Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҳишахона барои муҳоҷирони тоҷику узбак


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Воронежи Русия фоҳишахонаеро ошкор кардаанд, ки аз сӯи як зан аз Узбакистон ташкил шуда, сирф ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон «хидмат» мерасонд.

Додситонии ноҳияи Коминтерни шаҳри Воронеж, воқеъ дар 520-километрии ҷануби Маскав, пойтахти Русия, алайҳи як шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Алайҳи Нигора Сотиболдиеваи 34-сола бар асоси қисми аввали моддаи 241-уми Кодекси ҷиноии Русия (ташкили танфурӯшӣ ва нигоҳ доштани фоҳишахона барои танфурӯшӣ) айб эълон шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои даллагӣ ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 100 то 500 ҳазор рубл (муодили 1400 – 7200 доллар), ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 5 сол ваё ҳукми зиндон ба мӯҳлати 5 солро пешбинӣ мекунад.

Анна Смиткина, ёвари додситони ноҳияи Коминтерн рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «фоҳишахонаи ташкилкардаи Нигора Сотиболдиева танҳо ба муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон «хидмат» мерасонд ва аксари танфурӯшонаш низ аз ҳамин ду кишвари Осиёи Марказӣ будаанд.»

Фаъолияти ин фоҳишахонаи пинҳонӣ дар хиёбони Маскави шаҳри Воронеж ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як амалиёти маъмурони шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Коминтерн ошкор шудааст. Анна Смиткина аз ифшои шумори занони танфурӯш дар ин манзил худдорӣ кард. Ӯ гуфт, занони танфурӯшеро, ки дар ин фоҳишахона дастгир шуданд, баъди бозҷӯӣ раҳо карданд, вале Нигора Сотиболдиева, ки «Мама Роза»-и онҳо дониста мешавад, дар боздошт қарор дорад.

Интизор меравад, додгоҳ ин занро дар марҳалаи тафтишоти муқаддамотӣ барои ду моҳ ба ҳабс бигирад.

Тафтишот мегӯяд, ки ин «фоҳишахонаи муҳоҷирон» аз ибтидои моҳи феврал ба кор шурӯъ карда, то моҳи апрел ҳамагӣ ду моҳ фаъолият доштааст. Анна Смиткина, ёвари додситони ноҳияи Коминтерн ба Озодӣ гуфт, дар соли ҷорӣ ин нахустин мавриди ошкоршудаи фаъолияти фоҳишахонаҳо дар ҳудуди ин ноҳия аст. Ӯ афзуд, вале дар таҷрибаи кориаш дар мақомоти додситонӣ ин бори аввал аст, ки аз фаъолияти як фоҳишахонаи сирф махсуси муҳоҷирон пешгирӣ мешавад.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, тақрибан 1 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон ва 2 миллиони дигар аз Узбакистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар Русия бархе оморҳо то 5 миллион нафар бармешумуранд.

Аксари ин муҳоҷирон мардонанд, ки ҳар сол барои чанд моҳ аз ҳалқаи хонаводаҳои худ дур мемонанд. Бо дарназардошти талаботи физиологии муҳоҷирон дар атрофи онҳо дар маконҳои асосии кору зиндагии ин мардум дар Русия алакай шабакаҳои муташаккили танфурӯшӣ, аз ҷумла бо ҷалби занони танфурӯш аз худи Осиёи Марказӣ, ташкил шудаанд.

Қазияи фоҳишахонаи ошкоршуда дар Воронеж нахустин мавриди бо иттиҳоми танфурӯшӣ дар Русия боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон нест.

Ҳафтаи гузашта вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тотористони Русия аз боздошти 6 нафаре хабар дод, ки таҳти пардаи “толори масҳ” дар шаҳри Қазон фоҳишахона сохта, 19 зан, бо шумули як зани ҷавон аз Тоҷикистонро бо таҳдид дар инҷо маҷбур ба танфурӯшӣ кардаанд.

Дар моҳи январ пулиси шаҳри Петербург аз боздошти 9 зани танфурӯш дар як фоҳишахона дар ноҳияи Приморское хабар дод ва гуфт, ки ин танфурӯшон шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Камерунанд.

Дар соли 2014 пулиси Маскав аз қатъи фаъолияти як фоҳишахона дар гузаргоҳи Кутузов хабар дод ва гуфт, ин макони танфурӯширо як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон мечархонд.

Ҳамин тавр, дар бораи бо иттиҳоми танфурӯшӣ ё даллагӣ дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, бахусус дар Имороти Муттаҳидаи Араб, низ чандин гузориш даст расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар ин авохир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Дар моҳи майи соли гузашта Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки ин омор бар асоси тахминҳо таҳия шуда, ҳақиқат надорад.

Дар тирамоҳи соли 2015 парлумони Тоҷикистон ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. То ҳол занони танфурӯш дар Тоҷикистон баъди боздошт маъмулан танҳо бо ҷарима халос мехӯрданд.

XS
SM
MD
LG