Дар зиндони шаҳри Копейски вилояти Челябински Русия миёни як гурӯҳ зиндониён занозанӣ ба вуҷуд омадааст. Масъулони зиндон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ин маҳбас ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндониянд, дар ташкили ин занозанӣ, ки бо захмӣ шудани 4 нафар анҷом ёфтааст, гунаҳкор медонанд.
Оҷонсии хабарии маҳаллии “Доступ” хабар медиҳад, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 5−уми ноябр рух додааст. Дар ин занозанӣ дастикам 13 нафар ширкат доштаанд ва баъди он 4 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ду нафар дар шифохонаи шаҳри Копейск бистарӣ шудаанд.
Бинобар иттилои ин оҷонсӣ, сабаби аслии занозанӣ, баҳси пуливу молии ду шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Яке аз зиндониёни тоҷик, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хостааст аз ҳамватани хеш қарзи худро рӯёнад. Аммо вай ин пулро бозпас намедиҳад ва ин аввалӣ бо ёрии 10 нафар зиндониёни дигар мехоҳад аз тариқи зӯр ин пулро аз қарздор ситонад.
Аммо ба ҳимояи шахси қарздор се нафар аз ҳамроҳони ӯ бармехезанд. Дар натиҷа миёни ин гурӯҳ занозанӣ ба вуҷуд меояд ва баъди он 4 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ду нафар бо дасту пои шикаста ва зарбҳо ба косахонаи сар, дар шифохонаи шаҳри Копейск бистарӣ шудаанд.
Бинобар омори Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, дар ин кишвар дар ҳоли ҳозир 7 786 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Дар умум, чоряки маҳбусони хориҷӣ дар маҳбасҳои Русия, тоҷикон будаанд.
Аммо сеяки маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла аксари маҳбусон аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.