"Салоҳият барои куштор" (Credit for Murder), филми мустанади коргардони исроилӣ Влади Антоневич, ба ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии Артдокфест роҳ ёфтааст. Ин филм, ки аз асрори қатли як тоҷик ва доғистонӣ дар тобистони соли 2007 дар Русия парда бармедорад, нахуст моҳи октябр дар шаҳри Рига ва баъдан дар моҳи декабр дар Маскаву Санкт-Петербург дода хоҳад шуд.
Влади Антоневич 15 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қисматҳои ин мустанадро тӯли 7 сол - аз 2007 то 2015 - дар Русия ба навор гирифтааст. Ангезаи рӯи кор омадани ин мустанад як навори 2,5-дақиқаӣ дар YouТube шудааст, ки дар он гуруҳе зери парчами миллатгароён як доғистониро сар бурида, бо зарби тир як тоҷикро ба қатл мерасонанд.
Ин қотилон ҳоло ҳам дар Маскав ҳастанд. Албатта, ба ҷуз аз як нафарашон, ки ба Украина гурехт.Влади Антоневич
Влади мегӯяд, замоне даст ба таҳқиқ ва пардабардорӣ аз асрори ин ҷиноят даст зад, ки Кумитаи тафтишотии Русия эълон кард, ки ин навор сохта буда, саҳнасозӣ шудааст. “Кумитаи тафтишотии Русия давоми як сол иддао мекард, ки ин навор саҳнасозӣ шудааст. Вақте дилхоҳ нафар бо ақли солим онро тамошо мекунад, мефаҳмад, ки навор воқеӣ аст. Чунки дар навор як нафарро сар мезананд ва ин саҳнасозӣ буда наметавонад. Ҳамин нукта барои ман як парчами сурхе шуд, ки водор сохт ин мустанадро таҳия кунам”, - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин коргардони исроилӣ мегӯяд, ин навори кӯтоҳ ба зудӣ дар шабакаи YouТube миллионҳо тамошобин пайдо кард ва то замони пок шуданаш бо номи “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” дар паҳнои Интернет сайр мекард. Влади Антоневич ҳамроҳ бо чанде аз дӯстони наворбардораш худро хабарнигори қавмгарои амрикоӣ вонамуд карда, ҳаракату гурӯҳҳои қавмгароро аз дохил омӯхтааст. Влади ҳатто аз марказҳои омодагии ҷангии миллатгароён навор бардошта, тӯли 7 сол талош кардааст, ки омилону фармоишгарони қатли тоҷик ва доғистониро ошкор намояд.
“Исми яке аз қатлшудаҳоро мо медонем. Номаш Шамил Одаманов аз Доғистон аст. Дар бораи нафари дувум, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, чизе намедонем. Чунки оилаи ӯ ва ё ягон нафар аз хешовандонаш пайдо нашуд, то бигӯяд, ӯ бародар ва ё хеши ман буд”, - гуфт Влади Антоневич.
Дар мустанади Антоневич ин ҳақиқат ошкор мешавад, ки ҳаракатҳои милатгароён дар Русия аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ пуштибонӣ меёбанд ва қатли ғайрирусҳо низ бо ишораи мансабдорони давлатӣ сурат мегирад. Ӯ гуфт, мақомоти интизомии Русия намехоҳанд, ин ҷиноятро то ба охир тафтиш кунанд ва омилони ин куштори ваҳшиёна ҳамоно муҷозот нашудаанд. Ҳол он ки, ба таъкиди ин коргардон, дар доираҳои қавмгароён медонанд, ки ин куштор кори дасти кӣ буд. “Ин қотилон ҳоло ҳам дар Маскав ҳастанд. Албатта, ба ҷуз аз як нафарашон, ки ба Украина гурехт”, - хулоса кард ӯ.
Дар мустанади Антоневич саҳнаеро дидан мумкин аст, ки дар он падари Одамонов - доғистонии қатлшуда – мегӯяд, вақте ӯ аз муфаттишон дар мавриди чигунагии тафтишот пурсид, ба ӯ гуфтаанд, ки “худат ин парвандаро тафтиш кун”.
Влади Антоневич мегӯяд, шахсе, ки мустанади ӯро тамошо мекунад, мефаҳмад, омилони ин куштор чаро ошкор нашуданд ва барои чӣ ҳеҷ гоҳ ошкор нахоҳанд шуд. Мустанади "Салоҳият барои куштор"-и Антоневич нахуст моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Амстердами Ҳолланд муаррифӣ шуда, баъдан дар чанде аз ҷашнвораҳо аз ҷумла дар ҷашнвораи “Док-Авив” ширкат кардааст.
Ин коргардон мегӯяд, пас аз муаррифии ин мустанад, нахуст мақомоти Русия ҳама гуна линкҳои марбут ба ин филмро аз ҷустуҷӯгари Рамблер пок карданд. Баъдан чанде аз намояндагони Русия дар Исроил Антоневичро ба суҳбат даъват карданд: “Занг зада ба мулоқот даъват карданд. Рафтам. Онҳо кори маро маҳкум карданд. То ҷое мефаҳмам, ҳанӯз касе дар утоқи ягон манорае дар Маскав сарашро мехорад, ки чӣ гуна ба ин мустанад вокуниш нишон бидиҳад”.
Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар марги бахше аз ин муҳоҷирон миллатгароҳои русро муқассир медонанд, вале кам андар кам мақомоти Тоҷикистон аз Маскав тақозои қотеонаи таҳқиқи ҳодисаҳои куштори шаҳрвандонашонро кардаанд.
Қотилони тоҷики қатлшуда ҳам, ки дар навори паҳнкардаи миллатгароён дар соли 2007 сабт шуда буд аз ҳамин қабил ҳастанд, ки то ба ҳол ошкор ва муҷозот нашудаанд.