Бино ба иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 нафар раҳбар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Аз ҷумла, дар ин давра алайҳи 16 имом-хатибон ва дигар ходимони масҷидҳои вилояти Суғд бо иттиҳоми фаъолият дар созмони динии “Ихвон-ул-муслимин”, ки соли 2006 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон шудааст, парванд боз карданд.
Шариф Назарзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, вале ин афрод ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав солҳои пеш пайвастааанд ва ба сурати умум, дар соли равон кам шудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарктҳои тундрав ба назар мерасад.
Вай афзуд: “Чунки мардум, падару модарон ва фаъолони ҷомеа дарк карданд, ки ҳамроҳ шудан ба ин созмону ҳаркатҳои тундрав дар ҷомеа ихтилоф эҷод мекунад ва ба ғайр аз зарар ва ихтилофандозӣ, дигар чизе намедиҳад. Хона ба хона гашта, оилаҳои ноустуворро муайян кардем ва бо онҳо кор мебарем.. Бо ҷавонони ақидаашон ноустувор кор бурда, баъзе ҷавононро аз таҳсили динӣ аз хориҷа баргардонидем.”
Шариф Назарзода баргузории сӯҳбату мулоқот ва конфронсҳо бо иштироки ҷавонон, падару модарон ва фаъолони ҷомеа дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравро аз иқдомҳои умдае номид, ки дар кори пешгирии ҷавонон ба ҳизбу шаракатҳои тундрав ва дар маҷмӯъ, кам шудани ҷинояткорӣ, муассир будааст.
Зимнан, мулоқоту сӯҳбатҳои мақомот бо сокинон дар маҳаллаҳои Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари Суғд, ба хусус бо ҷавонон дар ду-се соли охир сурати муназзам гирифтааст. Дар баъзе мулоқотҳо ҷавононе, ки ноогоҳона ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ шомил гашта, ҷони худу наздиконашонро ба хатар гузоштаанд ва азобу машаққатҳо кашида, билохира ихтиёран аз он роҳи хатои худ даст кашидаанд, иштирок меварзанд. Онҳо таҷрибаи талхи худро ба сокинон нақл карда ва мардумро аз наафтодан ба “дом”-и созмонҳои тундрав, ҳушдор медиҳанд.
Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд: “Аз сӯи дигар, дар пайи роҳандозии амалҳои зиёди террористӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз сӯи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ки боиси куштори садҳо мардуми осоишта ва бегуноҳ гардид, эътибори ин гуна созмонҳо ва роҳу равиши онҳоро дар чашми мардум паст бурд ва мардум худрову фарзандонашонро аз ҳар гуна эҳтимоли пайвастан ба созмону ҳаракатҳои тундрав, канор мегиранд.”
Неъматуллоҳи Мирсаид афзуд, ҳамзамон бештар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони кории тоҷик, ҷиддӣ шудани назорати марз аз сӯи Русияву Туркия, тақвияти фаъолияти мақомоти тоҷик, бозгардонидани муҳассилини аз мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ, заминаҳои коҳиши шомилшавии ҷавонони суғдӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравро фароҳам кардааст.