Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду ва ҷароҳати 10 тан дар тасодуфе дар Русия. Аксар осебдидаҳо - шаҳрвандони Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии вилояти Нижний Новгороди Русия рӯзи 13 январ гуфт, шумори кушташудаҳо дар садамаи мудҳиши автомобилии шоми дирӯз ба ду нафар расид. Имрӯз як мусофири автобус, ки дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол ёфта буд, даргузашт. Эҳтимолан ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон буд. Дирӯз марги ронандаи мошини борбар хабар дода шуд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС гузориш медиҳад.

Мақомот дар вилояти Нижний Новгороди Русия мегӯянд, садамаи автомобилӣ бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд. Ба иттилои Идораи назорати кор дар ин вилоят, шоми 12 январ дар як ҳодиса автобуси ПАЗ ба мошини борбаре бархӯрд ва дар натиҷа, шоми дирӯз 11 шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуда як нафар ба ҳалокат расид. Ҳамаи осебдидаҳо корманди ширкати сохтмонии "Каркас Монолит" мебошанд.

Осебдидаҳоро ба ду беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Рӯзи 13 январ вазорати тандурустӣ гуфтааст, ки чор нафари осебдида дар беморхона мемонанд ва шаш нафари дигарро баъди расонидани ёрии тиббӣ барои идомаи муолиҷа ба хона ҷавоб доданд.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, таҳқиқи ҳодисаро нозири кор дар вилояти Нижний Новгород Иля Мошес зери назорати худ гирифтааст.

Айни замон, дафтари матбуоти раёсати ВКД дар вилояти Нижний Новгород ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса осеб диданд, дар ҳудуди Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекарданд.

Бар асоси хулосаҳои пешакӣ, сабаби рӯй додани садама ба самти муқобили ҳаракат баромадани автобуси ПАЗ гуфта мешавад, ки дар натиҷа бо мошини борбари «Амур» бархӯрд кардааст.

Мақомоти муҳоҷирати вилояти Нижний Новгород мегӯянд, аксари коргарони хориҷӣ дар ин вилоятро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Вебсайти «ФедералПресс» бо такя ба раёсати умури муҳоҷирати ВКД-и ин вилоят мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2023 дар Нижний Новогод 36921 патент ва 667 иҷозаи кор ба қайд гирифта шуд ва аксари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG