Дар ҷараёни амалиёти пулис бо номи рамзии "Тозакунӣ" (Поксозӣ) дар саросари Тоҷикистон, дар баробари санҷиши чанд бахши мухталифи зиндагии мардум, сабти расмии арӯсони хона дар ин манзилҳо низ санҷида мешавад. Ин амалиёт моҳи декабри соли 2016 оғоз шуда, аз гирифтани изи ангушт, тафтиши мӯҳлати шиносномаҳои шаҳрвандон ва сабти маҳалли иқомати сокинон иборат аст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт ҳоло дар навоҳии атрофи шаҳри Душанбе ҷараён дорад ва санҷишҳои аввалия нишон медиҳад, ки аксаран арӯсҳои тоҷик дар дафтари сабти аъзои манзили зисти шавҳарони худ сабт нашудаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, дар баробари гирифтани изи ангушт ва пурсиши масъалаҳои дигар, инчунин, ба сокинон таъкид мешавад, ки исми келинҳои худро ба дафтари сабти номи аъзои оила ворид кунанд.
Амалиёти “Тозакунӣ”, ки аз моҳи декабри соли 2016 оғоз шудааст, гирифтани изи ангушт, тафтиши мӯҳлати шиносномаҳои шаҳрвандон, сабти маҳалли иқомати сокинон ва дигар масъалаҳоро дар назар мегирад.
Ин гурӯҳи корӣ, ки аслан иборат аз нозирони милиса, кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва вакилони маҳаллаҳо иборат аст, хона ба хонаи сокинон пурсиш анҷом медиҳанд.
Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллаи “Сайёд” дар Ҳисор, ки дар ин пурсишҳо ширкат кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тамоми техникаи дохили хонаро санҷиданд, ҳуҷҷатҳои заминро диданд, бо нафароне, ки дар қайд нестанд, сӯҳбат карданд, бархе аз хонаводаҳоро огоҳӣ доданд ва барои дар қайд набудани келинҳо санад ҳам тартиб доданд.”
Пурсиш ва водор кардани хонавода барои ба қайд гирифтани келинҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар бисёр маврид занон бо вуҷуди солҳои тӯлонии зиндагӣ дар хонаводаи шавҳар ва таваллуди чандин фарзанд дар қайди ин хона гузошта намешавад, то вақти тақсими мерос ва ё аз ҳам пошидани оилаҳо ҳақталабӣ накунанд. Коршиносон мегӯянд, ба қайди ҳатмии арӯсон дар хонаҳои шавҳарон пеш аз ҳама ба манфиати худи арӯсон аст, ки дар сурати талоқ тавонанд дар додгоҳ барои ҳаққи худ ба манзил мубориза баранд.
Лутфия, ки баъд аз 8 соли зиндагӣ бо ду фарзанд аз шавҳар ҷудо шудааст, мегӯяд, тамоми ин солҳо дар хонаи шавҳар на чун як аъзои хонавода, балки чун як меҳмон зиндагӣ карду рафт. Вай мегӯяд, сабаби надоштани сабт дар хонаи шавҳараш? омили иқтисодӣ дошт. “Агар ба қайд мегузоштанд, харҷи пули обу партов ва хидматрасониҳои дигари коммуналӣ бештар мешуд. Барои ҳамин ва шояд ҳам бо далелҳои дигар дар қайд набудам ва даъво ҳам накардам”, - афзуд ӯ. Ҳоло ин зан мегӯяд, дар вазъияти сангини мубориза барои ҳаққаш ба манзил қарор дорад ва мутмаин нест, ки баъди додгоҳ ҳам ҳаққи ӯ риоя шавад.
Матлуба Бобоҷонова, як намояндаи “Лигаи занони ҳуқуқшинос” мегӯяд, аксаран занон вақте барои ба қайд гирифтан дар хонаводаи шавҳар даъво мекунанд, ки кор то ба ҷудошавӣ расидааст. “Вақте барои гирифтани ҳаққи худу фарзандон муроҷиат мекунанд, мо барои маскун кардан ариза менависем, ки онҳо бояд ба қайд гирифта шаванд. Вақте тафтишоти судӣ мешавад, духтар бо факту далелҳо исбот мекунад, ки дар ин хона зиндагӣ кардааст ва дар бисёр маврид даъвои онҳо эътироф мешавад ва дар қайд гузошта мешаванд”, - гуфт ӯ.
Матлуба Бобоҷонова мегӯяд, маъмулан хонаводаи шавҳар ба аъзои нави хонавода чандон бовар надоранд ва бо андешаҳои нодуруст, ки фардо келин ҳам метавонад, ба амволи онҳо “чашм ало кунад”, аз сабти онҳо дар хонаи худ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, зан бо вуҷуди онки дар қайд аст ё на, метавонад ҳаққи худро талаб кунад. Гулчеҳра, зане, ки соҳиби ду келин аст мегӯяд, “яке 4 ва яке 1 сол аст бо мо зиндагӣ доранд. Зиндагии хуб дорем ва ҳанӯз сари дар қайди ворид кардани келинҳо фикр накарда будем, чун зарурате ҳам барои ин пеш наомада буд/”
Аммо дар ҳар сурат Мунира Иноятова, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, талаб аз хонаводаҳо барои сабти расмии келинҳо амри зарурӣ аст. Ин кор, ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҳама барои риоя шудани ҳуқуқи зан аз сӯйи хонаводаи шавҳар муҳим аст.
“Бо таҷрибае, ки аз лоиҳаҳои кор бо занон дорам, вақте зану шавҳар дар фикри ҷудошавӣ мешаванд, маълум мешавад зан аз нуқтаи назари қонун ягон ҳуқуқ надорад, ақди никоҳ надоранд, дар қайди хонаи шавҳар нест ва хонаводаи шавҳар ҳам ҳар коре, ки хоҳад мекунад, аз хона меронанд ва зан бо кӯдакон дар нимароҳ мемонанд. Чунин ҳолатҳо зиёд ҳастанд махсусан дар хонаводаи муҳоҷирони меҳнатӣ”,-гуфт Мунира Иноятова.
Иноятова мегӯяд, хонаводаҳо бояд узви нави оилаи худ, яъне келинҳоро ҳам чун фарзандони худ қабул кунанд ва бо ворид кардани исми ӯ дар китоби хона, дар онҳо аз рӯзи аввал ин эҳсосро бедор кунанд, ки барои хонавода бегона нестанд.
Ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон солҳои ахир ба як мавзӯи доғ табдил шудааст, бештари онҳо марбут ба маскун шудан дар хонҳои собиқ шавҳарон пас аз гирифтани талоқ аст.
Бар асоси оморҳои расмӣ, соле бештар аз 6 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон расман аз ҳам ҷудо мешаванд ва аз ин рӯ, мақомот талош доранд то бо ҳар васоили имконпазир ҷилави талоқҳоро бигиранд.