Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби виза бо Осиёи Марказӣ. Ин бор аз забони намояндаи ҳизби Путин


Russia -- Franz Klintsevich, Russian Duma member ("United Russia"), Moscow
Russia -- Franz Klintsevich, Russian Duma member ("United Russia"), Moscow

Як сенатори Русия бо тарафдорӣ аз ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, барои амалӣ шудани ин пешниҳод мубориза хоҳад бурд.

Франтс Клинтскевич, муовини раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, рӯзи 2 май дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад.

Ӯ аз бурдани исми кишварҳои мушаххасе, ки Маскав, ба ақидаи ин сенатор, бояд бо онҳо виза ҷорӣ кунад, худдорӣ кард, вале гуфт, “сухан дар бораи Қазоқистон ва Қирғизистон намеравад.”

Франтс Клинтсевич бо ишора ба “қатли ваҳшиёнаи раҳбари собиқи пулиси Сизран ва аъзои хонаводаи ӯ б о дасти зодагони Осиёи Марказӣ” ва “марги мудҳиши кӯдак дар Маскав аз дасти дояи ақлгумкардааш аз Узбакистон” гуфт, “ҳама чиз ҳадди худро дорад.” Клинтсевич афзуд, “бояд дар сатҳи давлатӣ хулосаҳои мушаххас бароварда шаванд ва моро зарур аст маълум кунем, ки барои Русия чӣ муҳимтар аст: равобити хуб бо ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, ки мо, бидуни шак, ба онҳо арҷ мегузорем, ваё амнияти шаҳрвандони мо?”

Франтс Клинтсевич, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия вакили вилояти Смоленск мебошад, гуфт, “то замоне ки ин ду чизро наметавон бо ҳа мовард, ман қотеона аз ҷорӣ кардани режими виза тарафдорӣ мекунам ва бо тамоми васоили бароям дастрас ин пешниҳодро ташвиқ мекунам.” Ӯ ҳамчунин хостори шадидтар кардани тартиби ироаи шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ шуд ва гуфт, манзури вай Қирғизистону Қазоқистон нест, ки ҳамчун узви Иттиҳоди АвроОсиё бо Русия равобити хоси иқтисодӣ доранд.

Шокирҷон Файзуллоев, аз тоҷикони фаъоли Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ дар вокуниш ба ин изҳороти Клинтсевич гуфт, бори дигар матраҳ кардани масъалаи виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ “партоби тӯб” аст, ки афкори ҷомиаро бисанҷанд: “Дар асл раводид ҷорӣ намекунанд, чунки ба худашон душвор мешавад. Агар бо мантиқи Клинтсевич бигирем, пас бо аскарҳои пойгоҳи 201-уми Русия чӣ кунем? Онҳо низ дар чанд куштор айбдор шуданд-ку. Масалан, ҳукми Шербаков чӣ шуд? Чанд сол гирифт?”

Дар маҳофили Тоҷикистон низ дигарбора дар миён гузоштани масъалаи виза ва он ҳам аз забони як намояндаи ҳизби ҳокими Русияро боз як бори дигар аз нуқтаи заъфи кишварҳои муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – Узбакистону Тоҷикистон – доштани Маскав ва аз нав ба бозӣ кашидани қартаи муҳоҷирон мешуморанд.

Аммо хабарнигори тоҷик Далер Ғуфронов мегӯяд, агар Кремл ба ин таҳдидаш амал кунад, барои Душанбе аз нигоҳи сиёсӣ чанд натиҷаи мусбат ҳам дорад: Дар ҳоле ки ҷойгоҳи Русия дар қаламрави геополитикии олам торафт танг мегардад ва мутаносибан шарики стратегии ин кишвар будан рӯз то рӯз барои ҳар кишваре аз манфиат дида бештар зиён дорад, ман зид нестам, агар Кремл бо ин ташаббуси худ моро аз Русия батадриҷ дур созад.”

Андрей Гошт
Андрей Гошт

Франтс Клинтсевич дар ҳоле талаби ҷорӣ кардани виза бо “бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ”-ро матраҳ мекунад, ки бино ба охирин хабарҳои расида, се гумонбари боздоштшуда дар қатли Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ва раҳбари собиқи пулиси ноҳияи Сизран дар асл зодагони Озарбойҷон будаанд, на аз Осиёи Марказӣ. Андрей Гошт ҳамроҳ бо 5 узви хонаводааш шаби 23 ба 24 апрел дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизран дар манзили падариаш бо зарби болға кушта шуд.

Мақомоти тафтишотии Русия рӯзи 1 май хабар доданд, ки шаби 30 апрел 3 зодаи Осиёи Марказиро ҳамчун гумонбар дар ин парванда дастгир кардаанд ва як гумонбари дигар як рӯз қабл аз боздошт ба Тоҷикистон фирор кардааст. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки мақомоти тафтишотии Русия алакай бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон дар тамос шуда, гумонбари фироркардаро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Аммо алакай рӯзи 2 май аз Сизран хабар расид, ки се гумонбари дастгиршуда, ки барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд, аз Озарбойҷон мебошанд.

Франтс Клинтсевич дар се рӯзи охир алакай дувумин вакили парлумони Русия аст, ки масъалаи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ мекунад.

Рӯзи 29 апрел Иля Дроздов, узви кумитаи СНГ, ҳамоиши АвроОсиё ва робитаҳо бо ҳамватанон дар Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия - дар як вокуниши тунд ба хабари манъ шудани истифодаи пасвандҳои русӣ дар номгузории шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, Русия бояд бо таҳдиди ҷорӣ кардани виза Тоҷикистонро аз ин тасмимаш баргардонад.

Иля Дроздов
Иля Дроздов

Иля Дроздов, ки дар Думаи давлатӣ аз ҳизби қавмгарои либерал-демократи Владимир Жириновский намояндагӣ мекунад, дар мусоҳибабо радиои “Говорит Москва” гуфт, “ҳуқуқи русзабонҳо нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тақрибан ҳамаи кишварҳои собиқи СССР ва пеш аз ҳама дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна поймол карда мешаванд.” Ӯ ҳукуматҳои кишварҳои соҳили Балтикро бо лаҳни боз ҳам тундтаре “режимҳои қавмгаро” номида, гуфт, поймол шудани ҳуқуқи русзабонҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ на аз “зӯрии ҳукуматҳои маҳаллӣ”, балки аз “заифии сиёсати мо, заифии Русия, нотавониаш дар амри ҳимоят аз ҳамватанҳои мо” дарак медиҳад.

Иля Дроздов дар намунаи қарори мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати манъи истифодаи пасвандҳои русӣ дар номгузорӣ гуфтааст, “Тоҷикистон қариб комилан аз мо вобаста аст – сар карда дар масъалаи тъамини амнияташ ва рафта то сели пулҳое, ки ба ном муҳоҷирони корӣ ба Ватан мефиристанд. Ман фикр мекунам, як занги як нафар ҳатто на аз раддаи аввали раҳбарии давлати мо бо ишораи рӯшан, ки бачаҳо, мо фардо марзҳоямонро мебандем ва виза ҷорӣ мекунем, кофист. Ба назари ман, алакай фардояш онҳо ҳама саросар ва бо хурсандӣ Ивонов ва Петров мешаванд ва ба ёд меоранд, ки забони русиро дар замони Шӯравӣ чӣ хел хуб медонистанд.”

Радиои Озодӣ рӯзи 29 апрел аз қавли мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и Тоҷикистон хабар дод, ки аз ин ба баъд гузоштани пасвандҳои "ов"-у "ова" ва "ович"-у "овна" дар насаби шаҳрвандони кишвар расман мамнӯъ мешавад. Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раиси ЗАГС, ба Озодӣ гуфт, ки ин тасмим баъд аз ворид шудани иловаҳо ба қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гирифта шудааст. Ин санад моҳи март аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуда, ҳоло мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Аммо алакай рӯзе баъд Ҷалолиддин Раҳимов гуфт, тасмими мақомот дар мавриди пасвандҳои русӣ танҳо табиати тавсиявӣ дорад ва ҳатман ба маънои манъи комили чунин шакли номгузорӣ нест.

XS
SM
MD
LG