Раиси тарҳи "Манзили дастрас" барканор шуд

Маҳалли сохтмони "Манзили дастрас" дар шаҳри Душанбе

Нурулло Наимов, раиси тарҳи “Манзили дастрас”, муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз кардааст. Масъулон мегӯянд, нахустин хонаҳо то охири имсол ва бақия то охири соли 2019 ба дасти соҳибонашон хоҳад расид. Панҷ соли интизорӣ ва мушкил поён ёфт?

  • Додситонии шаҳри Душанбе ба таҳқиқи амалкарди раҳбарияти собиқи тарҳи “Манзили дастрас” оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, додситонӣ аз ҷумла бояд мушаххас кунад, ки чаро роҳбарияти пешини тарҳ пули муштариёнро гирифта, ба хазинаи корхона ворид накардааст?
Баъзе муштариҳо хонаводагӣ ба Русия кӯчидаанд. Аз онҳо низ мехоҳем, ки омада хонаашонро соҳибӣ кунанд.

“Мушкили панҷсола аз куҷо об мехӯрад?”

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ҳафтае қабл аз додситонӣ тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд. Як мақом дар ҳукумати Душанбе рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “додситонӣ тафтиш дорад, ки чаро тарҳи “Манзили дастрас” дар панҷ соли охир ба мушкил печид ва мизоҷон натавонистанд хонаҳои худро соҳиб шаванд? Инчунин, бояд дақиқ шавад, ки чаро пули муштариҳо ба хазинаи корхона ворид нагардид?”

Рустами Эмомалӣ

Ин масъули шаҳрдорӣ афзуд, феълан нисбат ба роҳбарияти собиқи “Манзили дастрас” парванда боз нашудааст ва танҳо баъди санҷиши ибтидоӣ дар ин замина тасмим гирифта мешавад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, феълан раиси тарҳи “Манзили дастрас” Нурулло Наимов муваққатӣ аз вазифа дур карда шуда, ба ҷойи ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро пеш мебарад.

Беш аз як соли дигар то анҷоми корҳои сохтмонӣ?

Додситонӣ дар ҳоле ба тафтиши тарҳи “Манзили дастрас” шуруъ мекунад, ки масъулини лоиҳа аз оғози дубораи кор дар сохтмонҳои он хабар медиҳанд. Дурахшони Ортиқ, узви Шӯрои нозирони халқи “Манзили дастрас”, рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то охири соли оянда манзилҳо ба соҳибонашон супурда мешавад.

Дурахшони Ортиқ

Ӯ афзуд, корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи даҳ бинои “Манзили дастрас” шуруъ шудааст ва онҳо аз муштариён мехоҳанд, то маблағи боқимондаро супурда, хонаҳои худро соҳиб шаванд. "Аз муштариҳо даъват кардем, ки шартномаҳоро аз нав дуруст кунанд ва ба кори сохтмончиён шинос шаванд. Мо онҳоро дилпур кардем, ки боқимондаи маблағро супоранд ва сохтмонҳо идома меёбанд. Баъзе муштариён хонаводагӣ ба Русия кӯчидаанд. Аз онҳо низ мехоҳем, ки омада хонаашонро соҳибӣ кунанд", - илова кард Дурахшони Ортиқ.

Мусоҳиби мо мегӯяд, тибқи шартномаҳои нав, се бинои “Манзили дастрас” то охири имсол ва боқимондаи он то моҳи декабри соли оянда ба мизоҷон супурда хоҳад шуд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, дар пайи як тендер пудратчиёни нав барои “Манзили дастрас” интихоб шуданд ва сохтмони биноҳоро идома медиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манбаъ: "Санҷиши харҷи пулҳои буҷет дар сохтмонҳои Душанбе ба поён расид"

“Бо умеди хонаи арзон”

Ваъдаи ба онҳо супоридани хонаҳои “Манзили дастрас”, умедвориро дар дили муштариёни ин тарҳ дубора бедор кардааст, ки то як соли дигар вориди хонаҳои худ мешаванд. Оилаи Фозил Фозилов барои гирифтани манзили якҳуҷраӣ аз “Манзили дастрас” наздики 100 ҳазор сомонӣ ё бо қурби онвақта 20 ҳазор доллар маблағ супурда буд.

Фозилов мегӯяд, “ях бастани” кори сохтмон дар панҷ соли гузашта онҳоро хеле нигарон карда буд: “Шартномаҳои навро имзо кардем ва маблағи боқимондаро бар асоси ҷадвали гуфтаашон месупорем. Чанд дафъа рафта дидем, кори сохтмон ҷараён дорад. Ваъда доданд, ки соли оянда хонаҳоро месупоранд.”

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд. Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.