Чандин рӯзномаи маъруфи амрикоӣ, ки солҳо боз пуштибони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дониста мешуданд, дар як иқдоми бесобиқа тасдиқ карданд, Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби демократ дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида – аз Доналд Трамп бартарӣ дорад.
Номзади Ҳизби демократ ба Доналд Трампи 70-сола, ки миллиардер ва қаҳрамони барномаҳои телевизионӣ будааст, гуфт, "Шумо дар дунёи худ зиндагӣ мекунед".
Яке аз ин рӯзномаҳо навиштааст, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ба далели доштани иттилооти нодуруст дар мавриди ҷаҳон "як хатари возеҳ барои Амрико аст". Дар ҳоле ки рӯзномаҳои дигар Трампро ба "бегонаситезӣ, нажодпарастӣ ва занситезӣ" муттаҳам карда ва онро мухолиф бо арзишҳои миллии Амрико донистаанд.
USA Today, яке аз маъруфтарин рӯзномаҳо дар саросари Амрико низ ҳушдор дода ва навиштааст, "Доналд Трамп авомфиреби хатарнок аст". Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи моҳи ноябри Амрико, дар вокуниш ба ин матолиб дар Твиттераш навиштааст, ки "мардум, воқеан, ҳушёранд ва дигар ин рӯзномаҳоро барои хондан намегиранд".
Ин матлаби нашрияҳои маъруф баъди мунозираи аввали Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, дар рӯзи 26 сентябр чоп шудаанд. Ин мунозира яке аз се мунозираи телевизионии ду номзад буд ва ба ҳадде доғ шуд, ки рақибон гоҳе сухани якдигарро бурида, таҳқир мекарданд.
Клинтони 68-сола ахлоқи рақибашро башиддат танқид кард ва Доналд Трампро марди фиребгаре номид, ки ба қавли ӯ омода аст, барои интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур “ҳарфҳои беҷо” бизанад. Айни замон Ҳилларӣ Клинтон, номзади баҳсбарангези Ҳизби ҷумҳурихоҳро ба он муттаҳам кард, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба ҳамлаҳои кибернетикӣ ба зидди Амрико ташвиқ кардааст.
Номзади Ҳизби демократ ба Доналд Трампи 70-сола, ки миллиардер ва қаҳрамони барномаҳои телевизионӣ будааст, гуфт, "Шумо дар дунёи худ зиндагӣ мекунед".
Дар навбати худ Доналд Трамп, худро фарди берун аз ҳалқаи сиёсатмадорон дар Вашингтон номид, ки ба қавли ӯ Амрикоро заиф ва сардаргум кардаанд. Доналд Трамп Ҳилларӣ Клинтонро, ки ба ҳайси вакили мардумӣ ва дар аҳди раёсати ҷумҳурии Барак Обама ба ҳайси вазири умури хориҷӣ кор кардааст, "сиёсатмадори маъмулӣ" номид, ки ба қавли ӯ, "гап мезананду амал намекунанд ва хуб мегӯянду иҷро намекунанд."
Бахши зиёди мунозираи телевизионии ду тараф дар бораи иқтисод ва сиёсати тиҷоратӣ буд ва Доналд Трамп Ҳилларӣ Клинтонро ба он муттаҳам кард, ки ӯ аз созишномаҳои тиҷоратие тарафдорӣ кардааст, ки сабаби “аз даст рафтани ҷойҳои корӣ дар Амрико” шудаанд. Дар ин зимн Ҳилларӣ Клинтон ба имтиёзҳои Трампи сарватманд ишора кард ва гуфт, ӯ аз сиёсатҳои андозситоние тарафдорӣ мекунад, ки аз ҳисоби синфи миёна ва поинтар сарватмандтар шудани сарватмандонро дар назар дорад.
Мунозираи рӯзи 26 сентябр аввалин мунозираи телевизионии Доналд Трамп, миллиардери амрикоӣ аст, ки худро номзади берун аз ҳалқаҳои сиёсӣ дар Вашингтон ҷилва дода ва гуфтааст, фақат ӯ метавонад, дар ҳукумат дигаргунӣ биёрад. Аммо Ҳилларӣ Клинтон дар ингуна мунозираҳо собиқа дорад, чун бо худи Барак Обама, раиси ҷумҳури феълии Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 ба ҳайси яке аз довталабони ин курсӣ чанд дафъа мунозира доштааст.