Таҳдиди то 5 соли зиндони иловагӣ ба Носирӣ

Завқибек Шарифзода, додситони додситонии назорати муассисаҳои ислоҳӣ дар Суғд рӯзи 29 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Амонуллоҳхон Носирӣ, маҳбусе, ки баъд аз зӯҳри 24 ноябр аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд фирор карда буд, мутобиқи моддаи 365, қисми 1 – “Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ” боз кардаанд. Ин банди қонун ба фирорӣ аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Завқибек Шарифзода гуфт, ки тафтиш идома дорад ва эҳтимол дорад, ки нисбат ба масъулони маҳбас ҳам, ки бо хунукназарӣ ба иҷрои вазифаҳои хидматии худ ба гурехтани маҳбус раҳ додаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз шавад.

Амонуллоҳхон Носирӣ, маҳбуси зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд баъд аз зӯҳри 24 ноябр фирор кард, баъди ду рӯзи фирор, 26 ноябр дар ҳудуди ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара боздошт гардид. Ӯро баъди боздошт ба массисаи ислоҳӣ баргардониданд. Сабаб ва ангезаҳои фирори Носирӣ барои матбуот маълум нест, ҳамчунон ки мавқеи худи ӯ дар робита бо боздошту иттиҳоми наваш. Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, барои фирор аз маҳбас мӯҳлати зиндони ӯ тамдид мешавад.

Бар пояи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, Амонуллохон Носирӣ 26 сол дошта, истиқоматкунандаи деҳаи Шӯртанги ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара мебошад. Ӯ бо ҷурми ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, аз ин мӯҳлат се солашро паси панҷара сипарӣ кардааст. Ба иттилои мақомот, ӯ пеш аз ин, ду бор бо гуноҳи дуздӣ доғи судӣ гирифта буд.

Дар панҷ моҳи охир ин ҳодисаи дувуми фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд буд. Моҳи июни имсол аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карданд. Онҳо ҳангоми фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд куштанд.

Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад, вале пас аз чанд рӯз зимни муқобилият бо кормандони пулис кушта шуд.