Мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфтанд, ки қарор аст, бинои ЦУМ ё Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе низ тахриб шавад. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси ин кумита рӯзи 20 июл гуфт, аммо дар ҳоли ҳозир онҳо бо таъмиру тармими ин бино иктифо хоҳанд кард. “Бар асоси нақшаи куллии Душанбе бинои Фурӯшгоҳи марказӣ ҳам вайрон карда шуда, ба ҷояш бинои баландошёна сохта мешавад,” - гуфт ӯ. Фурӯшгоҳи марказии Душанбе қаблан ҷамъияти саҳомӣ буд ва аммо соли гузашта бо қарори додгоҳ ба ихтиёри дастгоҳи иҷрояии президенти Тоҷикистон дода шуд.