Қонуннависоне, ки дар Тоҷикистон ба таҳияи матни нави Кодекси ҷиноӣ машғуланд, мегӯянд, ба як зумра тазодҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 2013 як гурӯҳи кории вижа ба таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ машғул аст ва қарор буд матни ниҳоии қонуни нав то охири соли 2017 анҷом ёбад.
Як дастуре, ки ин гуруҳ аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифт, ин буд, ки ҷазои ҷиноии бархе аз моддаҳои ин қонун бекор шуда, дар умум башаритар ва ё гуманитар шавад. Субҳиддин Баҳриддинзода, муовини раиси Маркази миллии қонунгузорӣ, ки низ дар таҳияи тарҳи нави қонун ширкат дорад, рӯзи 24-уми январ гуфт, таҳияи лоиҳаи қонун ба чанд далел ҳанӯз поён наёфтааст.
Фемидаи тоҷик дар солҳои ахир дар иҷрои қонунҳои сангин кам намеояд. Дар тӯли 4 соли охир додгоҳҳои Тоҷикистон дар нисбати аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳзати исломӣ ҳукми абад ва мӯҳлати зиндони аз 15 сол боло таъин кард.
"Як муаммо дар он аст, ки тибқи Конвенсияи байналмиллалии мубориза бо коррупсия, мо бояд ба Кодекси ҷиноӣ ваъдаи гирифтани пора, ваъдаи додани пора ва ваъдаи миёнравӣ дар пораро ворид кунем. Лекин ин масъала як муаммо дорад. Дар урфу одати мо ҳаст, ки вақте як калонсол ягон кор мефармояд, мо дар посух мегӯяем, ҳамеша дар хидмати шумо ҳастем, дар бари шумоем. Аз нуқтаи назари ин конвенсия, ин аллакай ваъда ва ё таклифи пора ҳисоб мешавад", - гуфт Баҳриддинзода.
Субҳиддин Баҳриддинзода афзуд, ҳарчанд ҳадаф гуманитар сохтани Кодекси ҷиноӣ аст, онҳо аз мақомоти қудратӣ гоҳе пешниҳодҳое мегиранд, ки баръакс бар ҷониби сахттар шудани ҷазоҳо ҳастанд. Ба унвони мисол, ӯ афзуд, мақомоти қудратӣ пешниҳод доранд, синни ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроде, ки дар хориҷа даст ба ҷиноятҳои мудҳиш задаанд, аз 16 соли кунунӣ то ба 14-солагӣ поин бурда шавад.
Дар як соли ахир ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйир ворид шуд, ки аксарият ба самти сангинтар шудани ҷазоҳо буданд. Ҷазоҳо барои саркашӣ аз пардохти алимент, рондани мошин дар ҳолати мастӣ аз ҷумлаи бандҳои Кодекси ҷиноӣ буданд, ки ҷазо барои он сангинтар шуд.
Фемидаи тоҷик низ дар иҷрои қонунҳои сангин кам намеояд. Дар тӯли 4 соли охир судҳои Тоҷикистон дар нисбати аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳзати исломӣ ҳукми абад ва мӯҳлати зиндони аз 15 сол боло таъин кард.
Ҳамчунон дар ин муддат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои тоҷик ба 28 соли зиндон, соҳибкор Зайд Саидов 29 соли зиндон ва С. Раҳимов роҳбари Муассисаи давлатии Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳо- ниҳоди тобеи Вазорати кишоварзӣ барои заминфурӯшӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд.
Ватан Абдураҳмонов, судяи тоҷик, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар замони шӯравӣ ва ҳам истиқлолиятро дошт мегӯяд, меъёрҳои Кодекси ҷиноии Иттиҳоди Шӯравӣ аз қонуни кунунӣ чеҳраи хеле башаритар дошт. Ӯ гуфт: "Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Иттиҳоди шӯравӣ сахтарин ҷазо 25 соли зиндон буд. Ҳабси аз ин тӯлонитар набуд. Ҳарчанд ҷазои ҳукми қатл вуҷуд дошт. Воқеан ҳам қонуни ҷиноии шӯравӣ аз ҳозира дида деморакратитар буд."
Ин судяи таҷрибадори тоҷик гуфт, сангинтарин ҳукме, ки дар замони кораш ӯ содир кард ин 17 соли зинон буд ва маҳкумшуда ба ҷурми терроризм муттаҳам шуд. Абдураҳмонов, ки раванди ворид шудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни ҷиноятии Тоҷикистон аз наздик мушоҳида мекунад, гуфт, ҷазоҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон торафт шадидтар мешаванд ва дар тағйироти охир ҳеҷ нишонае аз гуманизатсия ба назар намерасад.
“Мутаасифона мо қонунҳоеро қабул карда истодаем, ки бо онҳо мехоҳем мардумро тарсонем. Лекин ин фоида надорад. Мо бояд тавре кунем, ки дар миёни мардум тарс не, балки ҳисси эҳтиром ба қонунро ба вуҷуд биёрем. Барои ин бояд қонунҳоеро қабул кунем, ки одилона бошанд”, афзуд ӯ.
Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ бештар қонунҳои ҷиноии кишварҳои назди Балтик ва Гурҷистон дар даҳсолаи ахир шоҳиди ислоҳоти бунёдие гашта, қабои башарие ба худ гирифтанд. Аз ҷумла, сабукиҳои роиҷ дар ин кишварҳо бекор шудани бандҳое ба мисли туҳмату таҳқири раиси ҷумҳур ва ё дигар мақомҳои баландпояи давлатӣ аст. Ҳамчунон қонунгузории ин давлатҳо нигоҳдории бархе аз анвои маводи мухаддиро барои истифодаи худ, ки маъмулан ҳади ниҳоияш 5 грамм аст, ҷиноят намешуморанд.
Як назар ба муҳлати ҷазои моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ нишон медиҳад, ки ҷазо барои аксар ҷурмҳо дар Тоҷикистон хеле бештар аст. Барои мисол, барои дуздӣ дар Қазоқистон ва Гурҷистон ҳадди аксари ҷазо 10 соли зиндон аст. Дар Тоҷикистон барои айни ҷурм аз 8 то 12 сол зиндон муқаррар шудааст.