Як гурӯҳи маълулон рӯзи 7 август дар як сайр "дар пӯсти худ" санҷиданд, ки роҳу кӯчаҳо ва зербинои дигари Душанбе то куҷо барои ҳаракати ин қишр муносиб аст?
Сайругашт аз гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ оғоз ёфт. Ин гузаргоҳи зеризаминӣ ба тозагӣ тармим шуда, пайроҳаи махсусе барои аробаи маъбӣ низ дорад. Аммо то куҷо пайроҳаи ин гузаргоҳ барои ҳаракати маълулон бо аробача муносиб аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Росанжела Бермен Байер - мушовири аршади дафтари марказии ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ доир ба кӯдакони маълул, ки худ бо аробачаи худгард ва хеле бехатари маъюбӣ роҳ меравад, барои поин шудан бо ин пайроҳаи гузаргоҳи зеризаминӣ ҷуръат накард: « Ин пайроҳае, ки барои аробачаи маъюбон сохта шудааст, хеле хатарнок аст. Чунки хеле нишеб сохта шудааст. Ин барои ҳаёти маъюб хатар дорад».
Нишебии пайроҳаи ин гузаргоҳ чунон тез буд, ки ҳини сӯҳбати мо бо хонум Байер, кӯдакон дар ин пайроҳа ғеҷғеҷак мекарданд.
Нигина Икромова, сокини шаҳри Душанбе, ки низ бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, мегӯяд, гаштугузори маълулон дар кӯчаву хиёбон, иншоотҳои маишӣ, тиббӣ ва фароғатии Душанбе хеле сахт аст: «Бовар кунед, вақте ки сайругашт мекунед, аз ҳамин ибораи «бубахшед, ба мо кумак кунед» хаста мешавем. Чунки дар аксар кӯчаҳо ва иншоот роҳравҳои махсус барои маъбон сохта нашудаанд. Ғайр аз ин, дар мо ҳамин гуна андеша шакл гирифтааст, ки шахси маълул ҳадди аксар бояд ба беморхона ва хадамоти ҳифзи иҷтимоӣ мераваду халос. Аммо ман, масалан, мехоҳам ба кошонаи ҳусн ва мағозаҳо дастрасӣ дошта бошам».
Нигина Икромова мегӯяд, як мушкили бисёр умдаи маълулон набуди имконияти ҳаракат тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ аст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати ман, аксари маъюбон имкони молии равуо бо таксиро надоранд ва азбаски шароити нақлиёти ҷамъиятӣ барояшон муносиб нест, маҷбуранд, бештари вақти худро дар дохили манзил дур аз чашми ҷомеа сипарӣ кунанд.
Сироҷиддин Тағоев, мудири шӯъбаи банақшагирӣ ва муҳандисии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло ҳангоми қабули иншоотҳои нав шаҳрдорӣ ба сохтмони пайроҳа барои маъюбон аҳамияти махсус зоҳир мекунад: «Ҳоло дар ҳамаи иншоотҳои нав пайроҳа барои маъюбон бунёд мешавад. Аммо мутаассифона, дар аксар ҳолатҳо он ба талабот ҷавобгӯ нест ва кунҷи буришаш ниҳоят тез аст, ки барои маъюбон хатар дорад. Кунҷи нишебии пайроҳаи маъюбон мувофиқи стандартҳои меъмории мо бояд на зиёда аз 35 дараҷа бошад.»
Ҷаноби Тағоев мегӯяд, аз ин ба баъд дар ҳайати комиссияи қабули иншооти нав ҳатман намояндаи ҷамъиятҳои маъъбон ширкат мекунад. Ба таъкиди Тағоев, ин бояд нуқсу камбудиҳои пайроҳаҳо барои аробачаи маъюбонро аз байн бубарад, чунки худи маълулон онро дар амал месанҷанд ва танҳо баъди ин иншоотро комиссия давлатӣ қабул мекунад.
Бино бар омори расмӣ, теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон ба 164 ҳазор нафар мерасад, ки 30 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳуқуқу имтиёзҳои ин афродро қонуну санадҳои маҳаллӣ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Консепсияи миллии маълумоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Қоидаҳои таъмини маъюбон бо муолиҷа дар шифогоҳҳо таъйин ва танзим мекунад. Аммо ин қонунҳо, ба гуфтаи худи маъюбон, ба онҳо имтиёзҳои ночизе, чун истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози наздиҳавлигӣ ва пардохти нисфи пули телефони хонагиро фароҳам месозаду халос.
Як гурӯҳ созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои афроди маълул моҳи марти соли равон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, то Конвенсияи оид ба ҳуқуқи маъюбони СММ-ро ба тасвиб расонад. Паймони маълулон сохтани тамоми зербинои лозим барои ин қишри осебпазир ва ироаи имтиёзҳои фаровон ба мардуми маъюбро дар назар дорад. Аммо давлати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба далели вазъи иқтисодӣ наметавонад ин паймонро тасвиб кунад.