48 шаҳрванди Тоҷикистон, ки нияти Ҳаҷҷи Умраро доштанд ва дар роҳ ба сӯйи Арабистони Саудӣ буданд, дар шаҳри Дубай дармондаанд. Мақомоти Саудӣ рӯзи 26-уми феврал барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вуруди зоиронро ба қаламрави ин кишвар манъ карданд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, 48 зоири тоҷик, ки бо мусоидати ширкати сайёҳии “Ормон” 25-уми феврал ба роҳ баромаданд, ду рӯз боз дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор доранд.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ мегӯянд, зоирони тоҷик то имрӯз интизори тасмими ниҳоии кишвари мизбон буданд, аммо рӯзи 26-уми феврал ба онҳо гуфта шудааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, рӯзи 27- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ширкати масъул дар ин чанд рӯз зоиронро дар меҳмонхонаҳо ҷой карда, бо хӯрок таъмин мекард. Фардо ё пасфардо онҳо ба ватан баргардонида мешаванд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба эҳтимоли зиёд гурӯҳи 48-нафарӣ дар ин шабу рӯз охирин гурӯҳе мешавад, ки бо нияти адои маросими Ҳаҷҷи Умра қасди сафар ба Арабистони Саудиро карданду ба ин кишвар нарасиданд. Ба иттилои Кумитаи дин, баъди қарори Арабистони Саудӣ минбаъд ширкатҳои сайёҳии “Расул сохтмон” ва “Ормон” муваққатан аз фиристодани хоҳишмандон ба Ҳаҷҷи Умра худдорӣ хоҳанд кард.
Ширкатҳои масъул ҳам расман огоҳ карда шудаанд, ки фиристодани зоиронро ба Маккаву Мадина қатъ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 26-уми феврал эълон кард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, вуруди афрод ба ин кишвар барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ шуд.
Афшини Муқим гуфт: “Ин дастур ё маҳдудият ба ҳама кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла ба кишвари мо низ мутааллиқ аст.”
Ҳоло як гурӯҳи зоирони тоҷик дар Арабистони Саудӣ ҳастанд ва бояд ҳафтаи оянда ба кишвар баргарданд.
Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина -- ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст.
Дар Тоҷикистон тайи чанд соил ахир фақат ду ширкат, ширкати “Ормон” ва “Расул сохтмон” иҷозаи бурдани зоирон ба Ҳаҷҷи Умраро доранд. Аммо ин ширкатҳо рӯзи 27-уми феврал ҳозир нашуданд, шарҳ диҳанд, манъи мувақаттии сафар ба Арабистони Саудӣ ба кори онҳо чӣ таъсир мегузорад.
Ҳамчунин маълум нест, сарнавишти муштариёне, ки аз ин ширкатҳо роҳхати сафар гирифтаанд, чӣ мешавад. Маблағҳои онҳо баргардонида мешавад ва ё дарёфти иҷозаи вуруд ба кишвари Арабистони Саудиро интизор хоҳанд шуд.
Соли 2019 ҳудуди 3200 сокини Тоҷикистон ба Маккаву Мадина сафар дошта ва ҳаҷҷи умра кардаанд.
Бино ба оморҳои ахир шумораи гирифторони вируси нав дар ҷаҳон аз 81 ҳазор нафар бештар шудааст. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба "пандемияи имконпазир" ё гирифторшавии фарогири вирус, омода бошанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам эълон карданд, ки ҳамаи афроди бозгашта аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ба карантин фаро гирифта мешаванд. То ин вақт Тоҷикистон танҳо шаҳрвандонеро барои ду ҳафта ба назорати духтурон мефиристод, ки аз Чин бармегаштанд.