
Овардани порае аз сӯҳбати Фаридун Зуҳуров аз забони худаш барои он буд, ки вазъи муҳоҷиронро кас дарк кунад. Нукотеро ҳам дар зер меорем, то қадам ба қадам тағир ёфтани гуфтаҳои ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ аз мадди назар дур намонад. Агар ФМС патенти муҳоҷиронеро, ки то моҳи январи соли 2015 патент гирифтаанд, беэътибор эълон кунад, дар он сурат бояд садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дубора патент бигиранд.
Намояндагони зинаҳои мухталифи ФМС дар нишстҳои хабарии худ дар Маскав борҳо эълон кардаанд ва ҳатто дар ҷавоб ба суолҳо гуфтаанд, ки патентҳои соли 2014 то поёни мӯҳлати худ дар соли 2015 низ эътибор хоҳад дошт. Баъдан гуфта шуд, ки патентҳои соли 2014 танҳо то моҳи марти 2015 эътибор доранд.
Вале акнун мақомоти Русия сухани худро тағйир додаанд ва моддаҳои қонунро ҳар навъ шарҳ медиҳанд. Иброҳими Аҳмад, сухангӯи намояндагии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мақомоти муҳоҷиратии Русия мегӯянд, ки агар соҳиби патент то 31 декабр андоз аз даромади шахсони воқеиро пардохт накарда бошад, патенти вай ботил мешавад.
Ин суханест, ки то ба ин авохир касе намегуфт. Бо чунин вазъ касе наметавонад бигӯяд, ки боз чӣ тавзеҳоте дар бораи моддаҳои қонуни муҳоҷиратии Русия дар оянда садо хоҳад дод ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро саргардон хоҳанд кард.
Айни видео:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад