2016 -- соли ҳукми 20 имом-хатиби “ихвонӣ” дар Суғд

Зиндонӣ шудани гурӯҳи бузурги имом-хатибони Суғд аз ҳодисаҳои муҳими соли 2016 буд, ки дар сояи гирудори “салафиҳо” ва маҳкумияти чордаҳ узви аршади ҲНИТ вокунишҳои ҷиддӣ ба бор наовард. Боздошти имом-хатибони масҷидҳои Суғд баҳори имсол оғоз шуд ва то моҳи декабр додгоҳҳо ҳудуди 20 нафарро барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба зиндон фиристоданд.

Зиндонӣ шудани гурӯҳи бузурги имом-хатибони Суғд аз ҳодисаҳои муҳими соли 2016 буд, ки дар сояи гирудори “салафиҳо” ва маҳкумияти чордаҳ узви аршади ҲНИТ вокунишҳои ҷиддӣ ба бор наовард. Боздошти имом-хатибони масҷидҳои Суғд баҳори имсол оғоз шуд ва то моҳи декабр додгоҳҳо ҳудуди 20 нафарро барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба зиндон фиристоданд.

Додгоҳҳо имом-хатибонро барои фаъолият дар ин созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон гунаҳкор донистанд. Аммо вакилони дифои онҳо мегӯянд, имом-хатибон ба ҷуз даъвати сокинон ба Ислом ва зиёд кардани сафи намозгузорон, ҳадафи дигар надоштанд.

Нахуст моҳи март имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, Мақсуд Урунов бо муовин ва хатиби ин масҷид, Абдуҷамил Юсуфӣ – имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум)

Ҳамзаалӣ Султонов – собиқ имом-хатиби масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев – имом-хатиби масҷиди ҷамоти Навгилеми ноҳияи Исфара дастгир шуданд. Ба гуфтаи манобеи наздик ба парвандаи ин афрод, 6 нафари онҳо хатмкардаи Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта вориди ҳаракати динии “Ихвон-ул-муслимин” шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ба дунболи тафтиши парвандаи онҳо бархе дигар ходимони расмии масҷидҳо, ки бо имом-хатибони дастгиршуда робитаву ҳамкорӣ доштаанд, шиносоӣ ва дастгир гардиданд. Дафтари матбуоти додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ходимони расмии дин "бо айби шомил шудан ба созмони “Ихвон-ул-муслимин”, ки фаъолияти он дар соли 2006 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ карда шудааст", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Додрас: “Инҳо мақсади барпо кардани хилофатро доштанд”

Мақомот зиндонӣ кардани имом-хатибҳоро тоза кардани сафи масъулони масҷидҳо аз аъзои созмонҳои ифротии хатарзо барои сохтори давлатии Тоҷикистон, назири “Ихвон-ул-муслимин” меноманд. Ба таъкиди онҳо, барои ин гуна пешвоён, ки ақидаҳои суннатии ҳанафии намозгузорони масҷидро тағйир ва байни намозгузорон ихтилоф эҷод мекунанд, дар ҷомеаи давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон дар сафи пеши намозгузорон ҷой нест.

Мақомот мегӯянд, барои ин гуна афрод, ки ақидаҳои суннатии ҳанафии намозгузорони масҷидро тағйир медиҳанд, дар ҷомеаи давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон дар сафи пеши намозгузорон ҷой нест.

Шӯҳрат Аҳрорзода, муовини раиси додгоҳи Конибодом, ки бозбинии парвандаи 5 имом-хатиби масҷидҳои шаҳри Конибодомро анҷом додааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “инҳо аз соли 2000 то 2010 дар Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳираи Миср таҳсил кардаанд. Баъд ба созмони “Бародарони мусалмон” шомил гаштаанд. Мақсади ин созмони экстремистӣ тағйир додани сохтори қонунии давлати демократии Тоҷикистон, барпо намудани хилофати исломӣ, аввал бо роҳи даъват, сипас, бо зӯрӣ ба итоат даровардани давлатҳои дунё аст.”

Мурофиаи паси дарҳои баста

Тафтиши парванда ва мурофиаи додгоҳии имом-хатибон дар паси дарҳои баста ҷараён дошт ва ҷузъиёти бештари фаъолияти имом-хатибон эълон нашуд. Вале баъдтар як навори фаврии Вазорати корҳои дохилӣ аз “иқрор”-и як имом-хатиб, ки баъди шунидани хабари боз шудани парванда ба Русия фирор кардаву баъди тахминан чор моҳ ба умеди афв ба Тоҷикистон баргшт ва худро таслими мақомот кард, дар телевизионҳои маҳаллӣ гаштаву баргашта ба намоиш даромад.

Масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум.

Орифҷон Эргашев, имом-хатиби пешини масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷанд дар он навор гуфт, ки ба созмони “Ихвон-ул-муслимин” замони таҳсили динӣ дар хориҷа дар солҳои 1993-2001 шомил гашт. Вай гуфт, дар муддати тахминан 15 соли фаълияташ ба ҳайси мударриси мадраса, имом-хатиби масҷиди “Тақво” ва ёвари сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, ақидаҳои ин созмонро тарғиб мекард. “Барои иҷрои ин кор солона аз масъулони созмони мазкур аз хориҷа 3-4 ҳазор доллар маблағ дарёфт ва онро барои қурбонии чорпо барои мардум сарф мекардем”, - афзуд ӯ.

“Имом - хатибон танҳо мардумро ба ислому намоз даъват мекарданд”

Вале мудофеони ҳуқуқи инсон мегӯянд, фаъолияти имом-хатибон бо ҳадафи тағйири сохтори қонунии давлат на дар замони тафтишоти аввалияи парвандаҳо, на дар бозбинии додгоҳӣ ба исбот нарасид. Ба ҷуз инки худи имом-хатибон замоне шомил шудани худ ба созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин”-ро ба тан гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар умури дин содиқ ба мазҳаби ҳанафӣ буданд.

Як вакили дифои наздик ба тафтиши парвандаи Орифҷон Эргашев, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, “Эргашев дар боздоштгоҳи Хуҷанд вақти бопурсиаш ба ҳайси шоҳиди аъмоли рафиқонаш аз чашмон ашк мерехт. Ӯ мегуфт, ки исломро байни мардум тарғиб мекард, аммо мақсади дигар кардани сохти давлатдориро надошт.”

“Ихвон - ул – муслимин” дар Тоҷикистон

"Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияти онро дар бисёре аз кишварҳои арабӣ низ мамнӯъ кардаанд. Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо манъ гардид.

Ҳатто дар замоне, ки Муҳаммад Мурсӣ дар сари қудрат буд ва Душанбеву Қоҳира робитаҳои дипломатӣ доштанд, Тоҷикистон Ихвон-ул-муслиминро гурӯҳи тундрав мешинохт.

Аммо ин созмон ҳатто дар даврае, ки Муҳаммад Мурсӣ, яке аз раҳбарони “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср ба сари қудрат омад, дар Тоҷикистон мамнӯъ буд. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистону Миср бо ҳам робитаи дипломатӣ доштанд ва теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд, вале Душанбеи расмӣ ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ берун накард. Зимнан, декабри соли 2013 баъди аз сари раёсатҷумҳурӣ барканор ва зиндонӣ кардани Мурсӣ созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср низ мамнӯъ эълон гардид.

Мақомот дар бораи фаъолияти аъзои ин созмон ва теъдоди аъзояш дар Тоҷикистон иттилои кофӣ надодаанд. То соли равон теъдоде каме аз аъзои созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар кишвар дастгир шуда буданд ва 2016 барои масъулони умури дини кишвар чун соле ёдмон хоҳад буд, ки гурӯҳе аз имом-хатибон бо ҷурми фаъолият дар ин созмони мамнӯъ зиндонӣ шуданд.

Мақомот намедонистанд “ихвонӣ”-ро имом таъин мекунанд?

Имом-хатибони масҷидҳоро тайи чанд соли охир Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон таъйин мекунад ва онҳо ходимони расмии дин ба ҳисоб мераванд. Вале қаблан номзадии ин афродро муассисони масҷидҳо ба мақомот пешниҳод мекунанд ва минбаъд онҳо танҳо бо ризояти мақомот сари вазифаҳои масъули масҷидҳо гузошта мешаванд.

Шӯрои уламо ва идораи дини Суғд ба боздошт ва зиндонӣ шудани имом-хатибон хеле эҳтиёткорона вокуниш нишон дода ва мегӯяд, ки мақомот ҳеҷ касро бесабаб дастгир ва ҳабс намекунанд.

Вокуниши Шӯрои уламо ва идораи дини Суғд ба боздошт ва зиндонӣ шудани имом-хатибон хеле эҳтиёткорона буд. “Мақомот ҳеҷ касро бесабаб дастгир ва ҳабс намекунанд. Пас, онҳо барои исбот намудани гуноҳи онҳо далелҳое дар даст доштаанд”, - гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як масъули идораи дини Суғд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад.

Вале боз ҳам саволе матраҳ мешавад, ки чаро мақомот сари вазифаҳои масъули масҷидҳо омадани гурӯҳи имом-хатибони аъзои “Ихвон-ул-муслимин” аз қабл инро ҷилавгирӣ накарданд? Ё аз иртиботи онҳо бо ин созмони мамнӯъро дер кашф карданд?

Таҳлилгари масоили мубориза алайҳи ифротгароӣ Баҳроми Файзулло посухи ин саволро умдатан ба “нодидагирӣ”-и мақомот рабт дод. Ӯ гуфт, “мумкин аст, имом-хатибон баъзе саҳифаҳои тарҷумаи ҳоли худ ва табиист, ки иртиботашон бо созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслиминро пинҳон дошта бошанд. Ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медонистанду аввал ба ин ҷиҳат он қадар аҳамият надоданд, аммо чун диданд, ки иртиботи онҳо баъд аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон низ идома дорад, онҳоро ба ҳабс гирифтанд. Ба ҳар ҳол, ин ҳодиса хеле печида ба назар мерасад.”

Бархе коршиносони маҳаллӣ бар онанд, ки мақомот далелҳо ҷамъ меоварданд ва барои гирифтани имом-хатибон фурсат мепоиданд. Ва ин фурсат баъди баста шудани ҲНИТ, як ҳизби динии мухолифи давлат дар поёни соли гузашта ва шадидтар шудани муборизаи давлат алайҳи ифротгароӣ ва тундравии динӣ фаро расид.

Тартиби таъини имом-хатибони масоҷид баъд аз қазияи ҳабси гурӯҳи имом-хатибони Суғд тағйир нахӯрдааст. Ҳоло ҳам шӯъбаҳои дини ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи пешбарӣ ва таъини ходимони дини масоҷидро надоранд. Муҳсин Миркамолов, раҳбари шӯъбаи дин дар ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, баъди ҳабси ду ходими дини масҷиди шаҳр ҳанӯз касе ба вазифаи онҳо таъин нашуда, шахсияти номзадҳои ҷойгузини онҳо мавриди бозомӯзии мӯшикофонаи мақомот қарор доранд.