Кумисюни олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Русия ба хабарҳо дар бораи асардуздии чанде аз олимони тоҷик рӯшанӣ андохт. ВАК-и Русия дар як номаи ҷавобӣ рӯзи 4-уми апрел ба раҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, фошкориҳои ахири созмони “Диссернет” ба онҳо рабт надорад ва ҳукми ниҳоӣ нисбат ба олимони тоҷик нест.
Рисолаҳои илмӣ аз “ғалбер”- и зиёд мегузарад. Пас аз чанд сол онро плагиат бароварданд, ки шубҳаовар астЛутфия Раҷабова
Тайи ду ҳафтаи охир пойгоҳи “Диссернет” тақрибан 10 олими тоҷикро ба асардуздӣ ё плагиат муттаҳам кард. Дар миёни онҳо Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ва Шоҳин Саид, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон низ ҳастанд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ радду бадали нома миёни ӯ ва мақомоти ВАК-и Русияро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, барои мушаххас кардани ҷузъиёти хабарҳо дар бораи асардуздии баъзе олимони тоҷик ба мақомоти Русия муроҷиат карда буд.
Вакил: Кори “Диссернет” шубҳаовар аст
Бо гузашти тақрибан ним моҳ аз пахши хабар дар бораи ифшои гӯиё асардуздӣ дар рисолаҳои бархе олимони тоҷик мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати маориф, чизе нагуфтаанд. Аммо Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони порлумон, ин фошкориҳоро зери суол бурд.
Ӯ рӯзи 5-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "гап дар бораи рисолаҳои илмие меравад, ки солҳои пеш ҳимоя ва соҳибонашон алакай соҳиби унвони илмӣ шудаанд. Раванди додани унвони илмӣ хеле дурудароз аст. Рисолаҳои илмӣ аз “ғалбер”- и зиёд мегузарад. Пас аз чанд сол онро плагиат бароварданд, ки шубҳаовар аст."
Акбари Турсон: “Бозори рисолахарӣ тасфидааст”
Баҳси ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои доғ дар ду соли охир ба ҳисоб меравад. Бахусус пас аз онки Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар соли 2016 аз ҳимояи рисолаҳои илмии зиёд дар Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард, дубора баҳси то куҷо илмӣ будани таълифоти муҳаққиқони тоҷик сари забонҳо шуд.
Медведев дар тирамоҳи он сол гуфта буд, танҳо дар соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст, ки суолбарангез аст. Коршиносон бо муқоиса аз теъдоди дорандагони унвони илмӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва пас аз он мегӯянд, ба якборагӣ зиёд шудани теъдоди соҳибунвонҳо шубҳаовар аст. Бархе дигар аз таҳлилгарони тоҷик аз вуҷуди “тиҷорат”-и унвонҳои илмӣ дар кишвар суҳбат мекунанд.
Аз ҷумла, Акбари Турсон, академики тоҷик мегӯяд, дар кишвар ҳоло “бизнеси илм” арзи вуҷуд кардааст. Ба қавли ин академики тоҷик, “бозори сиёҳи рисоланависонӣ ва диссертатсияхарӣ кайҳо тафсида. Олимонеро медонам, ки корашон таҳрири илмӣ ё забонии рисолаҳои номзадию доктории хому хатилаи олимшавандагон мебошад. Инҳо зуҳуроти падидаи куллитаре мебошанд, ки ман онро "коррупсияи маънавӣ" унвон мекунам.”
Гирифтани унвони илмӣ “муд” шудааст?
Дар умум таҳлилгарон мегӯянд, унвони илмӣ доштан дар Тоҷикистон ба “муд” табдил ёфта, бархе бо ҳар роҳ талош карданд то соҳиби мартабаи илмӣ шаванд. Даги Дагиев, доктори улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Лондон мегӯяд, асардуздӣ яке аз соддатарин воситаест, ки ба осонӣ ба ин ҳадаф ноил мегарданд.
Ба қавли Дагиев, "ингуна ашхос на ба хотири муҳаббат ба илм ва ё ишқ ба омӯхтану офаридан олим мешаванд. Ҳадафшон аз ибтидо мушаххас ва воқеист, яъне ба ин тартиб дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанду соҳиби иззату эҳтиром бошанд. Бинобар ин, асардуздӣ яке аз саҳлтарин воситаест, ки ингуна ашхос бе заҳмату машаққати дарс омӯхтан ва андешаву тафаккур ба мурод мерасанд."
Аммо бархе коршиносон ва онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд, мегӯянд, мушкили аслии ба унвони илмӣ даст ёфтани шахсони тасодуфӣ дар он мебошад, ки раванди дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон осон аст. Қаблан Оймаҳмад Раҳмонов, донишманди тоҷики муқими Лаҳистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба фарқ аз кишварҳои мутараққӣ гирифтани унвони илмӣ дар Тоҷикистон осонтар аст.
“Вақте мехоҳед дар Аврупо ҳуҷҷатҳои худро барои гирифтани унвони илмӣ супоред, бояд дар маҷаллаҳои умумиҷаҳонӣ аз панҷ то ҳашт мақола дошта бошед. Муҳаққиқ бояд забони англисиро хуб балад бошад ва донад, ки дар дунёи илм чӣ мегузарад. Дар қиёс ба Тоҷикистон остонае, ки мо дар инҷо дорем, гузаштан мушкил аст", - афзуд ӯ.
Сайёраи хурди Қоҳирова
Огоҳон мегӯянд, бо вуҷуди гоҳо сар задани баҳсҳо дар заминаи ҳуқуқи муаллиф ва плагиат, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон бархе донишмандони тоҷик тавонистанд дар пешбурди илм ва ҳам муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми ҷиддӣ гузоранд.
Аз ҷумла, таҳқиқоти нуҷумшиносии Гулчеҳра Қоҳирова дар солҳои 2000-ум натиҷа дод ва Иттиҳоди ҷаҳонии астрономӣ сайёраи хурди кашфкардаи донишманди тоҷикро "Kokhirova" ном гузошт. Муҳаққиқи улуми кимиё Биҳамида Маҳкамова барои эҷоди маҳлули гиёҳии “Фитосуман” дар як озмуни бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ дар миёни 400 донишманд қадрдонӣ шуд.
Соли 2015 олимони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон роҳи ташхиси хромосомаи филоделфӣ - ангезандаи саратони хунро кашф карданд, ки ба беморон имкон медиҳад, ба табобати ройгон даст ёбанд.