Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

99 соли инқилоб


Коммунистони тоҷик иддао доранд, ки пирӯзии Инқилоби Октябр дар соли 1917 миллате бо номи тоҷик ва кишваре бо номи Тоҷикистонро сохт. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо ҷамъе аз ҳаводорони худ рӯзи 5 ноябр аз 99-умин солгарди Инқилоби Октябр таҷлил кард.

Иттиҳоди Шӯравӣ, ки заминаҳояшро Инқилоби Октябри соли 1917 медонанд, соли 1920 комилан Бухорои Шарқиро ғасб кард ва ҳудуди Тоҷикистони имрӯзро сарзаминҳои худ эълон кард.

Ҳафтуми октябри соли 1917 гурӯҳе бо номи “болшевикон” зери раҳбарии Владимир Ленин бо барканории ҳукумати подшоҳии Русия кишвареро бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ асос гузоштанд. Иттиҳоде, ки Тоҷикистон то соли 1992 узви он буд.

Исмоил Талбаков – раиси Ҳизби коммунист – дар ҳошияи ин ҳамоиш ба Радиои Озодӣ гуфт, Инқилоби Октябр барои Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ кӯҳна ва камаҳамият нахоҳад шуд. “Баъди инқилоб Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ бо ҳудуди худаш пайдо шуд. То пайдо шудани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон аз гӯшаи қафомондаи Аморати Бухоро буд. Инқилоб оғози эҳёи давлатдории тоҷикон буд”, - афзуд ӯ.

Замони Шӯравӣ иди Инқилоби Октябр дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мешуд ва ин рӯз барои сокинон ҳамчун “оғози хушбахтиҳо ва бунёди як ҷомеаи коммунистӣ” тарғиб мегардид. Танҳо баъди касби истиқлоли Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта пажӯҳишгарон нахзустин назарҳои интиқодии худро дар ин замина баён доштанд.

Сафаралӣ Сафолов, таърихшиноси тоҷик, гуфт, дар замони пойбарҷоии Шӯравии собиқ танқид аз Инқилоби Октябр ҷиноят ба ҳисоб мерафт. Ин таърихшинос мегӯяд, дар гузашта ин андеша тарғиб мешуд, ки Шӯравӣ аморати Бухороро аз чанги амири истибдодӣ озод кардааст ва ҳуҷумаш ҳам бо дархости “болшевикон”-и кишвар сурат гирифтааст. “Аммо дар Осиёи Марказӣ ин инқилоб ҳеҷ заминаи иҷтимоӣ надошт ва русҳо Осиёи Миёнаро забт карданд ва ҳар навъе, ки хостанд, ба шеваи худ кишварҳои сунъиеро номгузорӣ ва қисмат карданд”, - таъкид кард ӯ.

Бозмуҳаммади Кофӣ
Бозмуҳаммади Кофӣ

Сафолов мегӯяд, ба дунболи пирӯзӣ болшевикон дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯз қатлҳои оммавиеро низ роҳандозӣ карданд, ки то ҳанӯз таҳқиқ нашудаанд. Куштору таъқиби рӯшанфикрон, иваз кардани хат ва ҷалби ҳазорон тоҷик ба кори маҷбуриву баъдан ҷанг “ҳосили” инқилоби 99 соли пеш дониста мешавад.

Бозмуҳаммади Кофӣ, раиси Ҳизби демократи Афғонистон дар замони ҳукумати Бабрак Кормал – ҳукумати рӯ ба Шӯравии ин кишвар, ки дар ҳамоиши коммунистони тоҷик дар Душанбе иштирок дошт, гуфт, “агар Тоҷикистон узви Шӯравӣ намебуд, ҳоло ҳеҷ тафовуте аз Афғонистони имрӯз надошт.” Ӯ афзуд, “Инқилоби Октябр низ дар соли 1919 ба Афғонистон истиқлол дод. Пирӯзии ин инқилоб мустамликадорӣ дар дунёро ба шикаст рӯ ба рӯ кард ва Афғонистон аз аввалинҳое буд, ки аз мустамликаи Бритониё озод шуд. Шӯравӣ агар аз рӯзҳои аввал мисли Тоҷикистон Афғонистонро низ ба узвияти худ мепазируфт, ҳоло мо ҳам як кишвари озоде медоштем.”

Аммо Шамсиддин Ҷалолов, раиси дафтари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Душанбе гуфт, Шӯравӣ як давлати шахсиятсоз буд, вале “дар ниҳоят бинобар зери по гузоштани арзишҳои миллӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд.”

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Тоҷикистон 70 сол узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки заминаҳояшро Инқилоби Октябри соли 1917 медонанд, соли 1920 комилан Бухорои Шарқиро ғасб кард ва ҳудуди Тоҷикистони имрӯзро сарзаминҳои худ эълон кард. Аморати Бухоро комилан аз байн рафт ва дар Осиёи Марказӣ чор кишвари дигар пайдо шуд.

Намояндагони насли нави Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи ҳукумати Шӯравӣ дар дарси таърих барояшон каму беш маълумот медиҳанд, вале дар хотир надоранд, ки дар мактаб ё донишгоҳ дар бораи Инқилоби Октябр чизе гуфта бошанд. Бо ин ҳол, коммунистони тоҷик гуфтанд, соли оянда 100-солагии Инқилоби Октябрро бошукӯҳ таҷлил хоҳанд кард ва аз ҳоло омодагии худро шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG