Давои талоқ. "Ресепт"-и Бадахшон

Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Бадахшон, ба фарқ аз манотиқи дигари Тоҷикистон, теъдоди талоқҳо имсол коҳиш ёфтааст. Дар ин минтақа дузанагӣ ва талоқ бо телефону бо СМС низ тақрибан ба назар намерасад.

Занҳои Бадахшон ба фарқ аз занҳои сокини манотиқи дигари Тоҷикистон аз ҳамсаронашон талоқҳои телефонӣ ё смс-талоқ намегиранд.

Кумитаи омори Тоҷикистон бо нашри омори азҳампошии хонаводаҳо аз 19 дарсад афзудани мавориди талоқ дар аксар манотиқи кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Оморе, ки ба минтақаи Бадахшон рабт надорад ва мизони фурӯпошии хонаводаҳо дар ин вилояти мухтори Тоҷикистон баръакс 5 дарсад кам шудааст.

Оилаи Тоҷинисо ва Назаралӣ яке аз хонаводаҳои муваффақи бадахшӣ аст, ки 28 соли қабл бар пояи ишқу муҳаббат бунёд шудааст. Тоҷинисо раҳбари як созмони ғайридавлатӣ дар Бадахшон ва модари 3 фарзанд, мегӯяд, солиёни зиёд дар хонаводаи бузурги шавҳар зиндагӣ кардааст ва чун аксар дигар хонаводаҳо дар зиндагии онҳо ҳам мушкилоту нофаҳмиҳо буданд, аммо вай ёд надорад, ки боре онҳо фикри аз ҳам ҷудо шуданро карда бошанд. Баръакс, ба гуфтаи хонум Тоҷинисо, ин ҳама онҳоро ба ҳам наздиктар кард:

“Мо якҷо мушкилтарин солҳоро пушти сар кардем, гуреза будем, дар оилаҳои калон зиндагӣ мекардем, нофаҳмиҳо мешуд. Вале тоқат мекардем, ин мушкилот моро иттифоқтар, мо фикр мекардем, ки дар баробари ин ҳама мо бояд якҷо мубориза барем ва бо ҳам бошем. Имсол ягон писарамонро оиладор кардем. Онҳо ҳамроҳи мо нестанд, дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, келин ҳам аз хориҷа буд. Талаботи ҷавонон ҳоло дигар аст. Мо онҳоро ҷавоб додем, гуфтем, куҷое бароятон хуш аст, биравед. Барои мо муҳим сиҳату саломат бошед.”

Тоҷинисо мегӯяд, онҳо қабл аз издивоҷ чанд сол бо ҳам ошно ва аз дунёи ҳамдигар хуб огоҳ буданд, ва шояд ҳамин ба гуфтаи ӯ як сирри зиндагии тӯлонии муштаракашон аст. Аксари таҳлилгарони масоили занон дар Бадахшон ҳам бар инанд, ки дар ин минтақа, 90 дарсади ҷавонон дар интихоби ҳамсафари зиндагӣ озоданд ва чанд сол қабл аз издивоҷ ҳамдигарро мешиносанду меомӯзанд. Ҳолатҳои иҷборан ба шавҳар додани духтарон хеле кам ба мушоҳида мерасидааст ва яке аз омилҳои аслии устувории хонаводаҳо ҳам ба бовари онҳо ҳамин аст.

Бадахшон яке аз минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдастӣ Тоҷикистон аст, ки мардумаш бо урфу одат ва фарҳанги хоси оиладории худ то ҷое фарқ доранд. Ин ҷо духтарон метавонанд дар синни 37- 38-солагӣ ҳам бахти худро пайдо кунад, ва касе ҳам “пирдухтар”-ашон намегӯяд. Ва дузанагӣ ҳам дар миёни мардони ин минтақа маъмул нест.

Фарзина, донишҷӯдухтаре аз Бадахшон, ки дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт таҳсил мекунад, мегӯяд, “дар донишгоҳ дар курси 4 таҳсил мекунам, аксар духтарон аллакай дар курси болоӣ дар тараддуди оиладоршавӣ мешаванд ва ҳамкурсон маро ҳам нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, ту кай шавҳар мекунӣ, дер мешавад, аз модда меравӣ, вақте ман мегӯям, дар мо ин гап нест, мо мехонем, кор мекунем ва баъд вақташ ки омад, оиладор мешавем, ҳайрон мешаванд.”

Набот Додихудоева

Набот Додихудоева, раҳбари созмони ҷамъиятии “Мадина” ки бо занон кор мебарад, мегӯяд, дар хонаводаҳои мардуми Бадахшон баробарии зану мард бештар эҳсос мешавад ва ба фарқ аз дигар минтақаҳо, ин ҷо хушунат нисбати занон кам аст ва ҷавонон, махсусан духтарон танҳо баъд аз соҳибмаълумот ва аз нигоҳи иқтисоди мустақил шудан, оиладор мешаванд.

Хонум Додхудоева афзуд: “Духтарон ин ҷо аз синни 26, 27 ва ҳатто 32-солагӣ ба шавҳар мебароянд. Онҳо мегӯянд, аввал бояд хонанд, ҳатто ҳоло бисёраш хоҳиши дар магистратура таҳсил кардану баъдан оиладор шуданро мекунанд. Оғохон ҳам ҳамавақт мақоми духтарро дар оила боло мебардорад ва мегӯяд, агар шумо як писару як духтар дошта бошед ва пули шумо барои донишомӯзии як фарзанд бирасад, бояд онро барои духтаратон сарф кунед, зеро духтар насли ояндаро ба воя мерасонад. Шояд ин ҳам сабаб бошад.”

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи хонум Додихудоева, масъалаи талоқ барои ин мардум як масъалаи бисёр ҷиддӣ аст ва ин тасмим бо машварату ризояти тамоми хонавода гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳатман шоҳидоне, ки дар рӯзи тӯйи арусу домод ширкат доштанд, бояд ҳузур дошта бошанд: “Ин масъалаи бисёр мушкил аст, тамоми аҳли оила, падару модари зану шавҳар ҷамъ мешаванд, маслиҳату машарат мекунанд ва баъд ба як хулосаи ниҳоӣ меоянд. Ин ҷо талоқи телефони ё SMS-и нест.”

Акс аз бойгонӣ

Дар зимн, мавзӯи дузанагӣ ҳам миёни мардони минтақаи Бадахшон чандон маъмул нест. Ба гуфтаи фаъолони ин минтақа, фарҳанги мардуми ин ҷо аз қадим дузанагии мардро маҳкум мекард ва аксаран занон ҳам баробари огоҳ шудани аз оилаи дувуми мард, дигар хоҳиши бо ӯ зиндагӣ карданро намекунанд. Набот Додихудоева мегӯяд, мардони бадахшие ҳам ҳастанд, ки ду зан доранд, аммо онҳо бештар дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, на дар худи Бадахшон.

Дар маҷмӯъ, кам будани мавориди талоқ дар Бадахшон ва тафовутҳои дигар дар зиндагии оиладории ин минтақа дар ҳолест, ки таҳлилагрон бо нигаронь аз афзоиши мизони талоқ дар кишвар, издивоҷи иҷборӣ ва бармаҳали ҷавонон ва ба зиндагии мустақил омода набудани онҳоро аз омилҳои аслии аз ҳампошии хонаводаҳо унвон мекунанд.