Рӯзномаи "Вашингтон-Пост" навореро аз суҳбати Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президенти Амрико, нашр кард, ки вай дар он бо калимаҳои дағал дар бораи занон суҳбат мекунад. Трамп дар ин навор, аз ҷумла аз талоши бидуни натиҷаи худ барои ҳамбистар шудан бо як зани шавҳардор суҳбат кардааст. Ба гузориши "Ассошиайтед-Пресс", садои Доналд Трамп 11 сол пеш ва дар ҳошияи як барномаи телевизионӣ тасодуфан, яъне ба далели боз будани микрофон, сабт шудааст. Ин навор дар ҳоле интишор ёфт, ки қарор аст, Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон дувумин мунозираи худро рӯзи якшанбе баргузор кунанд. Ҳилларӣ Клинтон, номзад аз Ҳизби демократ дар "Твиттер"-и худ навишт, ки "мо наметавонем иҷоза диҳем, ки ин мард раиси ҷумҳур шавад".