Гурӯҳе аз муштариёни бонки муфлисгаштаи «Ҳамдастӣ» дар Хуҷанд аз мақомоти Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод хостаанд масъулони дар озодӣ будаи ин бонкро низ барои пардохти маблағҳои онҳо муваззаф гардонанд. Онҳо мегӯянд, ҳабси мудири ин бонк мушкили пардохти пули онҳоро ҳал накард ва мақомот масъулони дигари ин бонкро низ ба ҷавобгарӣ бикашанд.
“Бунёди эҳроми молӣ”
Зери аризаи дастаҷамъии муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” ба унвони раҳбари Оҷонси назарати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ҳудуди 30 нафар имзо гузоштаанд. Дар ин ариза, ки як нусхаи онро дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ гузошта шуд, муштариёни ин бонк навиштаанд, ки дар аз худ кардани пули онҳо танҳо мудири иҷроияи бонки “Ҳамдастӣ” Сурайё Почоҷоноваи ҳоло зиндонӣ гунаҳкор нест, балки дар канори ӯ Равшан Почоҷонов ва Милевша Почоҷонова - мудирони собиқ, Додоҷон Сиддиқов – мудири шӯъбаи қарздиҳӣ ва Мунзифа Масобирова, сармуҳосиби ин бонк, низ даст доранд.
Мизоҷони "Ҳамдастӣ" мегӯянд, ки ҳабси мудири ин бонк мушкили пардохти пули онҳоро ҳал накард ва мақомот масъулони дигари ин бонкро низ ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Зуҳро Нодирова, яке аз муаллифони ариза мегӯяд, муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” бо ирсоли ариза аз раиси Оҷонсии мазкур талаб доранд барои рӯёнидани пулҳои онҳо аз раҳбарони ин бонк ёрӣ расонанд. Ӯ рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин чор нафар аз оғоз дар шакли ба ном бонк, як пирамида (эҳром)-и молиро сохта, пулҳои моро барои пасандоз ҷамъ карда, ба хазинаи бонкашон ворид накарданд ва ба киссаҳои худашон задаанд. Инҳо барои қарз пули “Ҳамдастӣ”-ро медодаанд, аммо молу мулки ба гарав гирифтаашонро ба номи худ сабт мекардаанд. Ҳамаашон ба ҳамдигар наздик ва хешу табор ва барномаи эҳроми молиашонро бо маслиҳат якҷоя амалӣ мекардаанд”.
“15 ҳазор пули муҳоҷиратам дар дасти соҳибони бонк ”
Бонки хурди “Ҳамдастӣ” соли 2009 таъсис шуда, вале аз моҳи июли соли 2015 ба далели он, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дари онҳоро ҳам кӯфтаву қарздорон пули бонкро намегардонанд, пардохти фоида ва баргардонидани пули муштариёнро комилан қатъ кард. Дар аввалҳои соли гузашта Бонки миллӣ “Ҳамдастӣ”-ро ба сабаби “иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон”, барҳам дод. Дар пай додгоҳи иқтисодӣ ин бонки хурдро “муфлис” эълон кард. Ҳоло ҳудуди 80 муштарии он ҳудуди 13 миллион сомонӣ, муодили 1, 5 миллион доллар пулҳои ба тариқи пасандоз гузоштаи худро бозпас гирифта наметавонанд.
Зуҳро Нодирова мегӯяд, 43 ҳазор доллар пули ба бонки “Ҳамдастӣ” пасандозгузоштаашро наметавонад бозпас бигирад. Икром Қурбонов, сокини шаҳри Хуҷанд яке дигар аз муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 15 ҳазор доллар пули аз роҳи мардикорӣ солҳо дар Русия ҷамъкардашро ба бонк гузошт, вале ду сол боз онро бозпас гирифта наметавонад: “Ҳамин пули пасандоз зиндагиамонро мечархонд. Ҳоло бо нафақапулии падару модари пирам зиндагӣ дорем. Пули таҳсили писарамро маҷбур шудем аз бонки дигар қарз гирифта диҳем. Ба 8 мақомоти муҳими давлатӣ аризаи дастаҷамъона навиштем, ки пуламонро рӯёнида диҳанд.”
Муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” мегӯянд, дар тӯли 2 сол ягон сомонӣ маблағи пасандози онҳо баргардонида нашудааст. Танҳо Бонки миллӣ ба ҳар кадоми онҳо 14 ҳазор сомонӣ бимапулӣ пардохт кардааст. Вале муштариён умеди худро аз бозпас гирифтани пулҳояшон накандаанд ва ҳоло аз Оҷонсии назроати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, ёрӣ хостаанд.
Посухи мақомот ба муштариёни “Ҳамдастӣ”
Масъулони Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки аз номи муштариёни бонки “Ҳамдастӣ” ба онҳо ариза расидааст. Санҷар Ҳасанов, муфаттиши ин ниҳод рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ваҷҳҳоеро, ки дар арзи муштариён оварда шудааст, дар ҷараёни тафтиши парвандаи нави алайҳи Сурайё Почоҷонова, мудири бонки “Ҳамдастӣ” “пурра, беғаразона ва ҳаматарафа” мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод: “Мо ба муаллифони ариза посух ҳам додем, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи мазкур нисбат ба номбурдагон (масъулони пештараи бонки “Ҳамдастӣ” ) қарорҳои қонунӣ қабул карда мешавад.”
"Мудири бонк дар зиндон, пулро кӣ бармегардонад?"
Мудири бонки “Ҳамдастӣ” Сурайё Почоҷонова дар айни ҳол дар маҳбас аст. Парвандаи ӯ бори сеюм дар додгоҳ мавриди бозбинӣ қарор гирифт ва ахиран додгоҳи Хуҷанд ӯро барои 18 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳ Почоҷоноваро барои содир кардани чандин ҷиноят, аз ҷумла аз худ кардани пули муштариёни бонк бо роҳи қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва суиистифода аз ваколат муҷрим шинохт.
Аммо вакили дифои ӯ Анвар Нурмуҳаммадов ҳукмро ноодилона номида, боз ҳам бозбинии парвандаро тақозо кардааст. Ӯ рӯзи 18 уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Агар ин чор нафаре, ки муштариён бар зидди онҳо шикоят кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, суд бояд зарари ба бонк расонидаи ҳар яки онҳоро алоҳида муайян кунад. Ҳол он ки зерҳимояам Сурайё Почоҷонова дар мурофиаҳои додгоҳӣ мегуфт, ки масъулияти гирифтану баргардонидани пули муштариёнро танҳо худи ӯ бар дӯш дорад.”
Ба гуфтаи вакили дифоъ, баръакс мудири бонки “Ҳамдастӣ” аз додгоҳ хоҳиш дорад, ки ӯро раҳо кунанд, то пули муштариёнашро аз қарздорони бонк рӯёнида диҳад. “Аммо бе ӯ иҷрои ин кор душвор, бисёр душвор”,- афзуд ӯ. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, муҷримоне, ки зарари молии ба давлат ё шаҳрвандон расонидаи худро ҷуброн мекунанд, бо пардохти ҷарима аз боздошт раҳо карда мешаванд.
Пули муштариёни бонки “Ҳамдастӣ”-ро кӣ бармегардонад ?
Гавҳаралӣ Ёров, мудири махсуси бонки “Ҳамдастӣ” мегӯяд, мизоҷони бонки “Ҳамдастӣ” 1 миллиону 230 ҳазор доллар қарздоранд. Ба қавли ӯ, баъди рӯёнидан ин маблағ ба муштариёни бонк дода хоҳад шуд. Масъулияти барҳам додани бонки “Ҳамдастӣ” ва ҳалли масоили пуливу молии он тибқи муқаррарот, бо қарори Бонки миллӣ бар дӯши ҳамин мудирияти махсуси он гузошта шудааст. Гавҳаралӣ Ёров мегӯяд, роҳи қонунии баргардонидани пули муштариёни як бонки муфлисшуда дар Тоҷикистон ҳамин аст ва таъмини онро давлат кафолат медиҳад.
Аммо ба қавли ӯ, муштариёни “Ҳамдастӣ” аз ин кафолат бархӯрдор нестанд: “Чунки ин муассиса, ки сокинон “бонк” ном мебаранд, аслан бонк нест, ин ҶДДМ ТАҚҲ “Ҳамдастӣ”, яъне ҷамъиятест, ки муассисонаш барои ба даст овардани фоида таъсис додаанд. Давлат ба ин гуна муассисаҳо иҷозатномаи фаъолият медиҳад, вале ба кори онҳо дахолат намекунад. Фақат дар баъзе ҳолатҳо дар 2 сол як маротиба муҳосиботи онро санҷиш мекунад.”
Ҷаноби Ёров мегӯяд, баргардонидани пули муштариёни созмонҳои қарздиҳии муфлисшуда ба рӯёнидани пул аз қарздорони бонк ва ё амволи ба гарав гузоштаи онҳо бастагӣ дорад. Дар акси ҳол, пули муштариён хоҳад сӯхт ва аз домани мақомот гирифтани онҳо суде нахоҳад дошт: “Онҳо пули худро ба дасти як мудири бонк дода, то 48 фоиз суди солона гирифта, маишат карда мегаштанд. Ҳеҷ фикр намекарданд, ки шояд ин як эҳроми молӣ асту эҳтимоли сухтани пулашон вуҷуд дорад. Мо онҳоро аз иштирок дар кори чунин муассисаҳо манъ карданӣ нестем, чунки дар як ҷамъияти ҳуқуқбунёд ва демократӣ зиндагӣ дорем. Вале баъди он, ки пулашон сӯхт, дар ин кор Бонки милливу сохторҳои давлату ҳукуматро гунаҳкор карданашон дуруст нест”.
Таҷрибаи муфлисшавии бонкҳо дар Тоҷикистон
Сокинони калонсоли Тоҷикистон сӯхтани пулҳояшон баъди барҳам хӯрдани шӯравию аз байн рафтан ё муфлис шудани бонкҳоро дар оғози солҳои 90 - и асри гузашта дар ёд доранд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ то рӯзҳои мо низ мардум ҳадди ақал се бор пасандозҳои дар бонки давлатии амонатбонк гузоштаашонро аз даст доданд. Вале то кунун давлат ҷиҳати рӯёнидан ва пардохти пулҳои сӯхтаи муштариёни бонкҳои давлативу хусусӣ иқдомҳои ҷиддие рӯи даст нагирифтааст, ки муштариёнро қаноатманд кунад. Дар рӯзҳои мо муштариёни бонкҳои Тоҷикистон ба мавҷи сеюми сӯхтан ё камқадр шудани пулҳои пасандозгузоштаи худ дар бонкҳо рӯ ба рӯ шудаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ аз бастани “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки дар гузашта дучори мушкил, хабар дод. Ҳамзамон Бонки Миллӣ гуфт, ки қисмате аз маблағҳои амонатгузорони ин ду бонк аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ ва боқимонда аз маблағи фурӯши тамоми амволи бонк пардохт карда хоҳад шуд.
Гавҳаралӣ Ёров, ки ба ҳайси мақоми барҳамдиҳандаи “Фононбанк” низ фаъолият мебарад, мегӯяд, ин бонк беш аз 1628 муштарӣ дорад, ки то кунун ба ҳудуди 1 200 нафари онҳо 17 500 сомонӣ маблағи суғурта пардохт шудааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, пули боқимондаи онҳо ва дигарон аз ҳисоби фурӯши “амволи ба гаравгузоштаи қарздорони “Фононбанк” дода хоҳад шуд.
“Ҳамдастӣ» соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд ба шакли “ҶДДМ - Ташкилоти қарздиҳии хурд” таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи масъулонаш, ин бонки хурд дар системаи бонкии Суғд ҷойгоҳи қавие надошт. Ҳамагӣ чандсад муштарӣ дошт ва то 4 ҳазор доллар қарз медод. Ва нахустин зарбаҳои бӯҳрони молӣ ин бонки ба қавли муштариёнаш – “эҳроми пулӣ” - ро вожгун кард.