То чаҳор моҳи дигар иҷрои як стратегияи муҳими Тоҷикистон ва он ҳам стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ба поён мерасад. Санади мазкурро 9 сол пеш ҳукумат бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву кори ҷавонон ва ҷалби онҳо ба барномаҳои муҳими давлатӣ қабул карданд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими он ҷалби ҷавонон ба таҳияву татбиқи сиёсатҳои давлатӣ хонда шудааст. Оё ҳукумат дар муддати тақрибан як даҳсола ба ин ҳадафҳо расид? Барои ҷавонони тоҷик шароити мусоид барои кору расидан ба ҳадаф фароҳам шудааст?
Дар барномаи имрӯзи Гапи Озод дар ин бора суҳбат мекунем. Меҳмонони барнома: Абдуқодир Талбаков – мудири китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Рустам Гулов – блогнависи тоҷик аз Душанбе ва Зеварбону Рауфӣ хабарнигори ҷавони тоҷик аз Аврупо.
Зеварбону Рауфӣ:
- "Нӯҳ сол замони каме нест. Дар ин муддат, воқеан, агар ҳукумат мехост, метавонист бо барномаи дақиқ шароити лозимро барои ҷавонон фароҳам биоварад. Ин стратегия, ба назари ман, зоҳирнамоие беш набуд. Аммо он чи ҳукумат дар ин муддат ба анҷом расонд, танҳо ҷамъ намудани як идда ҷавонон барои таблиғи ҳукумати ҳозира ва ба мансабҳо таъйин намудани ҷавонони хонаводаи раиси ҷумҳур ва атрофиёнашон будааст."
Абуқодир Талбаков:
- "Стратегия дуруст буд. Ҷалби ҷавонон. Суол ин аст, ки то куҷо амалӣ шуд? Стратегия то кунун амалӣ нашудааст, вале дар ин муддат ҷавонони зиёде сари қудрат омаданд, ҳатто роҳбариро дар муассиса ва идораҳои давлатӣ ба дӯш гирифтанд."
Рустам Гулов:
- "Дар ҳақиқат, натанҳо ин, балки ҳар стратегияи дигар, ки дар Тоҷикистон қабул мешавад, бештар зоҳирӣ аст. Яъне, стратегия дорем? Дорем. Вале суол ин аст, ки дар амал он то чӣ андаоза татбиқ мешавад?"
Шакли пурраи барномаро дар инҷо бинед ва навиштани назару пешниҳодҳои худро ҳам фаромӯш накунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад