Ин муҷрим, бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои дуздии телефонҳои мобилӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, акнун дар ростои ҷазои ҷиддитар аз дӯздӣ қарор дорад.
Исфандиёр Акрамови 20 сола, сокини ноҳияи Ғарм буда, ба гуфтаи манобеъи Озодӣ рӯзи 13 уми декабр баъди анҷоми мурофеъа аз толори додгоҳи ноҳияи Ёвон фирор кардааст.
Исфандиёр Акрамов моҳи сентябри соли ҷорӣ аз зиндони ноҳияи Ёвон озод шуда, дигар ба назди хонаводаи худ ба ноҳияи Ғарм барнагашта ва бар пояии паравандае, ки дорад дар бозор ба дуздӣ ва қаллобӣ машғул будааст.
Эмомалӣ Алимардонов, сардори шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Ёвон рӯзи 16-уми декабр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки роҳбарияти ноҳия кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар боздошти Исфандиёр Акрамов саҳм гузоштаанд, бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард: «Сардори Раёсати корҳои дохилаи вилоят омада, барои дастгир кардани маҳбуси фирорӣ маҷлис гузаронд. Ин аст, ки раиси ноҳия ба бачаҳое, ки кӯмак карданду ӯро пайдо намуданд бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ кард. Ифтихорнома доданд.»
Мақомоти пулиси ноҳияи Ёвон мегӯянд, Исфандиёр Акрамовро як рӯз баъди фирораш аз толори додгоҳ дар ҳудуди ҳамин ноҳия боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин маҳбусии фирориро аз деҳти Каҳдарави ноҳияи Ёвон, воқеъ дар 50 километрии ҷануби Душанбе дубора дастгир карданд ва ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Табарали Абдуллоев, муовини сардори ШКД-и Ёвон дар робита ба ин масъала гуфт, ки кормандони шӯъбаи онҳо дар ин амалиёт ширкат карданд, аммо дар боздошти ӯ аз маълумоти шаҳрвандон низ истифода шудааст. Ҷаноби Абдуллоев афзуд, ки дар роҳи боздошти маҳбуси фирорӣ мардуми мулкӣ низ ба мақомот кӯмак намуданд: “Рости гап худам ҳам барои дастгир кардани ӯ сафарбар шуда будам, аммо имкони тафсилоти бештари қазияро надорем. ”
Ҳоло маълум нест, ки Исфандиёр Абдуллоев танҳо бо нирӯи худ аз дасти посбонҳо фирор кард ва ё нафарони дигар низ дар озод кардани ӯ даст доштанд. Ҳам додгоҳ ва ҳам додситонӣ мегӯянд, баъди анҷоми мурофеъа ихтиёри муҷрим ба дасти посбонони вазорати дохилӣ буд. «Рӯзи 13-уми декабр, вақте додрас ҳукми додгоҳро хонд ва ҳамаи мо ба хӯрокхӯрӣ рафтем, ин ҳодиса рух дод. Вақте ҳукм эълон карда шуд, дигар вазифаи додгоҳ нест, ки дастгиршуда чигуна гурехтааст. Мақомоти дигар масъули посбонии ӯ буданд.», мегӯяд як масъули додгоҳ.
Фирори маҳбусон аз толори додгоҳ ҳодисаи барои Тоҷикистон чандон нодир нест.
Қаблан Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷик ба дӯстписараш кӯмак карда буд, ки аз бинои додгоҳ фирор кунад.
Фарзонаи Хуршед дар авоили соли 2010 бо ҷурми кӯмак ба фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз додгоҳ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ духтари ҳунарманди тоҷик Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, яке аз чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп мебошад.
Чанд соли пеш гурӯҳе ҳам аз маҳбусони тоҷик, ки қисме бо ҷурмҳои мисли терроризм маҳкум шуда буданд аз маҳбаси Кумитаи амнмяти миллӣ фирор карда буданд. Баъдан бахши умдаи онҳо боздошт ва бархе ҳам дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд. Ин ҳодиса барои раиси кумаитаи амняти милли Тоҷикистон бо аз даст додани курсии раёсаташ анҷом шуд.