Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои будубоши беиҷоза дар Русия шадидтар шуд


Сар аз имрӯз, 10 январ, дар Русия татбиқи қонуне шурӯъ шуд, ки муҷозот барои будубоши ғайриқонунӣ дар кишварро шадидтар мекунад.

Тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз ин баъд шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандие, ки пас аз хатми мӯҳлати иҷозаи иқомат 360 рӯзи дигар дар кишвар мемонанд, барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд. Барои беш аз 120 рӯзи ҳузури ғайриқонунӣ 3 сол ва барои 270 рӯзи иқомати беиҷоза 5 соли маҳрумияти вуруд ба Русия муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский, айни ҳол тақрибан 734 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ беш аз 270 рӯз ва 1 миллиону 28 ҳазор дигар беш аз 360 рӯз дар кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд

Се рӯз пеш Константин Ромодановский аз 70 дарсад коҳиш ёфтани вуруди муҳоҷирон назар ба ҳамин давраи соли гузашта хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, кам шудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, мушоҳида мешавад. Раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ҳамзамон, ба ҷуз сокинони Украина ва Молдавия, ҳарчӣ бештар шаҳрвандони Чин, Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои кор ба Русия меоянд,

Дар Федератсиони муҳоҷирони Русия ба радиои “Эхо Москвы" гуфтанд, ки коҳиши вуруди муҳоҷирон бо ҷорӣ шудани шартҳои нави дарёфти патент ё муҷаввизи кор рабт дорад. Акнун муҳоҷирон патентро фақат дар ҳоле метавонанд бихаранд, ки имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои ҳуқуқро супурда бошанд.

Муҳоҷирон маъмулан баъди ҳар 3 моҳ барои ҳамагӣ як ё ду рӯз аз марзи Русия берун мешуданду боз бармегаштанд ва будубоши худро гӯё боз аз сифр сар мекарданд. Тибқи қонуни нав, ин дарича барои муҳоҷирон баста мешавад. Аз ин ба баъд Русия “чорчӯби Шенген”-ро ҷорӣ мекунад, ки тибқи он, нафаре, ки 3 моҳ дар қаламраваш ба сар бурдаву берун меравад, танҳо баъди 3 моҳи дигар метавонад ба Русия баргардад. Барои нақзи ин муқаррарот ҷаримаҳои сангин ва ҳатто манъи сафар ба Русия барои 3 сол ҳамчун ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, ин қонун барои онҳое ки аз замони қонунии будубошашон дар Русия то 6 моҳ бештар истодаанд, ҳамчун ҷазо манъи сафар ба Русия барои 5 сол ва барои онҳое, ки то 9 моҳ аз ин мӯҳлат бештар истодаанд, манъи сафар барои 10 солро пешбинӣ мекунад.

Ташдиди ҷазоҳо барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Русия дар ҳолест, ки аз 1 январ барои муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар як силсила мониаҳои дигар низ эҷод мешаванд. Аз ҷумла, сар аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд вориди Русия шаванд. Ин масъала ба мақомоти Тоҷикистон рабт мегирад ва онҳо гуфтаанд, ҳамаи шароитро барои таъмини муҳоҷирон бо шиносномаҳои хориҷӣ фароҳам овардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Барои таъмини онҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ дар назди консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин дар Новосибирск, Краснодар, Уфа, Екатеринбург ва Санкт-Петербург нуқтаҳои додани шиносномаҳои биометрӣ боз кардаанд. Нархи шиносномаи биометрии Тоҷикистон расман ҳудуди 100 доллари амрикоист.

XS
SM
MD
LG