Мақомоти Туркия 13 зан, аз ҷумла 12 зодаи Қирғизистону Узбакистонро ба иттиҳоми фоҳишагарӣ дар шаҳри Бодрум, дар ҷануби он кишвар боздошт кардаанд. Пулиси Туркия гуфт, ки яке аз занҳо аз Гурҷистон буда, боздошти онҳо рӯзи 24 апрел дар пайи амалиёти махсус сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, як мард низ дар ин шаҳр барои созмон додани ҳалқаҳои фаҳшо боздошт шудааст.
Ҳоло ин занҳо ба зиндони муҳоҷирон интиқол ёфта ва мақомоти Туркия онҳоро барои истирдод ба ватанашон омода мекунанд. Аз ин 13 зани боздоштшуда 11 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. Руслан Молдақунов, консули генералии Қирғизистон дар Истанбул, рӯзи 25 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, баъд аз шунидани ин хабар барои дарёфти иттилои дақиқ ба ниҳодҳои интизомии вилояти Айдин, ки шаҳри Бодрум дар он ҷо воқеъ аст, муроҷиат карда, аммо то ҳол посух нагирифтааст.
"Дар хабарҳои нашршуда мегӯянд, ки ин занҳо аз асорати шаҳвонӣ раҳо шудаанд. Вале пулис гуфтааст, ки онҳо бо ихтиёри худ ба онҷо рафта ва ихтиёрӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шудаанд," - гуфт Молдақунов.
Ба қавли консули генералии Қирғизистон дар Истанбул, бар ҳар ҳол ин гурӯҳи занон дар сурати воқеият надоштани хабар ҳақ доранд, ки дар тӯли 15 рӯз бар зидди амалиёти боздошт ба додгоҳ шикоят бибаранд. "Баъд аз хатми ин мӯҳлат онҳо ба Қирғизистон истирдод хоҳанд шуд," - афзуд консули генералӣ.
Вай гуфт, ин ҳодисаи авали боздошти занони қирғиз ба иттиҳоми фоҳишагарӣ дар Туркия. Балки ба гуфтаи Руслан Молдақунов, "мо ҳар ҳафта бо ин пешомадҳо дучор мешавем. Духтарону занони мо бештар барои ҳамин гуна хадамот ба инҷо меоянд. Онҳо бо ин корҳо асосан ихтиёрӣ машғул мешаванд."
Намояндаи расмии Қирғизистон дар Истанбул гуфт, онҳо ба роҳ талош доранд, то сокинонашонро огоҳ кунанд, ки хешовандони худро ба кори номаълум ба назди одамони номаълум нафиристанд: “Вале дар давоми як моҳи охир намунаи дигар ҳам ҳаст, ки ду зани қирғизро ба хадамоти ҷинсӣ маҷбур кардаанд. Ин ду нафар ба Қирғизистон фиристода шудаанд.”
Консули генералии Қирғизистон мегӯяд, ки на ҳамаи шаҳрвандони кишвараш ҳангоми муҳоҷират ба Туркия аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва ин корро мушкилтар мекунад. Молдақулов гуфт, "аз ниҳодҳои зидахли Туркия низ мо ин рақамҳоро гирифта наметавонем. Заноне, ки бо ин кор машғул мешаванд, асосан ихтиёрӣ меоянд. Вале намунаҳое ҳам ҳаст, ки баъзеҳоро бо фиреб ба инҷо меоранд ва ба ин кор маҷбур мекунанд. Баъзеҳо ҷойи кори хуби сердаромад ваъда мекунанд. Вале баъдтар маълум мешавад, ки ин тавр набудааст."
Соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ду сокини ноҳияи Турсунзодаро барои аз роҳи фиреб ба Туркия бурдан ва фурӯхтани як духтари 19-сола боздошт карда буд. Мақомот гуфтанд, ки ин духтари нуздаҳсола бо ваъдаи кори сердаромад ба Туркия бурда шуда, сипас барои кори шаҳвонӣ ҷалб шудааст.