"Дар Бухоро ҳеч гоҳ инқилоб нашудааст ва он чи ки 100 сол пеш дар қаламравҳои пешинаи ҳоло Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон рух дод, ишғоли Аморати Бухоро аз тарафи Русия ва аз байн бурдани он буд."
Нуралӣ Давлат - муаррих, Ҷонибеки Асрориён - пажуҳишгар ва Ҷалолиддин Аҳмадов - хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар "Гапи озод" - барномаи нави Радиои Озодӣ дар бораи ин сана ҳамин ақидаро баён карданд.
Бо вуҷуди он ки дар китобҳои таърихи Шӯравӣ ҷанги Русия дар Аморати Бухороро "инқилоби омма ба зидди Амир Олимхон, охирин амири Бухоро" номидаанд, вале ба гуфтаи мубоҳисон, ин гуфтаҳо воқеият надоранд.
Ба қавли Ҷонибек Асрориён "ин ҷанг буд". Нуралӣ Давлат гуфт, "таҷовуз бар қаламрави Аморати Бухоро идомаи нақшаҳои Русияи императорӣ буд, ки мехост, қаламравашро ҳамчунон васеъ кунад." Ба қавли Ҷалолиддин Аҳмадов, "ҳеч ҷои шубҳа нест, ки дар Аморати Бухоро касе барои сарнагунии Амир Олимхон инқилобе накардааст."
Баҳсро инҷо бубинед ва назаратонро бигӯед, ки баробари аз байн рафтани Аморати Бухоро тоҷикон бурд карданд, ё чизи зиёдеро бохтанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!