Дар Қирғизистон барои ронандагон қоидаи ҳаракат дар роҳ сахттар мешавад

Кӯчае дар Бишкек

Кӯчае дар Бишкек

Дар Қирғизистон шурӯъ аз 1 сентябр ронандагонеро, ки қоидаро вайрон мекунанд, дар ҳамон макони манъи мошин, аз санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронанд.

Дар ин бора сухангӯи президенти Қирғизистон Асқат Алагозов хабар дод. Агар ронанда ба ҳангоми гузаштани чунин санҷиши сарироҳӣ ба саволҳои бозрасони автомобилӣ дуруст ҷавоб дода натавонист ваё хато кард, ҳамон ҷо муваққатан аз шаҳодатномаи ронандагиаш маҳрум шуда ба идораи бо номи «Унаа» фиристода мешавад.

Ӯро он лаҳза пурра аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум намекунанд. Ронанда метавонад баъди ин ба ҳамин идора бори дигар муроҷиат карда, санҷиши донистани қоидаҳои ҳаракатро бори дигар супорад. Санади ронандагӣ фақат баъди бомуваффақият супурдани имтиҳон дода мешавад, навиштааст Радиои Азаттик.

Ба илова, барои ҳар дафъа супурдани имтиҳон аз ронандагон пардохти 500, баъд 1000-у 2000 то 4000 сом маблағ талаб мешавад. Чунин қарор бо ташаббуси президент Содир Ҷабборов қабул шудааст.

Дар Қирғизистон аз зиёд будани ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ изҳори нигаронӣ мешавад. Соли 2024 дар натиҷаи беш аз ҳафт ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаи роҳ, беш аз 10 ҳазор нафар осеб дида, 743 кас ҷон бохтааст.

Як сабаби асосӣ дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, мегӯянд мутахассисони соҳа.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чӣ гуна "Татра"-ро дар кӯҳҳои Ишкошим наҷот доданд Имсол ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расидаастМарги ду ва ҷароҳати 10 тан дар тасодуфе дар Русия. Аксар осебдидаҳо - шаҳрвандони Тоҷикистон Иброҳим дар роҳ ба мактаб кушта шуд. Чаро дар Тоҷикистон садамаҳо кам намешавад? ВИДЕО