Ин чорабинӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи дастрасии зербинои пойтахти Тоҷикистон барои маълулон ва мусоидат ба тасвиби Паймони ҳуқуқи маълулон аз сӯи Тоҷикистон, рӯи даст гирифта шудааст.
Ҷовидшо Ҷӯраев, ҳамоҳангсози ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи асосии ин сайр ё тамошоро ҷалби таваҷҷӯҳи масъулин ба мушкили маълулон ва омӯхтани таҷрибаи мутахассисони маълул унвон кард. То кунун аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, танҳо Туркманистон ин Паймонро тасвиб кардааст. Кишварҳо бо тасвиби ин санад муваззаф мешаванд, барои маълулон зербинои лозимро фароҳам биоранд.
Дар ин замина ҳафтаи гузашта, бо ташаббуси Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, дар Душанбе ҳамоиши чаҳоруми ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ба тасвиб ин паймон гомҳои аввалини худро мегузоранд.
Руқия Қурбонова, муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфтааст, «Паймони ҳуқуқҳои кӯдак яке аз нахустин паймонҳои байналмилалие буд, ки Тоҷикистон баъд аз истиқлолият ба тасвиб расонид. Айни замон Тоҷикистон дар самти тасвиби Паймони ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият қадам мегузорад, ки он тадбирҳои андешидаи моро барои роҳандозии хизматрасониҳои инклюзивӣ, сиёсат ва низоми фарогир тақвият мебахшад, то баҳраварии кӯдакони дорои маълулият аз ҳуқуқҳои худ ба монанди кӯдакони дигар таъмин карда шавад».
Шумори афроди маълул дар Тоҷикистон ҳудуди 160 000 нафар тахмин зада мешавад, ки аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор нестанд. Аз ин ҳар шашумин маълул дар Тоҷикистон кӯдакон ҳастанд. Омори ЮНИСЕФ бозгӯи он аст, ки кӯдакони маълул дар Тоҷикистон дар миёни осебпазиртарин кӯдакон қарор доранд. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тақрибан 26 ҳазор нафар кӯдакони маълули то сини 18 сола аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Вале дастрасии комил надоштан ба доруворӣ мушкилии асосии ин қишри ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо дар соли 2010 бар асари хуруҷи бемории фалаҷ ва саривақт табобат наёфтани онҳо тақрибан 420 кӯдак ба шаклҳои гуногун маълул шудаанд.
Мизони маълулияти кӯдакон дар Тоҷикистон дар муқоиса ба сатҳи ҷаҳонӣ ҳудуди панҷ баробар бештар аст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин мезанад, ки 4.2 дар сади кӯдакони то сини 14 сола дар кишварҳои қафомонда ва миёна шакли мутавосит ё шадиди маълулиятро доро мебошанд.
Вале таҳлилгарони ин соҳа мегӯянд эҳтимол меравад, ки кӯдакони маълул дар Тоҷикистон «ноаён» ҳастанд ва шумораи онҳо аз омори расмӣ метавонад зиёд бошад. Яке аз сабабҳо аз он иборат будааст, ки волидайн кӯдакони маълули худро бо иллати «доғдор» шудан дар ҷомеъа, «пинҳон» мекунанд. Сабаби дигар дар саривақт табобат накардани онҳо мебошад, ки дар натиҷа маълул мешаванд. Аз ин рӯ кӯдакони маълул, дар зери хатари аз хизматрасониҳо дур мондан қарор доштаанд.
Дар ҷаҳон шумораи маълулон ба 1 миллиард мерасад, ки ҳар даҳумини онҳо кӯдакон мебошанд. 80 дар сади онҳо дар кишварҳои рӯ ба тарақӣ зиндагӣ мекунанд.
То кунун Паймони ҳуқуқи маълулон аз тарафи 155 кишвари дунё ба имзо расида, аз он 130 кишвар тавсиб намудааст. Дар миёни давлатҳои Аврупои шарқӣ – марказӣ ва ИДМ Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон онро имзо намуда ба тасвиб нарсондаанд. Белорусу Тоҷикистон бошад, ин паймонро имзо накардаанд. Бо имзо кардани ин паймон, сохторҳои Тоҷикистон вазифадор мешаванд, ки зербиноҳои сохтмонҳоро бо дарназардошти дастрасии маълулон тарҳрезӣ кунанд ва дигар шароитро барои чунин одамон фароҳам оранд.