Фирӯза куҷо равад, Гулбибӣ куҷо монад? Тахриби даҳҳо хона дар Душанбе. ВИДЕО

Беш аз 50 сокини кӯчаи Шевченко дар маркази шаҳри Душанбе дар ҳавои сарди поиз бо ояндаи норӯшане рӯбарӯ ҳастанд. Деворҳое, ки то дирӯз сарпаноҳашон буд, яке паси дигар фурӯ мерезад. Мисли садҳо хонаи дигар, ки то кунун дар пойтахт тахриб шудаанд.

Аммо бо ин тафовут, ки инҳо дар баробари тахриби хонаҳояшон ҳеч пул ё маҳалли иқомати муваққате дарёфт накардаанд ва намедонанд, ки баъди тахриби хонаҳояшон куҷо мераванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирӯза куҷо равад, Гулбибӣ куҷо монад? Тахриби даҳҳо хона дар Душанбе

Боми манзили Гулбибӣ Исоева, модари 4 фарзанди хурдсолро алакай вайрон кардаанд. Ҷойе барои рафтан надорад ва ду рӯз боз дар хонаи бе бом шабро рӯз мекунад.

Фирӯза Абдулвоҳидова, яке аз сокинони ин кӯча рӯзи 16-уми ноябр гуфт, солҳои зиёд боз дар инҷо, дар ҳавлии хурд, бо шаш узви хонаводааш ба сар мебарад. Аммо се рӯз пеш якбора аз мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт огоҳ кардаанд, ки бояд манзилро холӣ кунад. Онҳо ба тахриби хонаҳои ҳамсоядевори онҳо шурӯъ кардаанд.

Ӯ гуфт, "мақомот бояд пеш аз тахриби манзил бояд бо хонаҳои иҷора таъмин мекарданд ё барои харидани манзили нав пул медонанд. Аммо мақомот бидуни пардохти ҳаққи манзил талаб карданд, ки ба зудӣ хонаҳои худро холӣ кунем."

Фирӯза Абдулвоҳидова мегӯяд, хонаводаи ӯ дар ин сардӣ намедонад куҷо равад. Онҳо сарпаноҳи дигаре надоранд. Мақомот ба онҳо гуфтанд, ки ин кор дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва хонаҳо бидуни баҳс бояд тахриб шаванд.

Мисли хонум Фирӯза аксар оилаҳои кӯчаи Шевченкои Душанбе, ки ин шабу рӯз тахриб мешавад, серкӯдаканд ва онҳо ҳайрон мондаанд, ки дар фасли сармо ба куҷо панаҳ баранд.

Боми манзили Гулбибӣ Исоева, модари 4 фарзанди хурдсолро алакай вайрон кардаанд. Ҷойе барои рафтан надорад ва ду рӯз боз дар хонаи бе бом шабро рӯз мекунад. Аз он нигарон аст, ки агар борон борад бо кӯдакон дар хонаи пури об мемонад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳафт бор ҷарроҳӣ шудааст ва дар баробари се кӯдаки хурд боз як писари бемор ҳам дорад.

Замони ҳузури мо дар ин кӯча, масъулини ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам дар он ҷо буданд ва талош доштанд, бо сокинони норозӣ сӯҳбат карда, онҳоро ором намоянд. Нахостанд бо мо сӯҳбат кунанд, аммо ба сокинон танҳо ваъда доданд, ки метавонанд пули моҳҳои аввали манзили иҷораро пардохт кунанд. Як масъул ҳам бо умеди ором шудани мардум мегуфт, ба онҳо хона дода мешавад, аммо бояд аввал манзилҳои худро холӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ маблағ барои онҳо ҷудо шудааст, ва баъди анҷом ёфтани марҳилаи расмиёт он ба дасти сокинон мерасад. Аммо маблағи ҷудошуда барои манзили 25 оила дар кӯчаи Шевченко, ки бояд тахриб шаванд, дақиқ гуфта нашуд. Як масъули ҳукумати ин ноҳия ҳам ба сокинон мегуфт, дар ҷойи ин хонаҳо бинои нави Вазорати адлияи Тоҷикистон бунёд мешавад.

Дар миёни сокинони ин кӯча танҳо ду нафар қасди шикоят надоранд. Онҳо мегӯянд, аз масъулини ҳукумати ноҳия маблағи шашмоҳаи иҷораро гирифтаанд ва барояшон муҳим нест, ки хонаҳояшон кай сохта мешавад. Вале сокинони дигар намехоҳанд ба ваъдаҳои холӣ ва бидуни ягон санаду замонате аз хонаҳояшон берун шаванд. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз тахриби хонаҳо эҳтимол дигар ба ёди касе намезананд ва бидуни сарпаноҳ бо сарнавишти норӯшан хоҳанд монд.

Тахриби биноҳои кӯҳнаи истиқоматӣ дар Душанбе бар асоси нақшаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон соле қабл шурӯъ шуд. Бар асоси нақша, бояд тамоми биноҳои то чаҳорошёна дар маркази вайрон шаванд ва ба ҷойи онҳо биноҳои то 25-табақа бисозанд.

Мақомот мегӯянд, барои ҳалли масъалаи дастрасии сокинон ба манзил чунин нақшаро амалӣ мекунанд. Барои ҳалли мушкиле, ки беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон дорад. Вале ба гуфтаи сокинон, иҷрои ҳар нақша ва ҳалли ҳар мушкил бояд бар асоси қонун сурат бигирад ва набояд нисбат ба онҳо беадолатӣ ё беинсофӣ кунанд.