Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси фирории тоҷик дар Маскав боздошт шуд


Маъруф Одинаев.
Маъруф Одинаев.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия Маъруф Одинаев -- як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чанд рӯз пеш аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор карда буд, дастгир карданд.

Маъруф Одинаев, як маҳбуси тоҷик, ки рӯзи 13-уми январ аз як боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Маскав фирор карда буд, боздошт шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо асноди як маҳбуси дигар, ки бояд он рӯз озод мешуд, фирор карда буд.

Хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба манобеи худ дар раёсати Хадамоти маҳбасҳои Русия хабар додааст, ки дар пайи як амалиёти муштараки ниҳодҳои қудратии Русия, Маъруф Одинаев субҳи имрӯз, 17-уми январ боздошт шудааст.

Ин маҳбуси фирории тоҷик аз сӯи мақомоти Русия бо талоши содир кардани ҷиноят ва фурӯши ҳероин дар ҳаҷми махсусан калон, боздошт шуда ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд. Ӯ бо истифода аз шабоҳати худ бо як маҳбуси дигар, ки мебоист рӯзи 13-уми январ озод мешуд, ҳуҷҷатҳои ӯро ба даст гирифта ва худро ба ҷои ӯ "озод" кардааст.

Мақомоти Русия қаблан гуфтанд, ки Маъруф Одинаеви 23-сола шоми 13 январ, соатҳои тақрибан 17 аз боздоштгоҳ дар Маскав фирор кардааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав рӯзи 14 январ гуфт, Маъруф Одинаев аз боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 5 дар кӯчаи Виборгская, маъруф ба боздоштгоҳи "Водник" фирор кардааст.

Додситонии Маскав дар пайи ин ҳодиса ба таҳқиқи фирори ин шаҳрванди тоҷик, ки матбуоти Русия бо фирори граф Монте-Кристо ташбеҳаш додааст, шурӯъ карда буд.

Маъруф Одинаев, соли таваллудаш 1993, зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон буда, бар асоси қисми аввали моддаи 30 (омодагӣ ба анҷоми ҷиноят) ва банди панҷуми моддаи 228-уми Кодекси ҷиноии Русия (фурӯши маводи мухаддир) дар боздошт қарор дошт. Ӯ қабл аз боздошташ дар баҳори соли 2015 дар як корхонаи қаннодии шаҳри Маскав кор мекардааст.

Гуфта мешавад, маҳбусе, ки асноди худро ба Маъруф Одинаев додааст, бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндаи мақомот дар боздошт қарор дошт ва мӯҳлати боздошташ рӯзи 13 январ ба поён омада буд. Маъмурони боздоштгоҳи рақами 5 аз ғайб задани Маъруф Одинаев бо асноди як боздоштшудаи дигар танҳо нимашаб хабар ёфтаанд.

Раёсати Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН)-и шаҳри Маскав, ки масъулияти умури зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои пойтахти Русияро бар дӯш дорад, акси Маъруф Одинаевро дар сомонааш нашр карда, аз ҳама хоста буд, то дар ҷустуӯи ӯ ба мақомот кӯмак кунанд.

Бино ба маълумоти омада дар сомонаи ин идора, Маъруф Одинаев чеҳраи осиёӣ, мӯи сиёҳ, чашмони қаҳваӣ ва қади миёна (165 -170 сантиметр) дорад. Ӯ дар сар шапкаи сиёҳ ва дар тан пуховики сурхи ҷигарӣ, ҷинси кабуд ва пойафзоли сиёҳ доштааст.

Бино ба омори ФСИН, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7800 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG