Беш аз 500 марди тоҷик зиндонро беҳтар аз супурдани алимент ба фарзандони худ донистаанд, ки дар тарбияи ҳамсарони собиқашон қарор доранд.
- Додгоҳҳои Тоҷикистон дар якуним соли охир наздик ба 700 парвандаи “барқасдона саркашӣ кардани мардон аз пардохти алимент ба фарзандон”-ро баррасӣ кардаанд. Бар асоси иттилое, ки рӯзи 23-юми июн аз Додгоҳӣ олии Тоҷикистон дастрас шуд, 585 мард то “лаҳзаи охир”, “барқасдона” ва “бо баҳонаҳои гуногун” ба фарзандони худ алимент нусупурданд ва аз 6 моҳ то 3 сол зиндонӣ шуданд.
“Зиндон меравам, вале як дирам намедиҳам”
Қонун занҳоро эрка кардааст. Зуд рафта шикоят мекунанд. Ҳама тарафи занро мегирад, марди бечораро касе гӯш кардан намехоҳад. Мардон ҳам инсонанд ва онҳоро ҳам бояд фаҳмид. Бисёре аз занҳо девона мекунанд
Додгоҳи вилояти Хатлон Раҳим Шамсиддинов, як сокини 27-солаи ин вилоятро барои пардохт накардани алимент ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ ӯро барои барқасдона насупурдани 2700 сомонӣ ба фарзандаш муттаҳам донист.
Раҳим Шамсиддинов соли 2015 аз ҳамсараш ҷудо шуда, барои тарбияи танҳо духтараш додгоҳ ӯро ба пардохти 80 сомонӣ алимент вазифадор карда будааст. Ӯ то замони издивоҷи ҳамсари собиқаш бо марди дигар маблағи алиментро месупурд, вале пас аз шавҳар кардани ҳамсараш, ба истилоҳ, ӯро “чап” гирифт.
Додгоҳ гуфт, ки падар давоми 34 моҳ аз пардохти алименти фарзандаш худдорӣ кардааст.
Як масъули додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 23-уми июн гуфт, баҳси насупурдани алименти ин ҷавон дар ду додгоҳ баррасӣ шуд, вале ин ҷавон дар марҳилаи аввали додгоҳӣ гуфтааст, зиндон мешавад, вале ба ҳамсараш “як дирам намедиҳад”. Аммо дар марҳилаи дуюми додгоҳ пайвандонаш ин маблағро ба ҳамсари собиқаш доданд, вале додгоҳ ҳукми ӯро тағйир надод.
“Гуфтам, ба суд медиҳам, парво накард”
Моҳира Ҳусайнова, ҳамсари собиқи Раҳим Шамсиддинов мегӯяд, борҳо аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳаққи фарзандашро диҳад, вале ӯ бо таҳдид сарпечӣ мекард. “Пас аз ҷудо шудан зан гирифт, вале намехост, ман шавҳар кунам. Вақте шунид, ки шавҳар кардам, дигар гуфт, ягон кумак намекунам. Гуфтам, ки ман ҷавонам, хоҳӣ, нахоҳӣ шавҳар мекунам. Агар занӣ мекардӣ, дигар гап буд. Чанд бор ба ҳар восита хоҳиш кардам, вале надод. Гуфтам, ба суд медиҳам, парво накард. Баъдан, дар суд пушаймон шуд, хешовандонаш пулро доданд ва ман ҳам аз гуноҳаш гузаштам, лекин суд хотир надид”, - гуфт ӯ.
Пайвандони Раҳим Шамсиддинов назари баръаксро доранд. Шариф, бародари Раҳим мегӯяд, бародараш дар шакли либос ва хӯрок алиментро ба ҳамсари собиқаш супурда буд, вале чун ҳеҷ ҳуҷҷат дар даст надошт, додгоҳ ӯро гунаҳкор донист.
Ҷазо сахттар шуд, аммо...
Соли гузшта ба моддаи 178-и Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он афроде, ки барқасдона дар муддати се моҳ алиментро пардохт намекунанд, ба муддати то 3 сол зиндонӣ мешаванд. Тасвиби ин лоиҳаи қонун дар пайи иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои сахттар кардани ҷазо барои мардоне, ки аз пардохти алимент ба фарзандонашон сарпечӣ мекунанд, рӯи даст гирифта шуд. Бар асоси тарҳи тағйирот ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ба порлумон ироа шуд, дар сурати як моҳ сарпечӣ кардан аз пардохти алимент, кори чунин мардон ба қазовати додгоҳ гузошта мешавад. Қаблан ин муҳлат 3 моҳро дар бар мегирифт. Порлумон гуфт, ки чунин иқдом ба хотири ҳимояи ҳуқуқи кӯдак гирифта шуд.
Саймаҳмуд Гулзода, додраси додгоҳи ноҳияи Қубодиён, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардоне, ки ҳамсарони собиқ аз болояшон барои насупурдани алимент шикоят мекунанд, маъмулан нахуст барои суҳбат даъват мешаванд. Ӯ гуфт, дар мавриди аввал касе ҷонибдори ҳабс шудани онҳо нест ва талош мешавад, то ӯро ба супурдани ихтиёрии алимент розӣ кунонанд.
“Онҳое, ки даъват мешаванд ва пас аз фаҳмонидан маблағро месупоранд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Лекин бархе бо вуҷуди фаҳмонидан, ки ҳукми зиндон мегиранд, намесупоранд. Бо ҳар баҳона, ки “кӯдак аз ман нест” ва ё “ӯ модари маро беэҳтиромӣ кард”, “бокира набуд”, махсус аз додани пул ба кӯдаконаш сарпечӣ мекунанд. Вақте пас аз фаҳмонидан ҳам маблағро намесупорад, нисбат ба ӯ чораҳои маҷбуркунӣ татбиқ мешавад ва парванда боз мешавад”, - шарҳ дод додрас.
Ин додраси тоҷик мегӯяд, дар ин миён, воқеан, мардоне ҳастанд, ки тавони пардохти алиментро надоранд: “Се-чаҳор кӯдак доранд ва ҳамсари дигар гирифтаанд. Агар ба ҳар кадом 100 сомонӣ супорад, 400 сомонӣ мешавад. Онҳо надоранд, вале додгоҳ барояшон фурсат медиҳад. Аммо аз супурдани алимент озод намешаванд”.
“Сад сомонӣ ба як кӯдак чӣ мешавад?”
Онҳое, ки барои насупурдани маблағи алимент муттаҳам мешаванд, дар зиндони низомаш умумӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва онҷо ба кори маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Пуле, ки аз он ба даст меояд, ба суратҳисоби фарзандаш интиқол меёбад. Аммо, ба гуфтаи додрасҳои тоҷик, дар аксар маврид замони мурофиаҳои додгоҳӣ наздикону пайвандон маблағи алиментро пардохт мекунанд.
Лутфулло Абдуҷабборзода, вакили дифои тоҷик мегӯяд, як ҳафта пеш наздикони марде, ки ба насупурдани алимент муттаҳам мешавад, аз ӯ машварат пурсиданд.
“Аввал мегуфтанд, ки пул надоранд. Гуфтам, “кумак карда наметавонам, бояд супоред”. Вақте мурофиа сар шуд ва фаҳмиданд, ки кор ҷиддист, чаҳор ҳазор сомонӣ пайдо карда, супурданд. Ҳаҷми алимент ҳам хеле кам аст. Агар ба сабади истеъмолӣ мувофиқ кунанд, ин ночиз аст. 80 ё 100 сомонӣ дар моҳ ба кӯдак чӣ мешавад? Як пойафзол 80 сомонӣ аст. Фикр мекунам, ки вазнинии тарбияи кӯдак бар дӯши модарон аст. Падар агар инро насупорад, ноодилона аст.”
“Қонун занҳоро эрка кардааст”
Як марде, ки ҳоло парвандааш барои насупурдани алимент дар додситонӣ қарор дорад, бидуни зикри номаш гуфт, ҳамсараш маблағи додаи ӯро барои кӯдак сарф намекунад. Ӯ гуфт, ҳоло қонунгузорӣ ба занон имтиёзи зиёд дода, мардонро муттаҳам мекунад.
“Кӯдаконро ба мо дуруст нишон намедиҳад. Пулу маводи хӯрокворӣ, ки мебарем, ба онҳо намедиҳад. Ҳафтаҳо дар хона нест ва кӯдаконро дар дасти янгааш гузоштааст. Дилам ба кӯдаконам месӯзад. Гуфтам, ба ман диҳед, худам тарбия мекунам, то надиҳед, пул намедиҳам. Қонун занҳоро эрка кардааст. Зуд рафта шикоят мекунанд. Ҳама тарафи занро мегирад, марди бечораро касе гӯш кардан намехоҳад. Мардон ҳам инсонанд ва онҳоро ҳам бояд фаҳмид. Бисёре аз занҳо девона мекунанд”, - афзуд мусоҳиби мо.
“Фарҳанги муомилаи баъди талоқ вуҷуд надорад”
Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, мушкили аслӣ ин аст, ки дар ҷомеа фарҳанги муомилаи дурусти байни ҳамсарони ҷудошуда шакл нагирифтааст.
Саидамир Вализода, ҷомешиноси тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон вақте ҷуфтҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, ба душмани оштинопазир табдил меёбанд. “Ин душманӣ ба тарбия ва ояндаи фарзандон мушкил эҷод мекунад”, - гуфт ӯ.
Вализода афзуд, “ҷудо шудан аз ҳам поёни дунё нест. Вақте бо ҳам созиш намекунед, бояд ҷудо шавед, вале он набояд боис ба душманӣ шавад. Кӯдаконе, ки дар муҳити душмании волидон бузург мешаванд, дар оянда шахсияти дурусте намешаванд. Вақте ба модараш мегӯяд, фалон чизро хар, вале дар ҷавоб мешунавад, ки “падарат алиментро надод”. Дар кӯдакӣ рӯҳияи бадбинӣ шакл мегирад.”
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон низ дар як гузориши таҳлилӣ бо овардани омори сарпечии мардон аз супурдани алмент аз нақзи ҳуқуқи кӯдакон нигаронӣ кардааст.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор ҷуфт аз ҳам пошидаанд, ки баландтарин нишондод дар чанд соли охир аст.