Зоир Раҳмонзода, ки қаблан аз тарафи "Диссернет" ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд, ду ҳафта пеш бо қарори ҳукумат раиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин шуд.
Раҳмонзода то он дам вакили Маҷлиси Намояндагон ва аз он пеш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Душанбе буд. Номи ӯро рӯзи 24-уми апрел аз ҳайати Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини порлумон баровардаанд.
Аз он қабл, дар моҳи январи имсол, Қобилҷон Хушвахтзода, қаҳрамони дигари ифшогариҳои "Диссернет" аз мансаби раиси Донишгоҳи миллӣ ба мақоми президенти Академияи миллии илмҳо, ниҳоди баландтарини илмӣ дар Тоҷикистон, расид. Вай доктори илм аст.
Пойгоҳи "Диссернет", як ниҳоди мустақил, ки мавридҳои асардуздиро дар рисолаҳои олимони кишварҳои пасошӯравӣ ташхис ва натиҷаҳои онро расонаӣ мекунад, дар соли 2018 ба санҷидани рисолаҳои номзадиву доктории баъзе аз олимони тоҷик оғоз кард. Дар миёни онҳо мансабдорони баландпоя ва чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоӣ зиёд буданд.
Аз ҷумла, Асадулло Раҳмон, ёвари раисҷумҳур дар бахши кадрҳо, ки то кунун мақомашро ҳифз кардааст. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия аст. Ӯ ҳангоми ифшогариҳои "Диссернет" дар мақоми раиси ҳукумати Хатлон кор мекард. Давлаталӣ Саид низ, ки муовини сарвазир буд, мақомашро аз даст надод ва акнун раиси вилояти Хатлон аст.
Дар миёни ин чеҳраҳо Шералӣ Кабир, мудири пешини ширкати “Талко”, низ буд, ки соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нав таъин карда шуд.
Нуралӣ Собирзода, муовини собиқи вазири маориф ва илм, ҳоло муовини аввали раиси Донишгоҳи миллӣ аст. Хайрулло Мирзамонзода, муовини дигари ректори ҳамин донишгоҳ, акнун мудири Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои Тоҷикистон таъйин гаштааст.
Шукрулло Хайрзода, ки замони ба асардуздӣ муттаҳам шуданаш раиси Донишкадаи молия ва иқтисод буд, баъд муовини вазири маориф шуд ва ҳоло раёсати Донишгоҳи давлатии Данғараро ба уҳда дорад. Муъмин Шарифзода, ки дар курсии раиси Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба “чеҳраи диссернетӣ” табдил шуда буд, акнун муовини раиси ВАК-и Тоҷикистон аст. Ниҳоде, ки унвониҳои илмӣ медиҳад.
Ҳакимбек Абдуалимзода пас аз фошкориҳо раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуд. Пештар муовини раиси ин ниҳод буд. Соли 2021 пойгоҳ Убайдулло Асрорзода, раиси Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро низ ба асардуздӣ муттаҳам кард, ки то кунун дар ин мақом кор мекунад. Cаодат Ҷӯрахонзода пас аз фошкории “Диссернет” мақомашро ба унвони муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент аз даст надод.
Аз миёни ин ҳама афрод, танҳо Шоҳин Саидзода, писари раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, аз мақоми раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф барканор шуд. Аммо барканории ӯ на баъди фошкориҳои “Диссернет”, балки сарусадо дар бораи фасоди густарда дар ниҳоди зери раҳбарияш (то ҳудуди 1,8 миллион сомонӣ) расонаӣ шуд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, ҳарчанд бо талошу заҳмати зиёд солҳо пеш дар Русия рисолаи докторияшро дифоъ кард, чун фаъолиятҳои сиёсӣ дошт, то ҳанӯз муваффақ нашудааст, ки ҷойи кор пайдо кунад. Ӯ бар хилофи кишварҳои дигар, боло рафтани мақоми ин афродро ба далелҳое чун “заминаҳои ахлоқи фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоию музофотӣ” марбут донист.
“Боис ба таассуф аст, ки дар Тоҷикистони муосир бо суистифода аз мақоми иҷтимоию дигар зуҳуроти номатлуб ... дар сатҳҳои гуногуни мақомоти раҳбарикунанда водор мекунанд, ки бештар тасодуфиҳою бесалоҳиятро бо ҷаҳонбинии фавқулода маҳдуд ҳамчун сарвар таъину тасдиқ кунанд,” – афзуд ӯ.
Аз соли 2018 то кунун пойгоҳи “Диссернет” беш аз 70 олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст, ки дар ин авохир пойгоҳ хабарҳои аз унвони илмӣ маҳрум шудани бархеи онҳоро аз сӯйи шӯроҳои илмӣ низ нашр мекунад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар гузашта иддаои ин пойгоҳро “бе заминаи ҳуқуқӣ ва илмӣ" номид ва Акадамияи илмҳо ин фошкориҳоро напазируфт.
Аммо раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти 2020 дар дидор бо зиёиён аз кори “Диссернет” истиқбол кард ва гуфт, "маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.
Як сол пас, Кумисюни олии аттестатсионии Тоҷикистон эълон кард, ки мансабдорон танҳо пас аз иҷозаи расмӣ ҳақ доранд ба кори илмӣ машғул шаванд. Аммо пас аз ин ҳам назари ҳукумат ба “чеҳраҳои диссернетӣ” дигар нашуд. Як таҳқиқи кӯтоҳи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Тоҷикистон ба унвони илмии ҳеч кадоме аз ин чеҳраҳо шубҳа накарда ва, баръакс, ҷойгоҳи иҷтимоии онҳо беҳтар шудааст.