Нашрияи “Московский комсомолетс”-и чопи Маскав бо Маъруф Одинаев, ки аз боздоштгоҳи Маскав фирор карда буд, баъди боздошташ мусоҳиба кардааст. Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 19 январ нашр шуд, Маъруф Одинаев дар бораи сабабҳои фирораш гуфтааст, “ман ба хона рафтан мехостам, озодӣ мехостам. Намехостам умрам дар зиндон гузарад.”
Дар ин гузориш ҷузъиёти фирори Маъруф Одинаев низ гуфта мешавад. Ӯ дар боздоштгоҳи рақами 5-и Маскав, ки ба далели наздикиаш ба истгоҳи метрои “Водный стадион” бо номи боздоштгоҳи “Водник” маъруф аст, дар як камера ҳамроҳ бо 17 нафари дигар нигоҳ медошта мешуд. Рӯзи 13 январ як ҳамҳуҷраи ӯ – Тағоймурод Ёфтаков, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон буд, бояд озод мешуд. Тағоймурод Ёфтаков, ки ҳангоми тафтиши санадҳояш афсари пулисро тела дода буд, моҳи сентябр бо ҷурми истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд ва ҳукмаш рӯзи 13 январ тамом мешуд.
Азбаски ҳарду қиёфаи шабеҳ ва қади баробар доштаанд, Маъруф Одинаев ин ҳамватанашро розӣ кунондааст, ки ба ҷои вай дар боздошт бимонад. Ӯ ба Ёфтаков гуфтааст, туро хоҳ-нохоҳ озод мекунанд.
“Московский комсомолетс” менависад: “Соати 15-20 дари камера кушода шуд ва маъмурони боздоштгоҳ аз Ёфтаков хостанд, ки ҳамроҳи чизҳояш барояд. Аммо ба ҷои ӯ Одинаев баромад. На онҳое, ки ӯро бароварданд, на конвоирҳо, на кормандони посгоҳи назоратӣ (КПП) касе инро надид. Гузашта аз ин, дар ҳар этап(дар маҷмӯъ ӯ аз 6 этап гузашт), аз ӯ ному рӯзи таваллуд, суроға ва маълумоти дигарро мепурсиданд. Маъруф ҳамаи маълумоти Ёфтаковро аз ёд карда буд ва бо итминон ҷавоб медод. Ҳамин тавр, ӯ ба озодӣ баромад...”
Масъулони боздоштгоҳи рақами 5-уми ФСИН - Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия - фирори Одинаевро "амри тасодуф" меноманд. Вале Елена Россохина, намояндаи расмии додситонии шаҳри Маскав рӯзи 19 январ гуфт, ин идора дар як номаи расмӣ ба номи раҳбари ФСИН мақомоти боздоштгоҳи рақами 5-ро ба бемасъулиятӣ айбдор карда, хостори муҷозоти онҳо шудааст.
Маъруф Одинаевро баъди 4 рӯзи фирораш, рӯзи 17 январ дар ҳудуди вилояти Маскав дастгир карда, ба ҳамин боздоштгоҳи рақами 5 баргардонданд. Кормандони ин боздоштгоҳ ба “Московский комсомолетс” гуфтаанд, ки то замони боздошти Одинаев шабурӯз сари кор будаанд: “Ӯро медонед, чигуна оварданд? Бо кортеж! Мисли як вазир. Тамоми раҳбарият ҷамъ шуд.”
Маъмурони боздоштгоҳи “Водник” мегӯянд, бо вуҷуди сарусадое, ки фирори Маъруф Одинаев ба по кард ва обрӯи онҳову коргоҳашонро бурд, касе ӯро як чуртӣ ҳам назадааст.
Худи Маъруф Одинаев низ дар сӯҳбат бо хабарнигор гуфтааст, ки касе азобаш надодааст, вале медонад, ки вазъи сангинаш акнун сангинтар мешавад. Тибқи қонунҳои Русия, ба ин шаҳрванди Тоҷикистон барои фирор аз зиндон то 20 соли ҳабс таҳдид мекунад.
Ӯ дар ин мусоҳиба аз зиндагии худ низ қисса карда гуфтааст, се сол пеш ба далели бепулӣ пеши падараш, ки дар як сохтмон дар Маскав кор мекард, омада буд. Баъди чанде дар як корхонаи қаннодӣ дар наздикии манзили иҷораашон ба кор даромад. Ӯ гуфтааст, аз рӯи ихтисос роҳбалади қатори роҳи оҳан аст, вале мустақилона ҳунари қаннодиро низ омӯхтааст ва ҳоло метавонад то 350 навъ торту ширинӣ таҳия кунад.
Ӯ изҳори умед кардааст, ки Тағоймурод Ёфтаков барои кумак карданаш дар фирори вай ҷазое намебинад: “Вай гунаҳкор нест. Ҳамааш айби ман буд. Ман хеле нигарони ӯям. Ба худ ҷои нишастан намеёбам.”
Маъруф Одинаев, соли аваллудаш 1993, зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар баҳори соли 2015 бар асоси қисми аввали моддаи 30(омодагӣ ба анҷоми ҷиноят) ва банди панҷуми моддаи 228-уми Кодекси ҷиноии Русия (фурӯши маводи мухаддир) боздошт шуда буд.
Хабарнигори “Московский комсомолетс” менависад, ҳарчанд Маъруф Одинаевро дар матбуоти Русия “граф Монте Кристои тоҷик” ном кардаанд, вале ӯ баъди боздошти дуборааш на ба Монте Кристо, балки бештар ба як барраи тарсхӯрда мемонд.
Ҳоло ӯро дар блоки махсус дар як камераи чоркаса нигоҳ медоранд. Се ҳамроҳи Маъруф Одинаев дар ин камера намояндагони халқҳои славянианд, ки ба ҷиноятҳои сангин айбдор мешаванд. Маъмурони боздоштгоҳи рақами 5 гуфтаанд, ки ин дафъа онҳо дақиқан Одинаевро бо ҳеҷ як маҳбуси дигар иштибоҳ нахоҳанд гирифт.
Бино ба омори ФСИН, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7800 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
Дар гузашта дар бораи чандин мавриди аз боздоштгоҳҳои ФМС – хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – фирор кардани муҳоҷирони тоҷики мунтазири ҳукми ихроҷашон ба Тоҷикистон гузориш шуда буд. Аммо Маъруф Одинаев нахустин шаҳрванди тоҷик аст, ки тавонист аз боздоштгоҳи ФСИН – идораи зиндонҳои Русия фирор кунад.