Азимҷон Насимов муваққатан раиси Ҳизби коммунист шуд

Азимҷон Насимов (байн) дар лаҳзаҳои интихоби раиси нави Ҳизби коммунист дар тобистони соли 2016

Азимҷон Насимов – доктори илми иқтисод – раиси муваққати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст. Оқои Насимов 3 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки анҷумани Ҳизби коммунист тобистони имсол баргузор мешавад ва ӯ то он замон садорати ҳизбро бар ӯҳда хоҳад дошт. Азимҷон Насимов то ин дам котиби идеологии коммунистҳо буд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта, соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст.

Раҳбари собиқи Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков дар моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Талбаков ҳамагӣ моҳи июли имсол дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуда буд. Вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй доданд.

Исмоил Талбаков

Ба ҳамин минвол баъд аз 25-соли раҳбарӣ, Шодӣ Шабдолов аз раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барканор шуда ва Исмоил Талбаков ба ин симат интихоб шуд. Дар ҷараёни анҷуман ва қабл аз овоздиҳӣ, Исмоил Талбаков зимни суханрониаш иллати маҳрум мондани Ҳизби коммунист аз курсиҳои порлумон дар интихоботи моҳи марти соли 2015-ро ба камбуду заъфи раҳбарияти ҳизб марбут дониста гуфт, ҳамагӣ 2 дарсади интихобкунадагон ба тарафдорӣ аз Ҳизби комунист овоз доданд.

Ин суханони Исмоил Талбаков ба вокуниши тунди Шодӣ Шабдолов рӯ ба рӯ шуд, ки гуфт дар интихоботи порлумонии гузашта “тақаллуб” ва изофанависӣ сурат гирифта буд ва аз ин сабаб ҳизби онҳо натавонист вориди порлумон шавад.

Исмоил Талбаков то замони расидан ба мақоми раиси Ҳизби коммунист муовини аввали раиси ин ҳизб, се дафъа намояндаи Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – ва яке аз вакилони ошкоргӯ буд. Вай дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 ба ҳайси рақиби раиси ҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок карда, вале дар ҳарду навбат шикаст хӯрдааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта, соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд.