Баҳси Сурия ва исломҳаросӣ дар мунозираи Клинтон бо Трамп. ВИДЕО

Мунозираи дувуми Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп – ду номзади аслии интихоботи президентии Амрико – шаби якшанбе баргузор шуд. Номзадҳо дар бораи Ховари Миёна, исломҳаросӣ, видеои ҷанҷолии Трамп ва андоз баҳс карданд.

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, барномаи рақибаш Ҳилларӣ Клинтон ва раиси ҷумҳури феълии Амрико Барак Обамаро дар мавриди мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" танқид кард. Вай гуфт, "ман Башор Асадро дӯст надорам, вале алъон

Мо аз замони Ҷорҷ Вашингтон дар Амрико мусалмон доштем. Мусалмонҳои саршиносу муваффақе мисли Муҳаммад Алӣ дар кишвар доштем, ки ба тозагӣ даргузашт.
Ҳилларӣ Клинтон

Башор Асад, Русия ва Эрон дар ҳоли куштани "Давлати исломӣ” ҳастанд." Дар муқобил Ҳилларӣ Клинтон вазъияти ҳозираи Сурияро фоҷиабор донист ва гуфт, ки ҳар рӯз дар натиҷаи ҳамкории Асад бо эрониҳо дар замин ва Русия дар ҳаво фоҷиа бадтар мешавад. "Баҳонаи онҳо аз байн бурдани шӯришиён аст ва ба ин тартиб қасд доранд, ки Ҳалабро нест кунанд", - афзуд ӯ.

Клинтон дар бораи барномаи худаш гуфт, "агар ҳоло бихоҳам иқдом кунам, як минтақаи парвози мамнӯъ эҷод мекунам ва ба Русия фишор меорам, ки ба пойи музокира баргардад." Ҳилларӣ Клинтон, инчунин, гуфт, мувофиқи истифодаи нерӯи низомӣ дар Сурия нест ва афзуд, "танҳо коре, ки мо метавонем бикунем, ин аст, ки дар минтақа ҳузур дошта бошем."

Исломҳаросӣ аз ду нигоҳ

Дар бахше аз ин мунозира яке аз иштирокдорон пурсид, ки номзадҳо барои муқобила бо исломҳаросӣ чӣ кор мекунанд? Доналд Трамп гуфт, "бояд итминон ҳосил кунем, ки мусулмонҳо биёянд ва вақте чизи шубҳаоварро диданд, гузориш диҳанд."

Номзади ҷумҳурихоҳ афзуд, "террористҳои радикал дар моҷарои 11 сентябр дар Амрико ё ҳодисаҳои Порис нақш доштанд, аммо Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон ҳатто ҳозир нестанд, исми террористҳои исломии тундравро ба забон оранд."

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, "мо аз замони Ҷорҷ Вашингтон дар Амрико мусалмон доштем. Мусалмонҳои саршиносу муваффақе мисли Муҳаммад Алӣ дар кишвар доштем, ки ба тозагӣ даргузашт." Хонум Клинтон афзуд, "ончи дар мадди назар дорам ин аст, ки дар Амрико ҳар кас бо таваҷҷуҳ ба талош ва кӯшишаш бояд ҷое дошта бошад. Аммо Трамп ва дӯстонаш чунин намехоҳанд. Ин бо ормони Амрико фарқ дорад."​

Навори видео бо тарҷумаи тоҷикӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси оташини Трамп ва Клинтон дар мубоҳисаи дуюми онҳо

Ибрози шармсорӣ

Дар ин мунозира Доналд Трамп дар бораи видеои ҷанҷолии 11 соли пешаш дар бораи занон ибрози шармсорӣ кард, аммо фавран гуфт, ки "Амрико ноамн аст ва ӯ амнияти Амрикоро таъмин хоҳад кард". Ин видео рӯзи ҷумъаи гузашта тавассути рӯзномаи "Вашинтон Пост" дастраси омм шуд ва Трампро дар шароити ногувор қарор дод.

Мунозираи нахустин ва доғи Клинтон ва Трамп

Мунозираи нахустин ва доғи Клинтон ва Трамп

Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, дар як мунозираи доғи телевизионӣ рӯзи 26 сентябр дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ баҳс карданд. ​

Доналд Трамп дар он видео аз робита бо занон сухан гуфта, афзудааст, "вақте ситора ҳастӣ... ҳар кор хоҳӣ бо онҳо мекунӣ." Вай сипас аз талоши бенатиҷааш барои ҳамбистар шудан бо зани шавҳардор сухан мегӯяд. Натанҳо демократҳо, балки ҷумҳурихоҳон ин ҳарфҳои Трампро маҳкум карда, чанде аз аъзои барҷастаи ин ҳизб аз пуштибонии ӯ даст кашиданд ва пешниҳод карданд, Трамп аз идомаи сабқати интихоботӣ худро канор гирад.​

Мунозираи аввал

Мунозираи аввали Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26 сентябр дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ буд. Ин мунозира аввалин мунозираи телевизионии Доналд Трамп, миллиардери амрикоӣ буд, ки худро номзади берун аз ҳалқаҳои сиёсӣ дар Вашингтон ҷилва дода ва гуфтааст, фақат ӯ метавонад, дар ҳукумат дигаргунӣ биёрад.

Аммо Ҳилларӣ Клинтон дар ингуна мунозираҳо собиқа дорад, чун бо худи Барак Обама, раиси ҷумҳури феълии Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 ба ҳайси яке аз довталабони ин курсӣ чанд дафъа мунозира доштааст. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи 8-уми ноябр баргузор мешавад.