Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Тоҷикистон одамони сиҳат ҷойи кор надоранд, чи бирасад ба маъюбон"


Созмони маълулони шаҳри Қӯрғонтеппаро бекории бахши аъзами аъзои ин созмон, ки дорои ҳунарҳои мухталиф ва соҳибтахассус ҳастанд, нигарон кардааст.

Биноан, масъулони ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа аз мақомоти давлат хостаанд, ки барои маъюбон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кунанд.

Тибқи омори расмӣ, дар минтақаи Қӯрғонтеппа беш аз 35 ҳазор нафари маъюб ба сар мебаранд, ки вазъи иҷтимоии на ҳамаи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо шумори бисёр маҳдуди онҳо соҳиби кор ҳастанд ва аксарашон ба манобеи даромади молӣ дастрасӣ надоранд.

Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони Қӯрғонтеппа, гуфт, омори дақиқе оид ба теъдоди маълулони дорои кор дар Хатлон рӯйи даст нест, аммо шумораи қобили мулоҳизаи маъюбон соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар буда, кор кардан мехоҳанд.

Абдусамад Бобоҷонов, раиси Ҷамъияти маълулони Хатлон.
Абдусамад Бобоҷонов, раиси Ҷамъияти маълулони Хатлон.
«Солҳои пеш идораи шуғли аҳолӣ бо ҷамъиятҳои гуногуни маъюбон ҳамкорӣ дошт, ҳар дафъа дар ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гӯшаи махсус барои афроди имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд таъсис медоданд, мусоидат мекарданд, ки маъюбон ҳам соҳиби кор шаванд, худро аз ҷомеа ақибмонда ҳис накунанд. Аммо ҳоло чунин нест. Ҳоло мо намедонем, ки чӣ радар маъюбон ҷойи кор доранд, зиндагиашон дар чӣ ҳол аст. Масалан, бисёр одамони якдастаю якпоя ҳастанд, ки қобили кор мебошанд, баъзеяшон интизори кӯмаки мақомоти давлатӣ нашуда, дар бозор савдо мекунанд. Аммо дар корхонаҳои давлатӣ ҷойи по пайдо карда наметавонанд», - афзуд А. Бобоҷонов.

Ҳоло беш аз ним ҳазор сокини имконоти ҷисмониашон маҳдуди Қӯрғонтеппа шомили ҷамъияти маъюбон ҳастанд ва аксари онҳо шуғли бомузд надоранд.

Ҷамъияти нобиноёни минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мегӯяд, аз 950 узви ин созмон камтар аз 10 дарсади маълулони нобино дар водии Вахш бо шуғли доимӣ ё мавсимӣ таъмин будаанд.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, тамоми корхонаю муассисаҳои фаъол дар ин кишвар дастикам 3 дарсад аз шумораи умумии кормандонаш бояд аз афроди маълул иборат бошад. Яъне агар дар муассиса 100 нафар бо кор таъмин бошанд, ҳадди ақалл 3 нафар аз онҳо бояд афроди маълул бошанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа, ширкату корхонаҳо дар сурати қабули афроди маъюб ба кор аз лиҳози молӣ ҳам даромади шоистае хоҳанд дошт. Масалан, агар 50 фоизи кормандон аз афроди маълул иборат бошад, корхона аз пардохти андоз ё молиёт аз даромад озод хоҳад шуд.

Аммо Абдуқосим Азимов, сокини ноҳияи Бохтар, ки маъюби гурӯҳи дуввум аст, мегӯяд, аксари кордиҳандаҳо аз пазируфтани афроди маъюб ба кор парҳез мекунанд. Вай афзуд, ҳарчанд дорои дипломи мутахассиси кафшергар аст, дар шаш соли ахир дар ҳеҷ корхонаи давлатӣ ё хусусӣ наметавонад ҷойи кор пайдо кунад:

«Ҳоло ҳама корхонаҳо шахсӣ шудаанд, ба онҳо танҳо одамони сиҳату чолок даркор аст. Ман бошам, танҳо рӯйи як пой меистам. Пештар дар хоҷагии деҳқонӣ кафшергарӣ мекардам ва дастмузде ҳам дар иваз дармеёфтам, аммо хоҷагиҳо таҷдид шуданду бекор мондам. Ҳамсарам дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунад, аммо вай ҳам маоши собит надорад.»

Абдуқосим меафзояд, нафақаи маъюбиаш баробар ба 150 сомонӣ, муодили чизе беш аз 30 доллари амрикоист, ки барои таъмини иҷтимоии хонаводааш ва хариди маводи дорувор кифоят намекунад. Аз ин лиҳоз, ӯ мехоҳад барои худ шуғли бомузд пайдо намояд. Вай аз ҷустуҷӯи ҷойи кор хаставу ноумед шуда, ба ин қарор расидааст, ки бо маблағи қарз дастгоҳи кафшергарӣ бихарад ва дар рӯйи ҳавлии шахсиаш заруратҳои одамонро анҷом дода, пул кор кунад. Аммо мақомоти идораи барқ ва андоз ҳушдор додаанд, ки ӯ наметавонад дар хонаи худ ҳам бидуни иҷозатномаи расмӣ ба чунин навъи соҳибкорӣ машғул шавад.

Дар ҳамин ҳол, Салим Бобомуродов, бознишастае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, писари ӯ сарфи назар аз ин ки маъюби гурӯҳи дуввум аст, маълумоти олии иқтисодӣ дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, писараш дар ҳеҷ як корхонаи давлатию хусусӣ барои худ ҷойи кор пайдо накардааст. Бобои Салим мегӯяд, талошҳои номуваффақонаи писари маъюбаш барои ҷустуҷӯи кор ӯро дилсарду хилватнишин кардааст: «Писарам босавод аст, аммо бо ишора ба он ки маъюб аст, ӯро ба кор намегиранд. Бечора дар хона мешинаду аз бекорӣ нороҳат мешавад. Ба ҳавохӯрӣ кӯча мебарояд ва боз ба хона меояд…»

Дар ҳамин ҳол, Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, феълан шумори ағлаби маълулон дар водии Вахш шуғле надоранд ва баъзеяшон ночор даст ба гадоӣ мезананд. Аммо дар миёни онҳо одамони дӯзандаю пазанда, мӯзадӯзону майдакорони дигар ҳам ҳастанд, ки ба таври инфиродӣ кор мекунанд.

Ба қавли таҳлилгарон, ҳоло дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мизони бештар аз ҳамаи бекорӣ дар миёни афроди маълул ба мушоҳида мерасад. Афроди маъюб иддао доранд, ки мақомоти расмии кишвар дар роҳи мусоидат ба коҳиши мизони нодориву бекорӣ миёни маълулон ва ҳифзи сиҳҳати онҳо талошҳои нокофӣ ба харҷ медиҳанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон инсонҳои сиҳат бо кор таъмин нестанд, чи бирасад ба маъюбон, ки ҳамеша бо ёфтани ҷойи кор мушкил доштанд.

Масъулони Сарраёсати оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Хатлон мегӯянд, бисёре аз соҳибкорон аксар вақт аз ҷалби маъюбон ба кор дар корхонаҳои худашон худдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ, танҳо ҳукумат метавонад барои бо шуғли муносиб таъмин намудани чунин афрод шароит фароҳам оварад. Аммо дар ин идора ҳам дар посух ба ин суол, ки барои таъсиси ҷойи кор ё коргоҳҳои махсусе барои маъюбон дар Хатлон аз буҷаи давлат чӣ миқдор маблағ ихтисос дода шудааст, оҷизӣ кашиданд.
XS
SM
MD
LG